Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон сайри сиёсиву иқтисодии давлати зери раҳбариаш дар ду даҳаи мустақилиятро шарҳ дод.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ишора кард, ки тақрибан тамоми дастовардҳои истиқлолияти кишвар ба даврони ҳукуматдории ӯ марбут мебошад, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар соли 1992 ба ҳайси раиси ин Шӯро ба қудрат расида буд.
Ҳар нафаре, ки масъулияти ҳукуматро бар дӯш гирифтааст, бояд кор кунад ва ҳар каси дигар ҳам мебуд барои пешрафти кишвар талош мекард ва шояд бештар кор мекард...


Ӯ пешрафтҳои иқтисодии ҷумҳурӣ, хусусан дастовардҳои фаннию иҷтимоӣ, ба монанди дастрасии густарда ба телефонҳои мобилӣ ва соҳиби бештари автомобил шудани сокинони кишварро аз иқдомҳои назарраси ҳукумати худ унвон дод. Аммо Эмомали Раҳмон гуфт, ин далелҳоро барои ситоиш намегӯяд: "Якчанд мисолҳо меорам барои муқоисаи Шумо, аммо барои худтаърифкунӣ не. Дар куҷо будем ва ҳоло дар куҷо қарор дорем. Дар 70 соли замони Шӯравӣ ба Тоҷикистон ҳамагӣ 73 ҳазор мошини сабукрав ворид шуда буд, ҳоло ҳар сол ба ҳисоби миёна 70 ҳазор мошини сабукрав ворид мешавад. Дар даҳ соли ахир қариб 500 ҳазор
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

мошини сабукрав ворид шудааст. Агар қаблан дар мамлакат 300 ҳазор муштариён аз сими телефон истифода мекарданд, ҳоло наздики 6 миллион аҳолии кишвар бо телефонҳои мобилӣ сӯҳбат мекунанд."

Дар ҷараёни ин сӯҳбаташ, ки дар «Кохи Борбад»-и Душанбе баргузор шуд, раисиҷумҳури Тоҷикистон даврони истиқлолияти кишварро ба замони Шӯравӣ муқоиса намуда, Тоҷикистони имрӯзро афзалтар аз марҳилаи зиндагии иҷтимоии мардум дар Иттиҳоди Шӯравӣ донист. Иқтисоддон Давлатмурод Ҷумъаев ин суханрониро шунидааст ва мегӯяд, ки ба сурати умум ин суханронӣ як нутқи ҷашнӣ буд ва дар ин рӯзҳо танҳо дар бораи афзалиятҳо сӯҳбат карда мешавад, на чизе бештар аз он: "Президент ҳамаи масъалаҳоро таъкид мекард ва гоҳҳо ба марзи худтаърифкунӣ меомад, вале мустақим ва махсус намегуфт, ки ин ва ё онро ман кардаам. Лекин ҳама медонад, имрӯз мо бисёр проблема дорем, ки баъзеи онҳо ҳанӯз ҳам ҳалли худро наёфтаанд ва бисёр масъалаҳои рӯзмаррае ҳастанд, ки бояд маҳз ҳамин ҳоло баррасӣ шаванд. Дар бораи ин масъалаҳо аслан чизе гуфта нашуд ва медонед, ки дар ин рӯзҳои ҷашн танҳо аз дастовардҳо ёд мешавад."





"АГАР ПУЛ НАБОШАД, АЗ КУҶО ХОНА МЕСОЗАНД?"

Ҷаноби Раҳмон вақте роҷеъ ба вазъи зиндагии мардум суҳбат мекард гуфт, "агар пул набошад, мошин аз куҷо меояд? Агар пул набошад, аз куҷо хона месозанд?" Вай беҳбудии зиндагии мардумро ба ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ ва истиқлоли кишвар марбут донист.

Президент Раҳмон таъкид кард, ки дар зарфи 20 сол дар Тоҷикистон 1 ҳазору 700 километр роҳи иртиботӣ ва 17 туннел (нақб) бунёд шуд ва ин кишвар ба як қаламрави воҳид табдил ёфт. Ҳоло дар тамоми фаслҳои сол ҳаракат ба ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон сурат гирифтааст ва кишвар то ба ҳадде аз бунбасти коммуникатсионӣ (иртибототӣ) раҳо ёфтааст.

"ҲАР КАСИ ДИГАР ҲАМ МЕБУД, КОР МЕКАРД..."

Вақте ки шабакаҳои телевизони кишвар ба таври мустақим суханронии раисиҷумҳурро пахш мекарданд, он чизе, ки ҷолибтар ба назар мерасид, ин буд, ки ба фарқ аз кафкӯбиҳои пешин ба истиқболи ҷумлаҳои президент, акнун аҳли толор зуд-зуд аз ҷой мехестанду бо чеҳраҳои пуртабассум кафкӯбӣ мекарданд. Мӯътабар Ғаффорзода, раиси созмони ғайридавлатии «Оштии миллӣ» мегӯяд, дар ин суханронӣ интизор дошт, ки раисиҷумҳур доир ба ояндабинии кишвар низ ҳарфҳо ва ишораҳое мекард, аммо чизе гуфта нашуд.

Ӯ афзуд: "Албатта, мехостам бифаҳмам, ки оё дар баробари пешрафтҳо дурнамои ҳалли масъалаи ҷиддии ҷомеа низ ишора мешавад ё на. Имрӯз беш аз як миллион муҳоҷири корӣ дар Русия ба кори сиёҳ машғуланд. Бо сарнавишти онҳо чӣ бояд кард? Чӣ гуна ин масъаларо мешавад танзим кард? Ин ки вазъи имрӯзро бо даврони Шӯравӣ қиёс карда мешавад, чандон дуруст нест. Давраи Шӯравӣ комилан вазъу шароити дигар дошт ва ҳамаи кишварҳои он ба ҳамин ҳол гирифтор буданд. Дигар ин ки ҳар нафаре, ки масъулияти ҳукуматро бар дӯш гирифтааст, бояд кор кунад ва ҳар каси дигар ҳам мебуд барои пешрафти кишвар талош мекард ва шояд бештар кор мекард."

АЗ ИСМОИЛИ СОМОНӢ ТО САРАЗМ


Эмомалӣ Раҳмон ба фарқ аз суханрониҳои пешин дар ин сӯҳбати худ дар бораи мақоми мусулмонону дини мубини ислом дар кишвар ва роҷеъ ба тундгароии мазҳабӣ сӯҳбат накард. Вай бештар дар ҷумлаҳои худ аз ғурури ориёӣ, нажоди ориёӣ ёдовар шуда ва мардумро барои эҳтиром гузоштан ба фарҳанги асили тоҷикон даъват мекард.

Бузургдошти чеҳраҳои маъруфе чун Исмоили Сомонӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Румӣ ва Имоми Аъзам ва ворид шудани ёдгориҳои Саразм ба феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангии ЮНЕСКО ва ҷашни байналмилалӣ эълом шудани Наврӯзи Аҷам аз дастовардҳои дигари Тоҷикистон дар замони истиқлол баршумурда шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG