Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи парвандаи латукӯби Самандар Ҷалолзода шурӯъ шуд


Додситонии вилояти Суғд дар мавриди латту куби як ҷавони 22-солаи сокини Панҷакент Самандар Ҷалолзода аз ҷониби кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ин шаҳри Панҷакент Арбобов Мустафо додарзодаи додситони вилояти Бадахшон Мухаммад Арбобов ва дуввумӣ Илҳом Қосимовро мавриди баррасӣ қарор додааст

Нигора Раҳмонова, модари Самандар Ҷалолзода имруз 11 декабр ба радиои Озодӣ гуфт, ки Додситонии вилоти Суғд тафтиши ҳодисаи латту куби фарзандаш аз тарафи кормандони милисаро оғоз кардааст.

Вай гуфт, ки Самандар феълан дар дар беморхонаи вилоятӣ бистарӣ аст, ва ташхиси пизишкҳо нишон дод,ки ки сар, гурдаҳо ва пойҳои ин ҷавон бар асари лату куб осеб дидаанд.

Зимнан ҷаноби Қувватзода муфатиши додситонии вилояти Суғд дар суҳбат ба Озодӣ гуфт, ки ҳодисаи барафторӣ дар нисбати сокини ноҳияи Панҷакент Самандар Ҷалолзодаро таҳқиқ дорад ва ҷузъиёти онро баъдтар шарҳ хоҳад дод.

“Самандар дар беморхона ба пизишкҳо гуфтааст,ки ду корманди милисаи Шуъбаи корҳои дохилии ноҳия уро бо боклашкаи пури об ба сару шикаму тахтапушташ задаанд,ки доғи сиёҳ дар баданаш намонад ва агар онҳоро ру ба ру кунад ҳатман мешиносад” мегуяд модари Самандар

Модари Самандар меафзояд, ки фарзанди уро ду корманди милисаи ШКД Панҷакент , ки насаби якеаш Арбобов Мустафо додарзодаи додситони вилояти Бадахшон Мухаммад Арбобов ва дуввумӣ Илҳом Қосимов бераҳмона латту куб кардаанд маъюбаш кардаанд.

Нигора Раҳмонова, модари Самандар меафзояд то замоне,ки кормандони милиса ҷазои сазовори худро набинанд аз роҳаш боз намеистад вай афзуд,ки дируз ба Дастгоҳи президенти кишвар низ аз ин ҳодиса нома навиштааст.

Самандар Ҷалолзодаро тавре наздиконаш мегуянд, соати 10-и шаби рӯзи 4-уми декабр ду корманди милиса аз дохили мошини сабукраваш берун кашида, ба бинои шӯъбаи корҳои дохилӣ бурда латту кубаш кардаанд,ки аз рузи 5 декабр то кунун дар беморхона вилоятӣ бистарӣ аст

Самандар Ҷалолзода, 22 сол дошта, аслан дар бозори “Гулистон”-и Панҷакент ба тиҷорат машғул будааст.

XS
SM
MD
LG