Пайвандҳои дастрасӣ

Номзади ягона: Чаро Кабирӣ не, Зоиров не, балки Бобоназарова?


Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) номзадии Ойниҳол Бобоназарова барои ширкат дар интихоботи президентиро эълон кард.

Ин тасмим рӯзи сешанбеи 10 сентябр дар нишасти навбатии эътилофи мавсум ба Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон дар қароргоҳи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) эълон гардид.

Номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) дар интихоботи президентӣ пешбарӣ шудани ҳомии ҳуқуқи инсон Ойниҳол Бобоназарова ҳарчанд вокунишҳои мусбатро дар маҳофили сиёсии кишвар ба бор овардааст, суолеро низ халқ кард, ки чаро Муҳиддин Кабирӣ раҳбари ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ё Раҳматулло Зоиров раҳбари ҳизби сотсиал-демократ (ҲСДТ) номзад пешниҳод нашуданд?




Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва сарвари созмони “Перспектива +” аст.
Ойниҳол Бобоназарова соли 1948 дар ноҳияи Ёвон ба дунё омада, соли 1971 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатиро хатм кардааст. То соли 1976 дар аспирантураи Академияи улум кору таҳсил карда, баъди дифоъ аз рисолаи номзадиаш ба ҳайси устод дар риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатӣ ба кор пардохт ва то мақоми декани ин факулта расид. Соли 1990, дар пайи таъсиси ҳизби демократи Шодмон Юсуф ба ин ҳизб пайваст.

Соли 1994, дар пайи ба қудрат расидани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, тақрибан барои як моҳ боздошт шуд. Аз соли 1996 то 2004 ба сифати мушовири намояндагии САҲА дар масоили ҳуқуқи башар кор кардааст. Аз ҳамон сол то соли 2007 раҳбарии раёсати намояндагии Сандуқи Сорос дар Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Аз соли 2007 раҳбари созмони ғайридавлатии “Перспектива +”, ки дар ҳоли ҳозир яке аз созмонҳои маъруфи ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1997 тибқи саҳмияи сифоизаи мухолифин, ба мақоми муовини додситони кулл пешбарӣ шуд, вале ин мақомро напазируфт.

Шавҳараш Ҷунайдулло Ибодов аз ҳуқуқшиносҳои маъруфи тоҷик аст. Духтараш Парвина Ибодова раиси Анҷумани дастраскунандагони Интернет буда, писараш Ҷовид дар Шӯрои адлия кор мекунад. Домоду келинаш низ ҳуқуқшиносанд.Ойниҳол Бобоназарова 4 набера дорад.

Ҷаноби Зоиров ҳанӯз баҳори имсол пеш эълом дошта буд, омода аст, номзади ягонаи нерӯҳои ислоҳталаб бошад ва ҳам бархе аз коршиносон ҳадс мезаданд, ки ин бор ҷаноби Кабирӣ вориди корзор хоҳад шуд. Бархе аз тарафдорони сарсахти ин чеҳраҳои сиёсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ онҳоро накуҳиш мекунанд, ки аз мубориза даст кашидаанд.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ гуфт бо назардошти шароити имрӯзаи кишвар, аз қабили фишорҳо болои ҲНИТ ва ба паҳн кардани овозаҳое, ки гӯё Раҳматулло Зоиров «агенти Узбакистон» бошад, ИНИТ ба хулосае омад, ки бояд аз номзадии Ойниҳол Бобоназарова пуштибонӣ кунад.



Ҳамчунин Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ гуфт, ки сабаби пешниҳод нашуданаш чун номзади ягона дар он пешқазоватҳое ҳам буд, ки агар ҲНИТ номзад пешниҳод кунад, ҷомеа ӯро қабул нахоҳад дошт.


Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ

Аммо ин дар ҳолест, ки ба андешаи ҷаноби Кабирӣ, Ҳизби исломии Тоҷикистон агарчи аз ҳама ҳизби қавӣ набошад ҳам, вале заиф низ нест. Ба таъкиди Кабирӣ, далели ин овоз додани мардум ба ҲНИТ дар интихоботи соли 2010 мебошад: «Агар як қишри ҷомеаи мо ба ҳамин назар аст, ки ҲНИТ номзад намонад , мо ҳам ба хотири иттиҳоду ваҳдат пуштибонӣ аз номзади дигар мекунем.» Дар зимн Кабирӣ таъкид кард, ки номзадии Ойниҳол Бобоназарова бояд бо вуҷуди мушкилот мавриди ҳимояти густарда қарор гирад.

Раҳбари ҲСДТ, дувумин ҳизби узви эътилофи ислоҳталабон, Раҳматулло Зоиров, гуфт, омода буд номзади ягонаи ин нерӯҳо бошад, аммо бино бар чанд омил аз номзадӣ даст кашидааст. Ҷаноби Зоиров афзуд, ки яке аз ин омилҳо номзад шудани хонум Бобоназарова буд. Раҳбари ҲСДТ ҳамзамон таъкид кард, ки агар номзадияшро пас намегирифт ва ҳамагон ба ҳамдигарфаҳӣ намерасиданд, пароканда шудани ИНИТ аз эҳтимол дур набуд.Ӯ гуфт, ки ҳизби ӯ ба хотири ҳифзи ИНИТ ва ширкат дар интихоботҳои минбаъда аз номзадии Бобоназарова пуштибонӣ мекунад.


Раҳматулло Зоиров

Раҳматулло Зоиров

Оқои Зоиров гуфт, далелҳои дигаре ки аз пешбарии номзадии худаш худдорӣ кард,яке вуҷуди мушкил дар ҷамъ овардани имзо ва ҳамчунин вуҷуди мухолифатҳо ба номзадии ӯ дар сутуҳи поёниии ҳизби наҳзати исломӣ - як узви умдаи эътилофи нирӯҳои ислоҳотхоҳ будааст. Раҳматулло Зоиров гуфт, ҳамчун "агенти Узбакистон" бадном кардани ӯ дар расонаҳои давлатӣ ба хусус аз тарафи ниҳоде, ки дар маҳфилҳо ҳамчун "фабрикаи ҷавоб" ном баровардааст, ӯро ба худдорӣ аз ширкати мустақим дар интихобот ва ҳимоят аз номзадии хонум Бобоназарова таҳрик дод: "Масъалаи ҷамъ кардани имзоҳои ҷонибдорон ба дараҷае рафт, ки агенти Узбекистон ҳам эълон карданд. Бинобар ин пешниҳод шуд, ки Зоиров номзадияшро бардорад.»


Дар навбати худ номзади ягонаи ИНИТ Ойниҳол Бобоназарова гуфт, агар Раҳматулло Зоиров номзадияшро пас намегирифт, ӯ ризоият намедод, ки номзади ягона бошад. Хонум Бобоназарова афзуд, ҷанобон Зоиров ва Кабирӣ беш аз ӯ сазовори курсии президентиянд. Аз сӯи дигар, ба қавли Бобоназарова ташкили ИНИТ идеяи Зоиров ва Кабирӣ буд: «Орзуи идеалии ман он буд, ки инҳо ба ҳамдигар мубориза баранд. Интихобот шаффоф бошад, то мардум интихоб кунанд.»


Ойниҳол Бобоназарова

Ойниҳол Бобоназарова

Ҳамзамон раҳбари ташкилоти «Перспектива плюс» гуфт, ба хотири ҳифзи эътилофе, ки метавонад, дар оянда корҳои бузургеро анҷом диҳад, бо вуҷуди мухолифати аҳли хонавода ва баъзе аз дӯстонаш розӣ шуд, аз номи он дар интихоботи президентӣ ширкат варзад.

Иттифоқан, ин бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон як зан барои мақоми президентӣ мубориза хоҳад кард. Ва ҳам Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон аввалин эътилофи мухолифони ҳукумати Тоҷикистон аст, ки сари номзади ягона тавофуқ ҳосил кард. Ин гуна эътилофҳо дар интихоботҳои президентӣ ва парлумонии солҳои 1999, 2005 ва 2006 ҳам рӯи кор омада, аммо дар пешбарии номзади ягона ба ҷое нарасида буданд.


Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон

Интихоботи президентии рӯзи 6 ноябр шашумин интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст. Дар се интихоботи ахир раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон баранда эълон шудааст. Оқои Раҳмон, ки 21 сол боз бар Тоҷикистон ҳукумат меронад, ғолибан имсол низ аз номи ҳизби ҳокими халқии демократӣ барои касби боз як давраи ҳафтсолаи раёсат худро номзад хоҳад кард. Анҷумани пешазинтихоботии ҳизби ҳоким ба рӯзи 4 октбяр таъйин шудааст.

Бо ин ҳол, Ойниҳол Бобоназарова гуфт, дар сурати озоду шаффоф баргузор шудани интихобот, ӯ ҳам имони пирӯзӣ хоҳад дошт. Хонум Бобоназарова ҳамчунин дар посух ба онҳое, ки мегӯянд, пешбарии номзади як зан дар шароити ҷомиаи муҳофизакори Тоҷикистонро дуруст намешуморанд, гуфт, ӯ пеш аз ҳама як шахсият аст ва бояд аз ҳамин зовия ба ӯ ҳамчун ба як шахсият баҳо диҳанд.

Худи Ойниҳол Бобоназарова таъкид кард, ки бисёр мехост, то Муҳиддин Кабирӣ ё Раҳматулло Зоиров номзад ба мақоми раёсатҷумҳурӣ шаванд, аммо чун эътилоф чунин тасмимеро гирифт, аз он ҳимоят ва барномаҳояшро амалӣ хоҳам кард. Хонум Бобоназарова эътироф кард, ки "дар воқеъ, ман як номзади компромиссӣ шудам."


Рӯзи 9 сентябр Гурӯҳи кории ИНИТ номзадии Ойниҳол Бобоназароваро барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ тавсия карда буд. Муҳиддини Кабирӣ билофосила ҳамон рӯз пуштибонии ҳизбаш аз ин номзадро изҳор дошт ва гуфт, пешбарии Бобоназарова тавони эътилоф барои тавофуқ дар чунин масоили ҳассосрол нишон медиҳад.

Аммо пешниҳоди номзад аз ҷумлаи занон ва он ҳам аз сӯи мухолифин чӣ маъно дорад ва то куҷо фазои интихоботиро дигар мекунад?

Раҷаби Мирзо, сарвари Маркази таҳлилии “Бозтоб”, яке аз муаллифони ин пешниҳод дар гузашта буд. Вай мегӯяд, дар шароити кунунӣ номзади мувофиқтарин барои мухолифин танҳо зан буда метавонад: “Аз афроди нерӯманд ва саршинос агар нафаре вориди сабқат шавад, ҳатман қурбонӣ мешавад. Интригаҳои интихобот ҳанӯз маълум нашудаанд. Зан ба ҳар ҳол як чеҳраи хашин нест ва буда ҳам наметавонад. Таҷрибаи наздиктарин дар Қирғизистон нишон дод, ки барои давраи гузариш раҳбарии зан дурусттар аст. Он ҷо ҳам таърихан ягон зан раҳбар набуд. Дар ин муддат ҳангоми муборизаҳо маълум мешавад, ки амалан чӣ касе бояд сари қудрат ояд?”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG