Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони Исфара аз мулоқоти мақомоти қудратии Суғду Бодканд ба эътидол овардани авзоъ дар манотиқи марзӣ ва ҳалли масъалаҳои низоъбарангезро интизор доранд.

Бар пояи тавофуқи миёни Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш - Тоқон Мамитов дар Душанбе, қарор аст фардо, 9 -уми январ мақомоти Суғду Бодканд дар шаҳри Исфара ба хотири ба эътидол овардани авзоъ дар минтақаҳои наздимарзӣ дидор ва гуфтушунид кунанд.

Иқбол Тешаев, сухангӯи раиси шаҳри Исфара рӯзи 8-уми январ дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфт, дар ин мулоқоти корӣ мақомоти марзбонӣ, корҳои дохилӣ ва ҳукуматҳои Суғду Бодканд “масъалаҳои назорати якҷояи хати марз тавассути патрул, гурӯҳҳои муштараки назоратӣ ва муътадил доштани вазъи иҷтимоиву сиёсӣ дар минтақаи сарҳадӣ”- ро баррасӣ хоҳанд кард. Гурӯҳи назоратии муштарак ба хотири таъмини амнияти сокинони марзӣ ва нақлиёти ду тараф ҳангоми убуру мурур дар минтақаҳои баҳсноки Исфараву Боткандро таъсис дода хоҳад шуд.

Аммо вай афзуд, танҳо аз ин мулоқот поён ёфтани баҳсҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар қисмати вилояти Суғдро наметавон чашмдор буд.
“Масъалаҳои нозук ва баҳсноки марзӣ дар мулоқотҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба масоили марзӣ дар давоми сол мавриди ҳаллу фасл қарор хоҳанд гирифт.” - афзуд вай.

Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд.

Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд.

Қирғизистон дар соли 2013 талош дошт иҷозаи Тоҷикистонро барои бунёди роҳҳои нақлиётии худ, қисман аз ҳудудҳои деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара ва аз фарози рӯди Хоҷа Боқирғон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба даст орад. Ин роҳҳои алтернативӣ қисматҳои аз ҳам ҷудои ноҳияҳои Бодканд ва Лайлаки Қирғизистонро мустақиман ба ҳам хоҳанд пайваст. Вале Тоҷикистон ин шартҳои Қирғизистонро қабул надорад.
Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд дар низои ахири марзӣ дар ҳузури сокинони деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара таъкид кард, Тоҷикистон моил нест таҳти фишору раҳбандии сокинони Бодканд, ба гузаштҳое барои тарҳҳои марзии Қирғизистон розӣ шавад.

Баҳсҳои марзӣ дар ҳоли номуайянии қисми зиёди хати сарҳад дар байни Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи Суғд муносбати сокинони марзиро тиратар карда, моҳҳои май ва декабри соли гузашта низоъҳоеро миёни сокинони деҳаи Оқсойи Бодканд ва ҷамоати Ворухи Суғд дар пай дошт. Рӯзи 17-моҳи декабри соли гузашта дар пайи сӯхтори як чойхонаи сокини ин маҳал Сокинони деҳаи Оқсойи Бодканд роҳи ягонаи Ворухро ба сӯи Тоҷикистон барои 4 шабонарӯз баста, шарт гузоштанд, то ин кишвар ба сохтмони роҳи алтернативии онҳо аз қаламрави худ иҷозат диҳад.

Сокинони Исфара мегӯянд, ҳоло роҳи Ворух боз ва барои равуои сокинон озод аст. Вале мушкил ҳамчунон боқӣ мондааст. Неъмат Олимов, аз фаъолони ҷамоати Чоркӯҳ рӯзи 8-уми январ дар суҳбат бо "Озодӣ" гуфт, баъд аз хатми низоъ низ ҷониби Бодканд аз бунёди роҳи алтернативӣ даст накашидааст ва ин боиси нигаронии сокинони ҷамоати Ворух аст: “Рӯзи гузашта (7 - уми январ) қирғизҳо ба сохтмони роҳ машғул шуданд ва инро дида, як гурӯҳ сокинони Ворух ҷамъ омаданд. Аммо мо онҳоро даъват кардем аз иқдоме худдорӣ кунанд ва онҳо пароканда шуданд.” - афзуд вай.

Ҷамоати Ворухи Тоҷикистон, тақрибан 150 киламетрии Хуҷанд ҳудуди 30 ҳазор аҳолӣ дорад. Сокинони ин маҳал мегӯянд, ки Бодканд ҳамзамон бо бунёди роҳи нав тарҳи дар саргаҳи рӯди Исфара сохтани обанбор ва як неругоҳи хурди обиро дар назар дорад. Он гоҳ Қирғизистон назорати қисмати он сӯи роҳу оби рӯди Исфараро комилан дар даст хоҳад гирифт ва сокинони поёноби Тоҷикистон аз ягона захираи обии худ маҳрум хоҳанд гашт.

Қарор аст дар мулоқоти Исфара дар рӯзи 9-уми январ гурӯҳи назоратии муштарак аз ҳисоби кормандони марзбонӣ ва умури дохилаи Тоҷикистону Қирғистон ба хотири таъмини амният ҳангоми убуру мурури сокинони мавзеъҳои марзии ҳарду кишвар ва воситаҳои нақлиёт дар минтақаҳои мавриди баҳси Исфараву Ботканд таъсис дода шавад. Таъсиси чунин гурӯҳи назоратӣ ҳанӯз моҳи майи соли гузашта дар мулоқоти мақомоти Суғду Бодканд дар Исфара баён шуда буд, аммо то кунун фаъол нашудааст.

Сокинони марзии Исфара назорати муштараки минтақаҳои сарҳадиро муҳим медонанд, аммо ба шарте, ки он ба равуои озодонаи сокинон халал нарасонад ва мушкилоти онҳоро бештар нагардонад. Мусоҳибамон - Неъмат Олимов, сокини деҳаи Чоркӯҳ мегӯяд: “Бигузор назорати муштараки сарҳад бошад. Аммо онҳо байни мардуми мавзеъҳои баҳснок надароянд ва оромии сокинонро халалдор накунанд. Бачаҳои моро, ки кӯҳ ба лолаву ҳезумчинӣ мебароянд, дастгир карда азоб надиҳанд.”

Ба назари мусоҳибам, беҳтар аст аз бехатарии сокинон гурӯҳҳои муштараки пулис назорат барад ва посгоҳҳои марзӣ сари роҳи анклавҳо барчида шаванд, то ки сокинон тавонанд бемалол ба сӯи ҳам равуо ва додугирифти тиҷоратӣ кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG