Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари Э.Раҳмон ба Бадахшон дар пайи сел ва ҳалокати 7 нафар


Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон дар ҳоле сурат мегирад, ки сели харобиовар тайи даҳ рӯзи охир дар ин минтақа даҳҳо хонаи сокинонро вайрон ва боиси ҳалокати шаш нафар шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, субҳи 28 июл бо сафари чоррӯза ба Бадахшон рафт, ки тайи ҳафтаҳои охир бар асари омадани сел дар ин минтақа даҳҳо манзили сокинон хароб ва ҳафт тан ҳалок шудаанд.

Як мақоми баландпояи ҳукумати вилояти Бадахшон дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, оқои Раҳмон аввал ба ноҳияи Ванҷ рафта, дар лаҳзаҳои аввали сафараш пули нави мошингузари Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ бар фарози дарёи Ванҷобро ба истифода додааст. Ин пул 146 метр дарозӣ дошта, барои сохтмонаш 27 миллион сомонӣ харҷ шудааст.

"Баъд аз ин, раисиҷумҳур ба ноҳияҳои Дарвоз, Роштқалъа, Шуғнон, Рӯшон ва шаҳри Хоруғ хоҳад рафт. Дар ноҳияи Роштқалъа барои бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” бо тавоноии 60 миллион кВт ва бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи 110-килоВолтаи “Себзор - Хоруғ” бо дарозии 18 километр санги асос мегузорад," -- афзуд манбаъ.

Ин сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон баъди бештар аз даҳ рӯзи омадани сел дар баъзе аз ноҳияҳои Бадахшон, аз ҷумла Шуғнону Ванҷу Дарвоз сурат мегирад, ки даҳҳо манзил, роҳҳои мошингузар, хатҳои интиқоли нерӯи барқро хароб карда, боис ба ҳалокати ҳафт нафар дар Ванҷу Шуғнон шудааст.

Мақомот мегӯянд, ки дар маҷмӯъ хисороти сел дар Бадахшон ва Рашту Хатлону Суғд ба тақрибан сад миллион доллар мерасад ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз созмону кишварҳои хориҷӣ расман даъват кард, ки барои рафъи оқибатҳои ин офати табиӣ ёрӣ кунанд. Вазорат дар муроҷиати расмии худ, ки 21 июл нашр кард, гуфт, ҳоло ҳисоби ниҳоии хисороти сел идома дорад.

Ба иттилои ин ниҳод, сел дар Бадахшону Хатлон, Суғд ва Рашт асосан роҳҳои мошингарди маҳаллӣ ва байнулмилалӣ, хонаҳо, мактабу фурӯшгоҳҳо ва хатҳои интиқоли нерӯи барқро хароб карда, аз ҷумла боис ба ҳалокати ҳашт сокини кишвар ва бенишон шудани панҷ тани дигар гардидааст.

"Тоҷикистон дар доираи имкониятҳояш тамоми чораҳоро барои кумак ба осебдидагону бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ меандешад ва ҳамзамон умед дорад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин самт ёрӣ хоҳанд кард," -- гуфта шудааст дар муроҷиати Вазорати корҳои хориҷӣ.

Дар пайи ин, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ аз сокинон, бахусус афроди тавоно барои селзадагон ёрӣ хост, аммо гуфт, ин кумак бояд аз сидқи дил бошад, на иҷборӣ. То кунун Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва аъзои дигари ин палатаи парлумони Тоҷикистон гуфтаанд, ки маоши якмоҳаи худро ба осебдидагони сел хоҳанд супурд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз сокинон, аз ҷумла зоирони Ҳаҷ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон гуфтанд, ки мақомоти ин ноҳия аз онҳо хостаанд, аввал ҳар кадомашон 1200 сомонӣ ба афроди осебдида кумак карда, сипас санади сафари Ҳаҷро дарёфт хоҳанд кард. Аммо ба дунбол Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ изҳор дошт, ки чунин даъво асос надорад ва афзуд, “ҳеч кас ҳақ надорад, ки иҷборӣ аз зоирони Хонаи Худо маблағ биситонад.”

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG