Пайвандҳои дастрасӣ

Бо гузашти 20 сол аз замони баргузории Иҷлосияи 16-ум ҳанӯз касе ҷуръат намекунад, дар ин бора ошкоро сӯҳбат намояд.

Чаро пас аз парчамбӯсиҳо дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон ва бо хӯрдани оши оштӣ дар ин сессия, Тоҷикистон то 5 соли дигар дар ҷанги шарвандӣ боқӣ монд? Оё ин Иҷлосияе, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба қудрат расонд ва имрӯз онро «тақдирсоз»-у «наҷотбахш» ном мебаранд, метавонист кишварро ба сулҳ бирасонад?

Ба қавли ширкатдорони Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ ва таърихшиносону таҳлилгарон, бо вуҷуди 20-соле, ки аз баргузории ин сессияи ба истилоҳ "тақдирсоз" мегузарад, аммо ҳанӯз ҳам посух додан ба ин суол барвақт аст.

Талбак Назаров

Талбак Назаров

Академик Талбак Назаров, вазири пешини умури хориҷии Тоҷикистон, пас аз Симпозиуме, ки рӯзи ҷумъа (9-уми ноябр) бахшида ба 20-солагии Иҷлосияи 16-ум дар толори Академияи илмҳои Тоҷикистон баргузор карда шуд, гуфт, ҳеҷ имкон надошт, ин Иҷлосия ба ҳамаи мухолифатҳое, ки миёни гурӯҳҳо ва вазифахоҳону маҳалбозон вуҷуд дошт, нуқта гузорад: "Дар онҷо қувваҳое буданд, ки намехостанд, куллан оромӣ шавад. Зеро ин қувваҳо мехостанд, бо истифода аз идомаи нооромӣ барои худ фоида гиранд. Он ашхосу гурӯҳҳое, ки кишварро тороҷ карданд ва хонаҳои мардумро тороҷ карданд, мехостанд, ки вазъ ҳамчунон печида боқӣ монад. Барои ҳамин ҳам, пас аз иҷлосия дар Тоҷикистон ҷанг идома кард."

Ба қавли Талбак Назаров, кишварҳое низ буданд, ки барои идомаи нооромӣ дар Тоҷикистон манфиатдор буданд ва мустақиман таъсир мерасонданд. Аммо Талбак Назаров мушаххасан аз ягон кишвар ном набурд.

Вақте аз тариқи телевизони ҷумҳурӣ лаҳзаи мусолиҳаи гурӯҳҳоро нишон медоданд, ки фармондеҳони ба истилоҳ саҳроӣ ва раиси навинтихобшудаи Шӯрои олӣ Эмомалӣ Раҳмон парчами миллиро мебӯсиданд ва гузашта аз ин дар Хуҷанд ба таври рамзӣ як оши оштӣ ҳам доданд, дар дили мардум як шӯълаи умед пайдо шуд ва ҳама ба ин фикр буданд, ки дигар ҷанг дар кишвар хотима ёфт. Аммо ғайринитизор вақте ки ҳукумати ҷадид ё нав ба Душанбе омад, ҷанги шаҳрвандӣ алангаи бештар гирифт ва боз 5 соли дигар давом кард.


Яъне, Иҷлосияи 16-ум ҳукуматро дигар кард, вале ба ҳадафи асосиаш, ки поён додан ба хунрезиҳо буд, ноил нашуд. Ғаффор Ашӯров, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, мегӯяд, ки ҳоло посухи кушоду рӯшан додан ба ин суол вақт мехоҳад, зеро ба қавли ӯ ҳанӯз ҷомеа барои шунидану таҳлили ин ҳама омода нест: "Чӣ хел, оши оштиро хӯрдеду ин ҷо омадед, ҷанг авҷ гирифт? Ин саволи беҷавоб аст. Ин таърифу тавсифҳое, ки имрӯз шуда истодааст, дертар он қадар ба таъриф намеарзидагӣ мешаванд. Медонед, дар давраи Шӯравӣ дар остонаи 7-уми ноябр инқилоби октябрро таърихӣ, сарнавиштсоз, тақдирсози ҳамаи масъалаҳо мешумориданд. Баъд маълум шуд, ки ин тавр набудааст ва барои ҳамин аз байн рафт. Яъне, аз ҳад зиёд дурӯғ гуфтан ҳам даркор нест."



Ба гуфтаи соҳибназарон, аксар суханрониҳо дар Симпозиуми Академияи улуми Тоҷикистон пур аз ситоишу болобардорӣ буд ва таҳлилҳои амиқу баррасиҳои ҷиддии воқеияти сиёсии солҳои 90-уми қарни гузашта дар ин ҳамоиш камтар садо дод.

Чунин ба назар мерасад, ки маъракаҳои марбут ба солгарди 20-уми иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар асл ба як таҷлили густарда аз 20-солагии раёсати Эмомалӣ Раҳмон табдил ёфтаанд. Тамоми ин ҳаводис, чӣ дар филмҳои мустанаде, ки ин шабу рӯз дар телевизионҳои давлатӣ нашр мешаванд ва чӣ дар ин ҳамоиши илмӣ, дар атрофи номи як нафар - Эмомалӣ Раҳмон - давр мезанад. Аммо гуфта намешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон чӣ гуна ва бо кадом шева раиси Шӯрои олӣ интихоб шуд, кадом гурӯҳҳо ба пирӯзии ӯ мусоидат намуданд, оё афроди дигаре, ки номзад ба ин вазифа буданд, киҳо буданд ва боз даҳҳо суолҳои дигар, ки беҷавоб мондаанд ва ҳатто пас аз 20 соли Иҷлосияи 16-ум касе ҷуръат намекунад, дар ин бора ошкоро сӯҳбат намояд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG