Пайвандҳои дастрасӣ

Варорехти фашисти рус ба даъватгари “Давлати Исломӣ”


Ширкати тундгарои русзабони гурӯҳи "Давлати Исломӣ" дар ҷанги Кубанӣ.

Ширкати тундгарои русзабони гурӯҳи "Давлати Исломӣ" дар ҷанги Кубанӣ.

Хадамоти амнияти Русия зидди як донишҷӯи 18-солаи коллеҷи тарроҳии либос дар Санкт-Петербург бо иттиҳоми ҷалби ҷавонон ба гурӯҳи “Давлати Исломӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Духтари 18-сола Мария Погорелова дар ҳунаристоне мехонд, то дар оянда тарҳи либоси занону мардҳоро офарад ва муди либосро тағйир диҳад. Аз лиҳози андеша вай нажодпараст буд, бегонаҳоро чашми дидан надошт, вале чизе шуд, ки 17 ноябри соли 2014 ба Истамбул парвоз кард ва дар ин ҷо ба сафи гурӯҳи “Давлати Исломӣ” шомил гашт.

Яке аз вазифаҳои ӯ ин буд, ки ҷавононро ба сафҳои ин гурӯҳи тундрави исломӣ ҷалб намояд.

ШЕКСПИР ВА САЛИБИ ШИКАСТА

Мария Погорелова дар як хонаи дуҳуҷрагӣ дар шимоли шаҳри Санкт-Петербург ба воя расидааст. Дар кӯдакӣ машқи рақс мекард ва осори Вилям Шекспирро дӯст медошт. Яке аз шореҳон дар торнамои «Фонтанка» менависад, шояд таҳлили иҷтимоии осори Шекспир аз нигоҳи Шӯравӣ Марияро водор кардааст, ки рӯ ба ҳисси адолати иҷтимоӣ орад. Барои намуна, намоишномаи «Отелло»-ро дар СССР ба гуна саҳнавӣ мекарданд, ки бинанда бо ҷунбиши миллию озодихоҳии Африқо ҳамдард шавад, навиштаанд дар ин торнамо.

Бино бар маълумоти ҳамин манбаъ, Мария Погорелова аз наврасӣ ба тундгароии сиёсӣ рӯ овард. Дар соли 2012 вай ба ҷунбиши ростгароёни Санкт-Петербург пайваст ва ҳатто дар гарданаш салиби шикаста ё свастикаро холкӯбӣ кард. Вале модараш ӯро маҷбур намуд, ки ба салони тату баргардад ва ин рамзи фошистиро ба гунае дастгорӣ кунад, ки ба як нақши нофаҳмо табдил ёбад.

Дертар Мария дар коллеҷи сартарошӣ таҳсил кард, вале ба зудӣ онро тарк намуд. Дар ин байн ӯ бо полис мушкил пайдо карда, як дафъа боздошт низ шудааст.

АЗ ФАШИЗМ БА ИСЛОМ

Мария Погорелова шояд замоне ба ислом рӯ овард, ки аз неофашизм хаста шуда буд. Вай баъд аз муддате кор дар «Макдоналдс» ба модараш гуфт, ки мусулмон шудааст ва ниқоб хоҳад пӯшид. Дар як сомонаи шиносоиҳо вай, ки акнун ба худ номи Марям гирифта буд, бо шахс робита пайдо кард, ки худро Абӯбакр меномид ва эҳтимолан дар сафҳои гурӯҳи “Давлати Исломӣ” дар Сурия меҷангид. Ниҳоят ба ӯ пул фиристоданд, ки худро ба Истамбул расонад. Дар ин ҷо ӯро пешвоз гирифтанд ва ба Раққаҳ бурданд, то бо Абӯбакр вохӯрад.

Бино бар маълумоти торнамои наздик ба ҳукумаити Русия “Life News”, ки бо хадамоти амниятӣ равобити наздик дорад, муфаттишон бар инанд, ки ҳоло Мария Погорелова бо ҷалби ҷавонон ба сафҳои гурӯҳи “Давлати Исломӣ” машғул аст. Номаҳое, ки ӯ аз Сурия дар торнамоҳо ва шабакаҳоои иҷтимоӣ паҳн мекунад, то андозае рӯҳияи ҳасратомез доранд. Вай гоҳе хоҳиш мекунад, ки барояш шириниҳои сохти русӣ, аз ҷумла қандҳои «Ласточка», марҷумак ё гречка биёранд ва ҳам тарзи таҳия кардани ғизои русии “борш”-ро пурсидааст.

Мария Погорелова ягона русе нест, ки исломро қабул карда, ба гурӯҳи “Давлати Исломӣ” дар Сурия пайвастааст. Аввали имсол ҳунарпешаи синамои Русия Вадим Дорофеев дар ҷангҳои Сурия кушта шуд. Вай моҳи январи соли 2014 ба ислом гароида, аз баҳри ҳамсар ва ду фарзанди хурдсоли худ баромад ва ба Сурия рафт.

Узвият дар гурӯҳи “Давлати Исломӣ” дар Русия амали ҷиноӣ ба шумор меравад ва Додгоҳи Олии ин кишвар дар моҳи декабри соли гузашта ин ниҳодро ба феҳристи созмонҳои террористӣ шомил намуд.

---------

*Варорехт -- табдил, шакливазкунӣ, баргашт, мубодила

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG