Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зане аз оилаи Лангариевҳо ноиби шаҳрдори Душанбе таъин шуд


Ҷамила Лангариева

Ҷамила Лангариева

Ҷамила Лангариева, намояндаи хонаводаи як замон пурнуфузи Лангариевҳо, муовини шаҳрдори Душанбе таъин шуд ва дар ин мақом Руқия Қурбоноваро иваз кард. Қурбонова бознишаста шудааст.

Руқия Қурбонова мегӯяд, барои он аз мақоми муовини раиси шаҳри Душанбе меравад, ки ба синни бознишастагӣ расидааст.

Ба ҷойи ӯ Ҷамила Лангариева менишинад, ки то ин вақт муовини раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва пеш аз он ноиби раиси Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон оид ба тарбия ва фарҳанг буд. Ӯ намояндаи хонаводаи як замон пурнуфузи Лангариевҳо, аз фармондеҳони маъруфи Фронти халқӣ дар минтақаи Кӯлоб аст.

Руқия Қурбонова рӯзи 28 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, минбаъд ба тарбияи фарзандон машғул хоҳад шуд. Вай, инчунин, афзуд, "ҳоло фикр мекунам, фаъолияти худро дар созмонҳои хусусӣ ва ё дар кадом симати дигар идома диҳам, ё на." Хонуми Қурбонова ҳамагӣ моҳи январи соли гузашта муовини Маҳмадсаид Убайдуллоев дар шаҳрдории пойтахт таъин шуда буд.

Вай қаблан ҳамчун муовини сарвазири Тоҷикистон масъулияти риштаҳои илму фарҳанг, умури занон ва таъмини даъватҳои тирамоҳиву баҳорӣ ба сафи артишро бар ӯҳда дошт ва пеш аз он ба ҳайси шаҳрдори Қӯрғонтеппа ва

Руқия Қурбонова

Руқия Қурбонова

муовини раиси вилояти Хатлон ҳам кор кардааст. Руқия Қурбонова дар ин курсӣ Санавбар Раҳимоваро иваз карда буд.

Аммо барканории Руқия Қурбонова ягона тағйири кадрии рӯзи 28 апрел нест. Дар ин рӯз бо фармон ва амрҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Насрулло Хайруллоев, ва муовинони шаҳрдор -- Бурҳон Назаров, Ҷамшед Мансуров бо сабаби таъин шуданашон ба вазифаҳои дигар аз мақоми худ барканор шуданд. Дар иваз Ашӯрбег Расулов муовини якуми раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.

Сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳури Тоҷикистон Шӯҳрат Мақсудзода ва вакили собиқи Маҷлиси намояндагон Шакарбек Самадов низ дар як қатор бо Ҷамила Лангариева ба курсиҳои холишудаи ҷонишинони Убайдуллоев нишастанд.

Инчунин, рӯзи сешанбе раисони навоҳии Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансури пойтахт - Зафар Сафаров, Саиднуриддин Алиев ва Самандар Бобоев бо фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз вазифаҳояшон озод шудаанд. Дар фармонҳои раисиҷумҳур, ки 28 апрел дар торнамои расмияш интишор шуд, гуфта шудааст, ин афрод барои ба вазифаҳои дигар гузаштанашон аз мақомҳои кунунии худ канор рафтаанд.

Бар асоси фармонҳои нави президенти Тоҷикистон, Саиднуриддин Алиев иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Сино, Ҷамшед Табаров -- иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавӣ ва Саидамир Сиёмардзода, ки то ин дам раиси ноҳияи Нуробод буд, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, Ҳасан Дӯстзода раиси ноҳияи Нуробод таъин шуданд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин фармон дод, ки Зафар Самадов ҷонишини аввали мудири Оҷонсии назорати маводи нашъаовар ва Муртазо Ҳайдарзода ҷонишини мудири ин ниҳод, Бек Қурбонов муовини якуми раиси Кумитаи рушди маҳал ва Тоҷиддин Ҷӯразода муовини ин кумита таъин карда шаванд. Ҳарду идора вобастаи раёсатҷумҳурии Тоҷикистонанд.

Барканорӣ ва таъиноти ахир дар ҳоле ҷараён мегирад, ки мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ҳадаф аз барканор кардани мақомдороне, ки нафақаи маъюбӣ ва пиронсолӣ мегиранд, аз як сӯ беҳтар кардани сифати хизмати давлатӣ ва аз сӯи дигар роҳ кушодан ба ҷавонон дар идораҳои давлатист. Гурез Қосимзода -- муввини аввали раиси Оҷонсии хизмати давлатии Тоҷикистон 26 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло дар сафи хизматчиёни давлатии мулкӣ ҳудуди 400 мақомдоре кор мекардаанд, ки бар иловаи маошашон аз тарафи давлат нафақа дарёфт менамудаанд. Ҷаноби Қосимзода мегӯяд, аз ин 400 нафар беш аз 100 танашон мансабдороне ҳастанд, ки нафақаи пиронсолӣ ва афроди боқимонда нафақаи маъюбӣ мегиранд.

Дастури аз вазифа озод кардани афроди нафақагир (нафақаи пиронсолӣ, маъюбӣ ва ҳарбӣ)-ро 9 апрели соли равон Асадулло Раҳмон -- ёрдамчии нави раисиҷумҳур дар умури кадрҳо содир карда, ба унвонии Оҷонсии суғуртаи давлатӣ ва нафақа барои иҷро фиристодааст.​

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG