Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қарори Саудӣ дар бораи гирифтани фақат 5 литр оби "Зам-зам"


Дар номаи Арабистони Саудӣ, ки дастраси мо шуд, гуфта шудааст, "интиқоли оби "Зам-зам" манъ карда мешавад, ба ҷуз 5 литре, ки ҳар иштирокчии мавсими Ҳаҷ-2014 ҳаққи бурдани онро дорад.”

Номаи Арабистони Саудӣ ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ки ҳаҷми интиқоли оби “Зам-зам” аз ин кишвар ба хориҷро маҳдуд мекунад ва вокунишҳои зиёди ҳоҷиёни тоҷикро низ дар пай дошт, дастраси Радиои Озодӣ гардид. Дар ин нома қарори 25-саҳифаии Идораи кулли ҳавопаймоии Арабистони Саудӣ оварда шудааст, ки рӯзи 21 июли соли ҷорӣ содир гардида, дастурамали интиқоли иштирокдорони “Мавсими Ҳаҷ-2014” тариқи роҳи ҳавоиро муайян мекунад.

Мақомоти Саудӣ бо содир кардани қарори мазкур содироти миқдори зиёди оби “Зам-зам” аз ин кишвар ба берунро ба ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷию дохилӣ дар мавсими “Ҳаҷ-2014” манъ карда, гуфтаанд, танҳо барои ҳар як зоир интиқоли 5 литр об иҷоза дода мешавад. “Интиқоли оби "Зам-зам" новобаста аз ҳаҷм ва ба ҳар навъе набошад, барои тамоми ширкатҳои ҳавопаймоии дохилию хориҷӣ манъ карда мешавад, ба ҷуз 5 литре, ки ҳар иштирокчии мавсими Ҳаҷ-2014 ҳаққи бурдани онро дорад”,-омадааст дар қарори Идораи кулли ҳавопаймоии Арабистони Саудӣ.

Аммо дар ин номаи Идораи кулли ҳавопаймоии Арабистони Саудӣ ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар мавриди сабаби маҳдуд кардани содироти оби "Зам-зам" чизе гуфта нашудааст.

Норозигии ҳоҷиёни тоҷик

Нусхаи номаи Саудӣ

Нусхаи номаи Саудӣ

Таъкиди ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар бораи бо худ гирифтани ҳамагӣ 5 литр оби “Зам-зам” ҳоҷиёни тоҷикро, ки дар роҳи бозгашт ба Ватан ва дидор бо наздикону дӯстони худанд, сахт нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, оби “Зам-зам” ягона тӯҳфаест, ки ҳамаи хешовандону ҳамсоягон бо ният онро интизоранд ва 5 литр барояшон кофӣ нест. Дар гузашта ҳоҷиёни тоҷик барои бо худ гирифтани даҳ литр оби “Зам-зам” иҷоза доштаанд.

Абдусамад Ғайратов, ҳоҷии тоҷик, ки ҳоло дар Арабистони Саудӣ қарор дорад, бо ирсоли нома ба торнамои Радиои Озодӣ дар ин бора хабар дод. Ӯ дар номаи худ навишт, ширкати “Сомон Эйр” ба ҳоҷиён таъкид кардааст, ҳар нафаре ки бештар аз 5 литр оби “Зам-зам” мехоҳад, метавонад, аз фурӯшгоҳҳои Душанбе харидорӣ кунад. Ғайратов мегӯяд, ширкати “Сомон Эйр” қабл аз сафари зоирон ба Ҳаҷ гуфта будааст, ҳар нафар метавонад, аз он тараф бо худ даҳ литр об биёрад ва ҳоло аз ин қавлаш гашта.

Дар фурӯшгоҳҳои Душанбе як литр оби “Зам-зам” то 50 сомонӣ арзиш дорад, аммо ҳоҷиён мегӯянд, ба“Зам-зам” будани обе, ки дар Душанбе бо чунин тамға фурӯхта мешавад, шубҳа доранд ва онҳо ба обе, ки бо дасти худ меоранд, бартарӣ медиҳанд.

Шарҳи "Сомон Эйр"

Мадина Қурбонова, сухангӯи ширкати “Сомон Эйр” дар шарҳи ин тасмим ба Радиои Озодӣ гуфт, ин қарор дар пайи як мактуби ҳукумати Арабистонӣ Саудӣ гирифта шудааст, ки дигар набояд як ҳоҷӣ бештар аз 5 литр оби “Зам-зам”-ро бо худ ба кишвараш бибарад. Ӯ гуфт: “Мо ҳоло мактубе аз ҷониби Вазорати ҳаҷи Арабистони Саудӣ рӯи даст дорем, ки бар асоси он овардани об аз 5 литр бештарро манъ мекунад. Мо пештар ройгон то даҳ литр обро иҷоза медодем, аммо чун мактуб гирифтем, бояд бо он амал кунем. Аммо ҳоҷиёни тоҷик ба ғайри 5 литр об метавонанд то 20 килограм бо худ дигар навъ тӯҳфа бигиранд. Ин имтиёзест, ки ширкати мо бо фурӯхтани як чипта ба ҳоҷиён додааст.” Намояндаи ин ширкат мегӯяд, бо ирсоли ин мактуб Арабистони Саудӣ шарҳ надодааст, ки чаро овардани оби “Зам-зам”-ро маҳдуд кардааст.

Дар Тоҷикистон маъмулан расме роиҷ шудааст, ки баробари бозгашти ҳоҷӣ аз сафари ҳаҷ хешу табор, ёру дӯст ва ҳаққу ҳамсоя ба зиёрати ӯ меоянд ва ҳамзамон интизор доранд, ки ҳоҷӣ ба онҳо оби “Зам-зам” медиҳад. Саидҳомид Асоев, як ҷавони тоҷик мегӯяд, нӯшидани оби “Зам-зам” орзуи ҳар як мусалмон аст: “Якум, ки мо сиҳату саломат баргаштанашонро мехоҳем. Баъдан, ҳар як ҳоҷӣ худаш барои онҳое, ки пас аз бозгашт наздаш меоянд, оби Зам-зам пешниҳод мекунад. Ҳар як мусалмон орзу мекунад, ки аз ин оби муқаддас бинӯшад. Чун ҳар кас тавони ба ҳаҷ рафтан надорад, кӯшиш мекунад, ки ақалан оби Зам-замро аз дастие ҳоҷие бинӯшад.”

Оби "Зам-зам"-у тасбеҳ...

Олимхон Қорихонов, як сокини 64-солаи шаҳри Конибодом, ки маросими ҳаҷро соли гузашта ба ҷо оварда буд, мегӯяд, бо худ бештар аз 10 литр оби “Зам-зам” оварда буд, аммо на ба ҳама наздикон ин тӯҳфаро дарёфт карданд: “Талабгорон хеле зиёд буданд. Мо ҳар касе омаду хост, барояш додем, лекин на ба ҳама расид. Дӯстоне буданд, ки аз мо норизо шуданд, ки барояшон оби Зам-зам надодем. Ҳар касе меомад, ҳатман мехост, аз ин оби муқаддас бинӯшанд.”

Дар баробари оби “Зам-зам” ҳоҷиён ҳамчунин ҷойнамоз, тоқиву тасбеҳ ва бархеҳо ҳатто маводи косметикӣ ҳам тӯҳфа меоранд, ки шарҳрвандон ҳар яки онро ҳамчун тӯҳфае аз Хонаи Худо азиз медоранд.

Домулло Холмурод, як рӯҳонии тоҷик мегӯяд, ба он хотир сокинон иштиёқи бесобиқае барои нӯшидани оби “Зам-зам” доранд, ки мусалмонон ин обро шифобахшу муқаддас медонанд: “Дар ҳадисҳои саҳеҳ аз қавли паёмбари Худо(с) ин об шифобахш ва оби раҳмат хонда шудааст. Ин аз мӯъҷизаест, ки Худованд ба ҳазрати Исмоил (р) дода буд. Сифатҳои зиёде дар мавриди оби Зам-зам аст, ки ҳамагӣ аз ин оби муқаддас тавсия кардаанд. ”

Зам-зам, оби чоҳест, ки дар назди масҷиди Ал-Ҳароми шаҳри Маккаи Арбастони Саудӣ, ки бар пояи достонҳои исломӣ, оби ин чашма замоне пайдо шуд, ки ҳазрати Иброҳи бо фарзандаш Исмоил ва ҳамсараш Ҳоҷар дар биёбон ташна мемонанд. Замоне, ки зану шавҳар барои тифлашон ба ҷустуҷӯи об мераванд, ҳангоми бозгашт мебинанд, ки Худованд, барои шикасти ташнагии ин тифл ин чашмаро офаридааст. Ин қиссаи исломӣ то ҳанӯз миллионҳо мусалмонро дар саросари дунё ташнаи оби Зам-зам кардааст, ки ҳар яке орзуи нӯшидани онро доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG