Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бунёди нақб дар роҳи оҳани Ёвон-Қӯрғонтеппа оғоз ёфт


Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 15−уми май сохтмони нақбҳои роҳи оҳанеро расман оғоз бахшид, ки билохира вилояти Хатлонро аз инзивои иртибототӣ раҳо хоҳад кард.

Ин нақб дар миёнаи қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат Ёвон қарор дорад ва дарозиашон дар маҷмӯъ 3 километру 755 метр аст.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар оғози расмии сохтмони ин нақб гуфт, то ба ҳол хатҳои роҳи оҳани ҷумҳурӣ дар шимол марказ ва ҷануб аз ҳам ҷудоянд ва дар сурати анҷоми сохтмони ин нақб ҷануби кишвар бо марказ пайваст хоҳад шуд. Вай гуфт: “

“Роҳи оҳани Тоҷикистон аз се қитъа иборат мебошад, вале ин қитъаҳо аз ҳамдигар ҷудо буда, танҳо баъди убури ҳудуди кишварҳои ҳамсоя бо ҳамдигар пайваст мешаванд, ки чунин ҳолат душвориҳои зиёдеро пеш меорад.”

Ин гуфтаҳои раисҷумҳур дар ҳолест, ки ки Узабкистон қитъаи роҳи оҳани “Ғалаба−Амузанг”− ягона роҳи оҳане, ки вилояти Хатлонро бо марказ ва хориҷи кишвар мепайваст соли 2011 бо тавҷеҳи “таркиш” дар як пул баст ва баъдан ин қитъаи роҳро комилан тахриб кард.

Баъд аз ним соли тахириби ин роҳ масъулони вилояти Хатлон гуфта буданд, ки танҳо аз ҳисоби боҷи гумрукӣ беш аз 45 миллион доллар ба иқтисоди ин минтақа зиён ворид шудааст. Зиёни пурраи ба Тоҷикистон расида аз тахриби ин роҳ ҳисоб нашудааст, аммо бино бар арзёбии иқтисоддонҳо зарари кишвар аз масдуд шудани ин роҳ ба миллионҳо доллар расид ва ба рушди вилояти Хатлон халал ворид кард

Ин аст, ки Тоҷикистон талош дорад ҳарчи зудтар сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат Ёвонро ба анҷом расонад ва иртиботи вилояти Хатлонро бо маркази кишвар аз тариқи роҳи оҳан таъмин кунад.

“Агар нархи кашондани як тонна бор аз Душанбе то Қурғонтеппа ба ҳисоби миёна 120 сомониро ташкил диҳад бо роҳи нав 30 сомонӣ хоҳад буд. Яъне 90 сомонӣ арзонтар хоҳад шуд”- гуфт раисиҷуҳмури Тоҷикистон.

Роҳҳои оҳани Тоҷикистону Узбакитсон аксаран дар солҳои шӯравӣ, дар замоне бунёд шуданд, ки ин ду кишвар узви як Иттиҳод буданд ва ҳеҷ монеае дар убуру мурури инсонҳо ва молу мавод вуҷуд надошт. Аммо баъд аз суқути шӯравӣ, роҳи оҳани байни ду кишвар, аз як комуникатсияи маъмулӣ ба як қартаи сиёсӣ табдил шуд ва дар авоили солҳои 1990-уми асри гузашта Узбакистон Тоҷикистонро дар блокадаи тӯлонӣ қарор дод. Дар солҳои баъди истиқлолият ниқ қаторҳои ду кишвар маҷбур буданд барои ҳаракат дар дохил низ қаламрави давлати ҳамсояро убур кунанд. Ин убуру мурур маъмулан бо пул сурат мегирифт.

Узбакистон, ки ба вилояти Фарғона бо истифода аз қитъаҳои роҳи оҳани вилояти Суғд бор мекашонд солона ба Тоҷикистон аз иҷораи роҳ 15 миллион доллар медод. Ҳамин тавр Тоҷикистон низ барои истифодаи қаламрави узбакистон ба ин кишвар солона то 160 миллион доллар боҷ медод.Аммо ахиранд Тошканд ба сохтмони нақби роҳи оҳани беш аз 7 километрӣ шуруъ кард, ки вобастагии Узбакистонро аз Тоҷикистон рафъ хоҳад кард.

Бурӣ Каримов, собиқ вазири нақлиёт ва ноиби сарвазири Тоҷикистон дар солҳои 1990−ум мегӯяд, сиёсати роҳсозии давлати шӯравӣ тавре буд, ки кишварҳои аъзояшро тариқи роҳҳо вобастаи ҳамдигар мекард. Ӯ мегӯяд, “аз сӯи дигар сохмтони роҳ дар шароити кӯҳсори мо маблағҳои зиёдеро талаб мекунанд. Аз ин рӯ, давлати Шӯравӣ шеваи арзонтари роҳсозиро пеш мегирифт ва дуртар ҳам бошад, тариқи ҳамвориҳо роҳ месохт.”

Қисмати роҳи оҳан, то расидан ба нақбро Тоҷикистон бо пули худаш сохтааст ва то ҳол 249 миллион сомонӣ сарф кардааст. Ин кишвар барои бунёди нақби роҳи оҳани аз «Эксимбонк»-и Чин низ ҳудуди 60 миллион доллар қарз гирифтааст. Сохтмони ин нақби роҳи оҳанро ширкати «19-уми роҳи оҳани Чин» анҷом хоҳад дод. Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда миёни ин ширкат ва давлати Тоҷикистон сохтмони иншооти зикршуда бояд то моҳи сентябри соли 2016 сол ба итмом расад.

Ба сохтмони қитъаи роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа 13 ширкати гуногун машғул буда, паймонкори кулли сохтмон ширкати «Роҳсоз»-и КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мебошад. Бино ба маъуломи Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон то имрӯз 40 дарсади корҳои сохтмон ба иҷро расиданд. Дар ҳоли ҳозир беш аз 8 километри роҳ – 5 километр аз самти Ваҳдат ва 3 километр аз самти Ёвон сохта шудааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG