Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Андозаи хатари "Ансоруллоҳ” ва ДОИШ дар Тоҷикистон


Таркиши маргталабонаи 3 сентябри соли 2010 дар Хуҷанд.

Таркиши маргталабонаи 3 сентябри соли 2010 дар Хуҷанд.

Таҳлилгарон таҳдиди гурӯҳи "Ҷамоати Ансоруллоҳ"-ро хеле бештар аз хатари Ҳаракати исломии Узбакистон ва гурӯҳи "Давлати Исломӣ" мехонанд

Чанде пеш Додгоҳи шаҳри Хуҷанд 23 сокини вилояти Суғдро бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи ифротии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ё ҳамкорӣ бо он ва ҳамчунин огоҳ накардани мақомот аз фаъолияти гурӯҳи манъшуда барои мӯҳлатҳои дароз зиндонӣ кард. Зоҳиран, бо гузашти ҳафтаҳову моҳҳо шумори чунин парвандаҳо рӯ ба афзоиш дорад.

Ҳамин додгоҳ моҳҳои феврал марти соли равон 14 нафарро бо ҳамин айбномаи маҳкум ба зиндон карда буд. Шариф Назарзода, сардори раёсати умури дохилии Суғд, гуфтааст, дар панҷ соли гузашта маъмурони пулис 153 ҷавони то 30-соларо ба иттиҳоми ифротгароӣ боздошт кардаанд ва дар ин муддат 13 гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноии террористию экстремистӣ, иборат аз 467, аз ҷумла 311 сокини вилояти Суғд муайян ва боздошт шудаанд. Ҷаноби Назарзода афзуд, 10 нафар аз ин афрод дар ҷараёни амалиёт ба кормандони мақомот муқобилият нишон дода, кушта шудаанд.

Ҳангоми муайян кардани мансубияти ҷавонони боздоштшуда, сухан асосан аз Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ва "Ҷамоати Ансоруллоҳ" меравад. Бори аввал номи “Ансоруллоҳ” дар тирамоҳи соли 2010, дар пайи бар дӯш гирифтани масъулияти нахустин ҳамлаи маргталабона дар Тоҷикистон расонаӣ шудааст. Дар он ҳамла 3 тан кушта ва қариб 30 кас, аксаран афсарони идораи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, захмӣ шуданд.

Додрасон мегӯянд, дар ҳамаи ҳолатҳо иттиҳоми зидди боздоштшудаҳо бо далелҳои раднопазири ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ ба исбот расидааст, вале чанде аз наздикони маҳкумшудагон аз он изҳори норозигӣ кардаанд, ки пайвандонашон бе гуноҳи муайян ва танҳо барои нишон додани муваффақияти мубориза бо ифротгароӣ барои мӯҳлатҳои дароз зиндогнӣ шудаанд. Онҳо изҳори нигаронӣ мекунанд, ки наздиконашон мумкин аст, акнун, баъд ин "беадолатӣ" дар маҳбас рӯ ба ақидаҳои тундравона оранд.

ҲАҚИҚАТҲО ВА ТАСОДУФҲО

Заррина Тошматова, холаи яке аз маҳкумшудагон -- Абубакр Абдураҳмонов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки шикояти вакили дифоъ аз болои ҳукми гумонбарон дар узвият ба “Ҷамоати Ансоруллоҳ” рӯзи 15 апрел баррасӣ шуд ва додгустарҳо аз бозбинии ҳукм сарпечӣ намуданд.

Абубакр Абдураҳмонов 31 октябри соли гузашта боздошт шуд ва фақат баъд аз чаҳор рӯз пайвандонаш дарак ёфтанд, ки ӯ дар шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи раёсати умури дохилии Хуҷанд аст. Ба гуфтаи Заррина, Абубакр, вақте як рафиқашро ба таъмиргоҳи мошин мебурд, ду нафари дигарро ҳам ба мошинаш савор кард ва ин тан дертар ҳамчун узви "Ансоруллоҳ" бозошт шудаанд: “Ӯ намедонист, ки ин ду нафар киҳоянд, аз ин рӯ, тӯли роҳ бо онҳо ҳарфе ҳам назадааст”, мегӯяд Заррина. Шояд ба ҳамин хотир Абубакр аввал аз рӯи банди 347-и Кодексаи ҷиноии Тоҷикистон, яъне иттилоъ нарасонидан ё пинҳон кардани ҷиноят, айбдор мешуд. Аммо баъди пурсуҷӯҳо муфаттишон ин бандро бо банди 187 (“Ташкили гурӯҳи ҷиноӣ”) иваз карданд. Аз рӯи ин банди Кодекси ҷиноӣ, барои ширкат дар гурӯҳи ҷиноӣ аз 8 то 12 соли зиндон бо мусодира ё бидуни мусодираи молу амвол муҷозот муқаррар шудааст.

Заррина меафзояд, ҳарчанд дар мурофиа аъзои ҳақиқии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” узвияти ӯро дар гурӯҳ рад карданд ва тасдиқ намуданд, ки ӯ фақат бо мошинаш онҳоро то ба шаҳр расондааст, ҷиянашро ба 9 соли ҳабс маҳкум карданд.“Мо фақат дар мурофиаи додгоҳӣ фаҳмидем, ки гурӯҳе бо номи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” мавҷуд будааст” мегӯяд Заррина ва меафзояд, “дар додгоҳ гуфтанд, ки Абубакр гӯё дар Русия тамрини терроризм дида ба Тоҷикистон баргашта бошад, аммо ҷиянам дар умраш ба Русия сафар накардааст”.

Баъд аз эъломи ҳукми додгоҳи таҷдиди назар акнун ягона умед ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ба ин қазия дахолат кунад – зимнан, ба гуфтаи Заррина, сарвари Тоҷикистон соли 1994 ба манзили онҳо ташриф оварда, аз ин хонавода хело ситоиш ҳам карда буд.

ТАҲДИД ҲАСТ, ВАЛЕ ТО КУҶО?

Таҳлилгарони маҳаллӣ мегӯянд, ки, мақомоти тафтишотӣ, бидуни шак, дар бораи ҷурми Абубакр Абдураҳмонов далелҳои кофӣ доранд, зеро гумон аст нафареро бидуни далел ба нӯҳ соли маҳбас маҳкум кунанд. Ҳарчанд, ба гуфтаи Неъмат Мирсаид, хабарнигор ва таҳлилгари тоҷик, ки дар чанд мурофиаи додгоҳии аъзои “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ширкат дошт, эҳтимоли тақаллуб ва саҳву иштибоҳ ҳам шояд вуҷуд дошта бошад, зеро “дар Тоҷикистон ҳамин гуна вазъият аст, ки баъзан ба ҷойи салла калла ҳам меоранд”. Мусоҳиби мо аз роҳи зӯрӣ ба даст овардани иқрори боздоштшударо ҳам баъйид намедонад.

Неъмати Мирсаид

Неъмати Мирсаид

Неъмати Мирсаид меафзояд, ки кормандони органҳои ҳуқуқ баъзан барои намоиши пешрафт дар кори худ шояд шумораи аъзои гурӯҳҳои ифротиро зиёд ҳам нишон диҳанд, вале “як чизро наметавон инкор кард, ки хатар мавҷуд аст, гумроҳшавии ҷавонон идома дорад ва ҷамъият бояд пеши роҳи ин зуҳуротро бигирад”.

Ба иттилои мақомоти умури дохилаи Суғд, соли гузашта дар қаламрави вилоят 8 гурӯҳи тундрав ошкор ва 95 аъзои он дастгир шудаанд. Як сол аз ин пеш 31 аъзои гурӯҳу созмонҳои тундагаро ба даст уфтода буданнд. Шариф Назарзода, сардори раёсати вазорати корҳои дохили Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар як нишасти хабарӣ дар Хуҷанд гуфт, ки аз миёни боздоштшудагон аз ҳама бештар - 47 нафар узви “Ҳаракати исломии Узбакистон” ва баъдан 37 тан узви “Ҷамоати Ансоруллоҳ” мебошанд. Неъмат Мирсаид мегӯяд, “дар баъзе ноҳияҳо, махсусан дар Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Спитамен аъзои ин гурӯҳ зиёданд, шояд ҳатто бештар аз "Ҷундуллоҳ", ки як шохаи Ҳаракати исломии Узбакистон маҳсуб мешавад”.

Аммо бахшҳои “Ҷамоати Ансоруллоҳ” дар дигар манотиқи Тоҷикистон, аз ҷумла, дар Хатлон ҳам фаъолият мекунанд. Дар ин вилоят моҳи гузашта алайҳи 24 нафар бо иттиҳоми узвият ваё ҳамкорӣ бо “Ҷамоати Ансоруллоҳ” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Боздоштшудаҳо, бино ба иттилои Раёсати мубориза бо ҷиноёти муташаккили вазорати умури дохилӣ, ба чунин гурӯҳҳо нисбат дода мешаванд:

  • Ҳаракати Исломии Узбакистон - 85 нафар
  • Ҷамоати Ансоруллоҳ - 64 нафар
  • Ҷунбиши Салафия - 35 нафар
  • “Давлати Исломӣ” - 10 нафар
  • “Мусалмонони Солеҳ” - 7 нафар
  • “Ҷабҳат Ан-Нусра” - 4 нафар
  • Толибон - 3 нафар
  • “Ҳизб-ут-Таҳрир” - 11 нафар
  • Ҷамоати Таблиғ - 14 нафар
  • “Гурӯҳи 24” - 2 нафар

Тавре дида мешавад, “Ҷамоати Ансоруллоҳ» дар ин феҳрист дар ҷои дувум қарор дорад.

"СОЯ"-И "АЛ-ҚОИДА" Ё ПУШТИБОНИ ТАКФИРИҲО?

Коршиносон мегӯянд, “Ҷамоати Ансоруллоҳ» як гурӯҳи тундрави мазҳабиест, ки аз Ал-Қоида илҳом гирифтааст ва бино ба гузоришҳо дар манотиқи қабоилнишини Покистон паноҳгоҳ дорад. Номи ин гурӯҳ баъди он расонаӣ шуд, ки масъулияти ҳамлаи маргталабонаи рӯзи 3 сентябри соли 2010 дар бинои яке аз бахшҳои Раёсати умури дохилӣ дар вилояти Суғдро бар ӯҳда гирифт.

Дар як баёния дар сомонаи ҷудоихоҳони чечен эълон шуд, ки ҳамлаи интиҳориро як узви “Ансоруллоҳ” анҷом додааст. Дар он ҳамла 3 тан кушта ва тақрибан 30 каси дигар, аксар афсарони идораи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, захмӣ шуданд. Расо як сол баъд аз ин ҳодиса аъзои "Ҷамоати Ансоруллоҳ" дар як паёми видеоиӣ мардумро ба ҷиҳод дар Тоҷикистон даъват карда буданд. Як корманди собиқи амниятӣ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, теъдоди аъзои “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро дар Тоҷикистон тақрибан ҳазор нафар гуфт ва афзуд, ки чанд тан аз аъзои ин гурӯҳ дар шаҳри Душанбе ва дар водии Ҳисор низ фаъолият мекунанд.

Маҳдии Собир

Маҳдии Собир

Маҳдии Собир, коршиноси тоҷик, мутмаин аст, ки “Ҷамоати Ансоруллоҳ” – шохаи тоҷикистонии шабакаи “Ал-Қоида” аст ва бо “Толибон” ва ҷунбиши такфирии Покистон робитаи зич дорад. Ва идеологияи онҳо низ ҳамон идеологияи ташкили давлати исломӣ дар минтақа аст. Ба гуфтаи Маҳдии Собир, гурӯҳҳои мусаллаҳи Мулло Абдуллоҳ Раҳимов ва Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакиро, ки дар як амалиёти вижаи солҳои 2010-2011 аз байн бурда шуданд, низ ба“Ҷамоати Ансоруллоҳ” тааллуқ доштанд. Ба гуфтаи ӯ, аъзои дар водии Рашт кушташудаи ин гурӯҳ парчами имрӯзии “Давлати исломи”-ро доштанд. Мусоҳиби мо мегӯяд, ки ин гурӯҳ воқеъан барои амнияти Тоҷикитстон хатари ҷиддӣ дорад ва агар ҳамон вақт амалиёти вижа дар Рашт ба хотири аз байн бурдани аъзои гурӯҳ сурат намегирифт, вазъи Тоҷикистон имрӯз хело мураккабтар мебуд.

Шеваи фаъолияти гурӯҳҳое чун “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, ба гуфтаи Маҳдии Собир, чирикӣ аст, “онҳо метавонанд худро фидо кунанд, яъне худро дар байни издиҳом тарконанд, аз минаҳо дар ҳамлаҳои террористӣ истифода мебаранд ва як бахши муҳими фаъолияташон тарғибу ташвиқ аст ва ин корашон, зимнан, махфӣ анҷом мешавад – онҳо дар ҷалби дигарон, аз ҷумла, касони ба пул муҳтоҷ ба афроди боэътимоди худ, ба касоне, ки мехоҳанд аз рӯи шариати ислом зиндагӣ кунанд, ба пайвандони онҳое, ки дар амалиётҳои қаблӣ кушта шудаанд, такя мекунанд”. Маҳз ба ҳамин хотир, Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2012 «Ҷамоати Ансоруллоҳ»-ро ба рӯйхати сиёҳи созмонҳои мамнӯъ ворид кард.

БАЪД АЗ ЗУҲУРИ "ДАВЛАТИ ИСЛОМӢ"

Ба гуфтаи коршиносон, як соли ахир “Ҷамоати Ансоруллоҳ” бештар як занҷири пайванд миёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва ҷавонони тоҷик табдил шудааст. Моҳи ноябри соли гузашта дар Конибодом ва Истаравшан 12 нафаре бошдошт шуданд, ки бино ба иттилои расмӣ,узви “Ҷамоати Ансоруллоҳ” буданд ва ҷавонони маҳаллиро ба сафи “Давлати исломӣ” ҷалб мекарданд. Аз манзили раҳбари ин гурӯҳ Наҷмиддин Шамсиев дар Истаравшан ду туфангча, 85 дона тир ва як садонишон (глушител) мусодира шуд. Сокини ноҳияи Конибодом Акмал Шукуров, ки бо Наҷмидин Шамсиев ошноӣ доштааст, бо тавсияи ӯ ба ҷалби ҷавонони маҳал ба “Ҷамоати Ансоруллоҳ” машғул будааст. Ӯ худ автомобили “Мерседес”-ашро 6 ҳазору 300 доллар маблағи онро ба хазинаи гурӯҳ додааст.

12 апрел Саймӯъмин Ятимов - раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо донишҷӯёни донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз ҳузури тоҷикон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ интиқод кард. Ваф гуфт, ба сурати умум 300 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурӯҳи "Давлати Исломӣ" пайвастаанд. Хатари мустақими онҳо ба суботу амният дар Тоҷикистон ҳанӯз рӯшан нашудааст ва яке аз комёбиҳои мақомти Тоҷикистон ин аст, ки ваъда кардаанд, ба онҳое, ки аз Сурия ва Ироқ бармегарданд ва ҷиноятҳои ҳарбӣ шарик нестанд, ҷазо нахоҳанд дод. Охири моҳи март ҷавоне аз ноҳияи Шаҳритус, Парвиз Набиев аз марзи Сурия баргашт ва изҳори пушаймонӣ кард ва дар толори додгоҳ озод шуд.

Дар ҳоле ки ҳузури собиқадорони гурӯҳи "Давлати Исломӣ" дар Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ эҳсос намешавад, мақомоти амниятӣ аз густариши фаъолиятҳои "Ҷамоати Ансоруллоҳ" ва Ҳаракати исломии Узбакистон изҳори нигаронӣ мекунанд.

Ба “Ҷамоати Ансоруллoҳ”, ба иттилои мақомоти амниятӣ, Домулло Амриддин (Амриддин Табаров), узви пешини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз қаламрави Покистон раҳбарӣ мекунад. Амриддин Табаров соли 1950 дар рустои Ғуломони ноҳияи Комсомолобод (Нурободи ҳозира) ба дунё омадаааст, аммо баъдан волидайнаш ба ноҳи Шаҳритус ва аз он ҷо ба Колхозобод кӯчидаанд. Амриддин Табаров солҳои 90-ум дар донишгоҳи исломии Қоҳира таҳсил кардааст. Ӯ соли 1993 аз Қоҳира ба вилояти Тахори Афғонистон рафта ба Ҷунбиши наҳзати ислом пайвастааст. Зубайдуллоҳи Розиқ, яке аз аъзои аршади ҲНИТ мегӯяд, ки Амриддин Табаров шароити сулҳи соли 1997 бо ҳукумати Тоҷикистонро напазируфт, зеро то ин вақт ӯ дар Покистон мезист ва ба гурӯҳҳои такфирӣ пайваста буд. “Аз ин пеш мо дар як даври музокирот дар Теҳрон бо Домулло Амриддин вохӯрда будем, маълум буд, ки ӯ хатти маши таквириҳоро гирифтааст, ҳама суханҳояш такя ба онҳо буд”. Домулло Амриддин аз роҳи пешгирифтаи Саид Абдуллои Нурӣ барои музокирот бо ҳукумати Душанбе сахт норозӣ буд ва солҳои баъд ӯро аз рӯйхати аъзои ҲНИТ берун карданд.

Зубайдуллоҳи Розиқ мегӯяд, ки ӯ раҳбари “Ҷамоати Ансоруллоҳ” будани Домулло Амриддинро тасдиқ ё рад карда наметавонад, ҳарчанд дар ин бора аз дигарон зиёд шунидааст. Аз нигоҳи ӯ, ин гурӯҳ шояд мансуб ба такфириҳо бошад. Домулло Амридин ҳам, ба гуфтаи мусоҳиби мо, ҳоло, бидуни шак, яке аз раҳбарони такфириҳо дар Покистон аст, зеро солҳои зиёд ҳамроҳи онҳо ба сар мебарад ва шояд ба мақоми боло расида бошад. Ва ба гуфтаи таҳлилгарон, ҳавои ба Тоҷикистон баргаштан аз сараш дур нашудааст....

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG