Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Попи Рум ба Туркия


Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон рӯзи ҷумъа сафари серӯзаи худро ба Туркия оғоз кард.

Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон барои нахустин бор аз замоне, ки ба ин мақом интихоб шудааст, рӯзи ҷумъа ба Туркия сафар кард ва тайи се рӯз аз Анқара ва Истанбул дидор мекунад. Ин чаҳорумин бор аст, ки як Поп ба Туркия сафар мекунад.

Дар нахустин рӯзи сафар, раҳбари католикҳои ҷаҳон дар Анқара бо Раҷаб Тайииб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия дидору гуфтгӯ менамояд.

Пас аз Анқара, Поп Франсис барои ду рӯз ба Истанбул меравад -- ҷое ки илова бар боздид аз биноҳои таърихии шаҳр, ба мулоқоти усқуфи аъзами Константиния хоҳад рафт. Пеш аз Поп Франсис, Бенедикти шонздаҳум, дар соли 2006 ба Туркия сафар кард, ки зери сояи гуфтаҳои попи пешин дар мавриди "хушунат ва ислом" бо эътирозҳо ва ҷанҷолҳое ҳамроҳ буд.

Рӯзноми "Ҳуррият" аз сухангӯи вазорати умурим хориҷии Туркия нақл кардааст, ки "иттиҳоди тамаддунҳо, гуфтугӯ байни фарҳангҳо, бегонаҳаросӣ, мубориза бо нажодпарастӣ ва тавсеаи сиёсии минтақа" аз меҳварҳои гуфтугӯҳо ва дидорҳои Поп Франсис аст.

Радиои ва телевизиони Туркия низ мегӯяд, дар маросими истиқбол аз поп дар Кохи раёсати ҷумҳури дар Анқара, наздик ба 900 тан аз хабарнигорон ва рӯзноманигорон ширкат мекунанд.

Хабаргузории Франс-пресс мегӯяд, мавзуи амнияти Поп Франсис аз аҳамияти фавқулоддае барои мақомҳои Туркия бархӯрдор аст ва ба назар мерасад ӯ аз наздик бо мардум дидор накунад. Дар Анқара 2700 пулис ва дар Истанбул ҳафт ҳазор корманди пулис масъули ҳифзи амният хоҳанд буд.

Рӯзи шанбе қарор аст Поп ба Аё Суфиё, калисои биношуда дар давраи императории Византия, ки дар замони Султон Муҳаммади дувум ба масҷид табдил шуд ва акнун музей аст, биравад.

XS
SM
MD
LG