Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Консепсияи ИНИТ тасвиб шуд, аммо на ҳама имзо карданд


Консепсияи пешазинтихоботии Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон дар маҷмуъ бо 39 имзо ба тасвиб расид. Аммо баъзе аз аъзои ин иттиҳод аз имзо дар он худдорӣ намуданд.

Нишасти навбатии Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳ, ки шанбеи 24-уми август дар қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо ҳузури намояндагони аҳзоби сиёсӣ, шахсиятҳои мустақил ва намояндагони ҷомеаи маданӣ баргузор гардид, сари мушкилоти НБО «Роғун», ҷалби кадрҳои ҷавон ва занҳо ба идораи умури давлатӣ баҳсро ба миён овард.

Иброҳим Усмонов, собиқ мушовири президенти Тоҷикистон гуфт, дар консепсия нукоте ба назар мерасад, ки баъзе масъалаҳои мушаххаси пештараи онро аз байн бурдаанд. Ба унвонии мисол ҷаноби Усмонов афзуд, ки ба ҷойи таъкиди сохтмони ду агрегати Роғун дар ин консепсия, таъмини аҳолии Тоҷикистон бо барқ зикр карда шавад. Зеро ҳадафи Роғун фаротар аз таъмини аҳолии кишвар бо барқ аст. Ҳамзамон масъалаи дигаре, ки ҷаноби Усмонов сари он таъкид кард, муқаррар кардани фоиз ба ҷой вожаҳои ҷалби занону ҷавонон ба пешбурди корҳои давлатист: «Дар банди «г» чизе ваъда шудааст, ки иҷронашаванда аст ва принсипи давлати демократиро аз байн мебарад. Мегӯянд, ҳукумати мо ҳукумати мутахассисон шуданаш даркор, вале дар ин ҷо ваъда мешавад, ки ба ҷавонҳо мо фалон қадар ҷой мемонем ва барои занҳо фалон қадар». Ҳамзамон ҷаноби Усмонов таъкид кард, ки эҳтимол дар миёни 25 дарсади барои бонувон ҷудо карда мутахассисе намеёбед. Ё аз миёни ҷавонон.

Азбаски дар ҷаласи навбатии Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон бештар сари ҷалби занҳо ва ҷавонон ба идораҳо сухан рафт, Раҳматулло Зоиров раҳбари Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон афзуд, ки омода кардани кадрҳо сутуни сиёсати кадрӣ мебошад. Ба таъкиди Раҳматулло Зоиров, барои занҳо дар консепсия квота муқаррар нагардидааст ва он 25 дар саде, ки таъкид шудааст, дар мисоли худи ҳукумат пешбинӣ шудааст, на дар ҳама ҷойҳо: «Ин ҷо на танҳо 25 дарсад муқаррар шудааст. Агар аз миёни занҳо воқеан ҳам истеъдодҳо зиёд бошанд, мо ҷонибдори онем, ки 50 дарсадро ба онҳо диҳем».

"Аммо агар миёни ду ё се кадр аз ҷиҳати баробар кардани имкониятҳои ибтидоии зану мард шароит ташкил шавад, ба занҳо имконияти бештар дода мешавад", -афзуд Раҳматулло Зоиров.

Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони «Перспектива +» гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон пиртарин ҳукумат дар Осиёи Марказӣ аст. Бинобар ин ҷавонон, ки ба кишварҳои Аврупо сафар кардаанду таҳсил дидаанд, технократ мебошанд, наметавонем онҳоро сарфи назар кунем. Вай таъкид кард, ки фоизи муқаррар шуда дар масъалаи занҳо ин аз рӯйи анъана аст: «Дар давраи интихобот ман дар Ҳиндустон будам, ки шахси номзад гуфт, агар ман сари қудрат биоям фалон қадар занҳоро вазифа медиҳам».

Хонум Бобоназарова зимнан таъкид намуд, ки агарчи мегӯем Тоҷикистон аз ҷиҳати занҳое, ки илми олӣ доранд ҷой намоёнро ишғол мекунад, аммо то ҳол як зани вазир надорем. Ин буд, ки бархе аз ширкатдорони ҷаласа аз имзо кардан дар консепсия худдорӣ намуданд.

Барномае, ки Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ), як эътилофи ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои иҷтимоӣ дар ростои интихоботи президентӣ пешниҳод кардааст, тағйири комили низоми конститутсионии мавҷударо дар назар дорад. Ин иттиҳод, ки аз ду ҳизби сиёсӣ – ҲНИТ ва ҲСДТ ва як силсила созмонҳои ғайридавлатӣ таркиб ёфтааст, мегӯяд, муҳлати президентиро аз ду даври ҳафтсолӣ ба ду чаҳорсола кам карда, салоҳиятҳои давлатиро байни президент, сарвазир ва парламент аз нав тақсим мекунад ва роҳбарии ҳокимияти иҷроияро ба зиммаи сарвазир мегузорад.

Эътилоф ин консепсияро барои номзади ягонаи худ, ки гуфта мешавад, дар ояндаи наздик маълум хоҳад гашт, омода кардааст. Ин номзад баъд аз мусоидат ба иҷрои барнома ва як давраи чаҳорсолаи раёсат ба истеъфо хоҳад рафт. Ба ақидаи коршиносон, Консепсияи пешазинтихоботии Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) амалан нахустин барномаи интихоботи президентист ва ҳеҷ тарафе то ҳоло барномаи интихоботии худро дар миён нагузоштааст.
XS
SM
MD
LG