Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти афғон мегӯянд, ки таҳдидоти амниятӣ ва таҳия пул барои хариди заминҳо дар масири тарҳи бунёди роҳи оҳани Туркманистон--Афғонистон--Тоҷикистон (ТАТ), аз мушкилоти асосӣ дар рӯбарӯи татбиқи ин лоиҳаи минтақавӣ мебошанд.

Идораи мустақили хати оҳани Афғонистон гуфтааст, рафъи таҳдидҳои амниятӣ ва таҳия пул аз сӯи ин кишвар, заминаҳои ба истифода додани ин тарҳ миёни Туркмананистон--Афғонистон--Тоҷикистон то ду соли ояндаро замонат хоҳад дод. Дар ҳоле, ки интизороти зиёде дар мавриди ба истифода додани ин тарҳ вуҷуд дорад, масъулони Идораи хати оҳани ин кишвар мегӯянд, ки ҳалли ин мушкилот метавонад татбиқи ин тарҳро дар ду соли оянда амалӣ созад.

Ямо Шамс, раиси Идораи мустақили хати роҳи оҳани Афғонистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ҳар чанд пешрафтҳо дар анҷоми мутолеоти техникӣ ва иқтисодии хати роҳи оҳан дар ин кишварро чашмгир мехонад, аммо гуфтааст, ки ниёз аст то иқдомоти ҷиддӣ дар ин росто рӯи даст гирифта шавад.

"Аз Мазори Шариф то Андихуй минтақаи ноамн аст. Хусусан барои муҳандисони афғон, ба таври мисол баъд аз соати 4 дар ин минтақа кор кардан мушкил аст. Душманон вуҷуд доранд ва он ҳам дар сурате, ки хабар дошта бошанд дар ин тарҳи бузурги иқтисодӣ кор мешавад. То кунун ҳамлае сурат нагирифтааст, аммо таҳдидҳое ҳаст, ки гоҳе моро дилсард мекунад. Таҳияи пул аз сӯи вазорати молия бахши дигаре аст, ки бояд такмил шавад барои харидани заминҳои сари роҳ. Дар сурате, ки пул ба дасти мо бошад, ман бовар дорад, ки дар ду соли оянда тарҳ тарҳ мавриди истифода қарор мегирад."

Оқои Шамс гуфтааст, ки мутолеоти техникӣ ва иқтисодии хати роҳи оҳани Андахуй то Мазори Шариф 220 километр такмил шуда ва қарор аст мулолеоти 275 километри дигари он дар хоки Афғонистон то поёни соли 2015 такмил шавад.

Вазоратҳои молияи ва фавоиди оммаи Афғонистон дар мавриди таҳияи пул барои харидани заминҳои масири роҳи оҳан ба тамосҳои бор-бори Радиои Озодӣ посух надодаанд. Сухангӯи вазорати нақлиёт ва ҳавонавардии мулкии он кишвар низ аз ибрози назар дар ин маврид худдорӣ кардааст.

Аммо вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯяд, ки барои аз байн бурдани таҳдидҳои амниятии мавҷуд дар бархе нуқтаҳои ин масир, ҳозир ба рӯи даст гирифтани чораҳои амниятӣ ҳастанд. Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи ин вазорат гуфт, "талоши мо ин аст то ин тарҳи бузурги иқтисодӣ дар кишвар амалӣ шавад ва амнияте ки ин тарҳ ниёз дорад, таъмин шавад. Вазорати умури дохилӣ ҳозир аст ҳама гуна нигарониҳо, ки аз тарафи вазоратҳои зидахл вобаста ба мо матраҳ шавад, тадобири иловагӣ бигирад."

Тарҳи тамдиди роҳи оҳани Туркманистон--Афғонистон--Тоҷикистон дар тӯли 635 километр аз шаҳри Оқинаи Туркманистон оғоз шуда ва бо пайвастан ба Андахуй, Шибирғон, Мазори Шариф, Хулм, Қундуз ва Бандари Шерхон дар Афғонистон то ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ дар Тоҷикистон, идома дорад. Ҳудуди ду сол қабл раисони ҷумҳури се кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, Ҳомиди Карзай ва Эмомалӣ Раҳмон зимни маросиме дар Туркманистон, ба ин тарҳ оғоз бахшида буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG