Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мушкили дигари роҳи оҳани Эрон--Тоҷикистон--Чин (ВИДЕО)


Андозаи хатти Роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон ва Чин баҳси наверо миёни панҷ кишвари минтақа ба бор овардааст.

Намояндагони расмии панҷ кишвар -- Эрону Чин, Тоҷикистон, Афғонистон ва Қирғизистон дар Душанбе ҷузъиёти роҳи оҳани наверо баррасӣ мекунанд, ки қарор аст ҳар 5 кишварро ба ҳам васл ва робитаҳои иқтисодию тиҷоратии онҳоро васеъ кунад. Аммо бо ҳам мутобиқ кардани бари ин роҳ дар Эрону Чин ва Тоҷикистону Қирғизистон ба мавзӯи меҳварии нишаст табдил ёфтааст.

Ширкаткунандагони ҳамоиш мегӯянд, андозаи роҳи оҳани Эрону Чин доранд бо бари роҳҳои оҳани Тоҷикистону Қирғизистон мутобиқ нест. Роҳҳои оҳани Тоҷикистону Қирғизистон замони шӯравӣ бо паҳнии 1520 миллиметр сохта шудаанд, вале роҳҳои оҳани Эрону Чин бо паҳнии 1435 мм бунёд ёфтаанд. Биноан бари вагонҳо аз ҳам фарқ мекунад.

Намояндагони ин панҷ кишвар дар сӯҳбати имрӯз изҳор доштанд, ки бояд роҳе пайдо кард, ки дар сурати анҷоми ин тарҳ, қаторҳо аз миёни ин кишварҳо бидуни мушкил убур кунад. Шералӣ Ганҷалзода, муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ҳоло ҷонибҳо ба як қарори мушаххасе нарасидаанд ва як тарҳи муштарак ҳам барои сохтмони ин роҳ ҷонибҳо рӯи даст надоранд.

Ӯ гуфт: “То ҳол мо санади мукаммале рӯи даст надорем. Ҳар кишвар тарҳу пешниҳоди худро дорад. Умедворем, ки дар ин ду рӯз мо ба як хулосаи муҳим мерасем. Тоҷикистон ҳам пешниҳодҳои худро дорад ва мо пешниҳоди дигаронро, ки ба манфиати кишвари мо ҳаст, ҳатман қабул хоҳем кард. ”

Баҳси роҳи оҳани Эрон-Афғонистон, Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:01 0:00

Ямо Шамс, раиси Идораи мустақили хати роҳи оҳани Афғонистон гуфт, кишвараш хостори ҳарчи зудтар амалӣ шудани ин тарҳ ҳаст. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло хати роҳи оҳани Эрон то Ҳирот, ки як ҷузъе аз ин роҳи оҳани миёни панҷ кишвар аст, 87 дарсад анҷом ёфтааст:

“Дарозтарин хати ин роҳи оҳан аз тариқи Афғонистон мегузарад. Мо тамоми талошҳоро ба харҷ хоҳем дод, то ӯҳдадориҳое, ки мегирем, зудтар анҷом диҳем. Мо ҳоло тарҳи худро таҳия кардаем, ки ин роҳ аз кадом масир бояд аз ҳудуди Афғонистон убур кунад. Мо инро дар ихтиёри ҳамтоёни худ мегузорем ва хулосаи онҳоро гӯш хоҳем дод. ”

Сохтмони тарҳи роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон ва Чин соли 2010 аз ҷониби Эрон пешниҳод шуда буд, ки дигар кишварҳои минтақа ҳам онро пазируфтанд. Аммо бо гузашти чор сол, то ҳол ҷонибҳо тарҳи дақиқи ин роҳро омода накардаанд.

XS
SM
MD
LG