Пайвандҳои дастрасӣ

Овозхони шинохтаи тоҷик Шабнами Сурайё дар саҳифаи расмиаш дар шабакаи Фейсбук аксҳо ва видеои наве аз ҷараёни адои Ҳаҷҷи умраи ӯву хоҳари низ овозхонаш Фарзонаи Хуршедро нашр кардааст.

Рӯзи 24 июл дар саҳифаи расмии овозхони маъруфи тоҷик Шабнами Сурайё аксҳо ва як видеои нав аз ҷараёни адои Ҳаҷҷи умраи ӯву аҳли хонаводааш нашр шуд. Дар ин аксҳо ва ин ин навор Шабнаму хоҳаронаш бори аввал эҳром дар тан намудор мешаванд. Дар аксҳои қаблӣ онҳо ҳиҷоб доштанд, вале ҳанӯз эҳром ба тан накарда буданд.

Дар навори видеоие, ки рӯзи 24 июл дар саҳифаи расмии Шабнами Сурайё нашр шуд, лаҳзаи тавофи санги Каъба аз тарафи хоҳари низ овозхонаш Фарзонаи Хуршед дар Макка гирифта шудааст. Дар ин навор, ки зоҳиран бо телефони мобил сабт шудааст, лаҳзае дида мешавад, ки Фарзонаи Хуршед ҳангоми тавофи санги Каъба даст ба рӯ мекашад. Тӯли видео чандон зиёд нест, вале ин 15 сония видео аз ҷараёни Ҳаҷҷи умраи ин ду ситораи эстрадаи тоҷикро дар зарфи ҳамагӣ 22 соати аввал аз лаҳзаи нашраш алакай 599 нафар дар Фейсбук писандидаву 61 нафара зераш шарҳ навиштаанд ва 56 нафар ин наворро ба истилоҳ “шейр”, яъне ба дигарон паҳн кардаанд.

Видеои тавофи санги Каъба кардани Фарзонаи Хуршед

https://www.facebook.com/photo.php?v=661743743893765&set=vb.321945341206942&type=2&theater

Шабнами Сурайё ҳангоми пӯшидани эҳром

Шабнами Сурайё ҳангоми пӯшидани эҳром

Вокунишҳо ба ин аксу наворгузории Шабнаму Фарзона аз ҷараёни Ҳаҷ вале мухталиф аст. Садам Ҳамидзода, барои мисол, дар пои акси лаҳзаи эҳром пӯшидани Шабнам навиштааст: “Нафаҳмидам, шумо Ҳаҷ суратгирӣ рафтед?” Аҳмад Неъматов низ бо тарафдорӣ аз Садам навиштааст, ки “онҳое ки онҷо барои маънавиёт мераванд, бо худ iPhonе намебаранд.”

Ҳаҷҷи умра, ё Ҳаҷҷи хурд, маросими зиёрат аз Маккаву Мадина аст, ки ба фарқ аз Ҳаҷҷи асосӣ ба зоирон мақоми Ҳоҷиро намедиҳад. Ҳаҷҷи умра ҳамин тавр, ба фарқ аз Ҳаҷҷи акбар, ки дар арафаи иди Қурбон анҷом мешавад, метавонад дар ҳар мавсими дигари сол сурат бигирад. Вале зоирон аз Тоҷикистон маъмулан дар рӯзҳои моҳи Рамазон барои адои Ҳаҷҷи умра ба Арабистони Саудӣ сафар мекунанд.

Сафари овозхонҳои шинохта Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед ба Ҳаҷҷи умра ҳамроҳ бо хоҳари дигари онҳо Бибирӯзигул, ки алакай ду дафъаи дигар ҳам зиёрати Хонаи Худо рафта будааст, ва духтари Шабнам – Шарифамоҳ - дар сомонаи Озодӣ низ яке аз мавзӯҳои пурбаҳстарин боқӣ мемонад. Бисёриҳо ба инки онҳо баъди бозгашт аз саҳна даст бикашанд, бовар надоранд. Вале бархе дигар бо ишора ба намунаи овозхони дигари тоҷик Маликаи Саидзод, ки баъди сафари Ҳаҷ овозхониро бас кард, мегӯянд, агар Худо дар дилашон биандозаду ҳидояташон кунад, боз кӣ медонад, ки чӣ хоҳад шуд?

Сурайё Қосимова, овозхони маъруф ва модари Шабнаму Фарзона рӯзи 22 июл дар сӯҳбат бо Озодӣ дар шарҳи сафари се духтару наберааш ба Ҳаҷ гуфт, сафари Ҳаҷ ба фарзандони ӯ ҳатман таъсир хоҳад гузошт ва Шабнаму Фарзона яқинан баъди ин сафар хеле чизҳоеро дар зиндагиашон, аз ҷумла дар шеваи либоспӯшӣ то ҷое тағйир хоҳанд дод. Ӯ меафзояд, қабл аз зиёрати Хонаи Худо, ки орзуи духтаронаш буд, онҳо ба хулосае омадаанд, ки баъди бозгашт рӯсарӣ хоҳанд дошт, аммо аз саҳна дур нахоҳанд шуд. Модари Шабнаму Фарзона мегӯяд, овозхонӣ - пешаи дӯстдошта ва «наволаи нони даҳон»-и духтаронаш аст, аз ин рӯ онҳо наметавонанд тарки ҳунар кунанд.

Сурайё Қосимова афзуд: «Ҳар як мусалмон, албатта, ин орзуро дорад. Аммо пеш аз рафтан мо хеле маслиҳат кардем, имшаб занг заданд, бисёр хушбахт ҳастанд, ки вориди Хонаи Худо шуда ва ҳама зиёрати он карданд. Духтари калонам, Бибирузигул ду карата ҳоҷӣ аст. Баъди ин акнун дар либоспушӣ каме тағйирот мешавад, шояд дигар бе рӯймол овозхонӣ накунанд. Вале дар саҳна баромад хоҳанд кард. Онҳо, ки ҳоло ҷавонанду нолаи нонашон аз сарояндагӣ буд ва онро идома медиҳанд. Онҳо-ку то ин вақт ҳам ягон кори бад намекарданд, вале баъдан аз дигар корҳо парҳез мекунанд. Онҳо сатре хоҳанд дошт, ки ба саҳна мувофиқат кунад.»

Сурайёи Қосим ҳамчунин гуфт, Шабнаму Фарзона ба ин сафари пурмасъулият омода буданд ва медонанд, ки вақте одам зиёрати Хонаи Худо кард, дигар бояд ҳар қадамашро санҷида гузорад.

Шабнами Сурайё дар оғози солҳои 200-ум ва хоҳари ӯ Фарзонаи Хуршед чанд сол дертар ба саҳнаи эстрадаи тоҷик пой гузошта, ҳоло аз овозхонҳои шинохта дар жанри эстрада ба шумор мераванд. Фарзонаи Хуршед дар ин миён барои кумак ба фирори дӯстписараш Фаррух Қузиев аз боздошт 1 соли 8 моҳ зиндонӣ ҳам шуд. Рӯзи 25 май дар шаҳри Ню-Йорки Амрико дар маросими супурдани ҷоизаҳои Big Apple Music Awards Шабнами Сурайё барандаи ҷоизаи алмос ва Фарзонаи Хуршед – овозхони беҳтарин дар миёни бонувони Тоҷикистон эътироф шуд.

Шабнаму Фарзона бо рафтор ва шеваи озоди либоспӯшии худ дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳ буданд ва зуд-зуд таҳти интиқоди бахусус қишрҳои диндору муҳофизакор низ қарор мегирифтанд. Бавижа яке аз охирин клипҳои ин овозхонҳо бо номи «Ёрам» дар миёни корбарони тоҷики Интернет баҳсҳои зиёдеро ба бор оварда буд. Аммо ғайриинтизор, нашри акси хоҳарон дар хонаи Худо бо сатру инак бо эҳром аксариятро дар ҳайрат гузошт.

Дар гузашта чанд овозхони маъруфи тоҷик, аз ҷумла Меҳрубони Равшан, Афзалшоҳи Шодӣ, Хайриддини Бозор, Ҷӯрабеки Мурод баъди зиёрати Маккаву Мадина ва бо касби унвони «Ҳоҷӣ» ҳам рӯи саҳнаи мусиқӣ монданд.

Аз ин миён танҳо Ҳотами Равшан ва Маликаи Саидзод, ки баъди солҳои зиёди овозхонӣ дар соли 2010 зиёрати Хонаи Худо карду «Ҳоҷибибӣ» шуд, саҳнаро тарк карданд. Маликаи Саидзод ҳоло ҳиҷоб ба сар карда, ба соҳибкорӣ машғул аст.

Аммо Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед нахустин намояндагони нафақат саҳна, балки дар маҷмӯъ нахустин нафарон аз миёни зоирони тоҷиканд, ки ҷараёни адои Ҳаҷро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ қадам ба қадам таблиғ мекунанд. То кунун танҳо чанд зоире аз Тоҷикистон хотираҳои худро аз зиёрати Маккаву Мадина рӯи коғаз оварда буду тамом. Аммо ҳатто ин инъикоси пайдарпайи ҷараёни зиёрати Фарзонаву Шабнам дар Фейсбук низ баҳсҳоеро дар атрофи онҳо ба по кардааст, ки оё чунин таблиғи зиёрати худ то куҷо дуруст аст?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG