Пайвандҳои дастрасӣ

Э.Раҳмон асосгузори Тоҷикистони мустақил эълон шуд (ВИДЕО)


Бар асоси тарҳи нави қонуни конститутсионии Тоҷикистон "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат", Эмомалӣ Раҳмон "асосгузори Тоҷикистони мустақил" эълон шудааст. Дар ин бора хабаргузории расмии "Ховар" хабар дод. Эмомалӣ Насриддинзода - вакили Маҷлиси намояндагон - рӯзи 26 октябр ҳангоми муаррифии тарҳ гуфт, ки бар асоси ин тағйирот Пешвои миллат аз имтиёзҳои дигар ҳам бархӯрдор гардидааст.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Аз нуқтаи назари илми сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи сиёсӣ асосгузори давлати мустақили Тоҷикистон гуфтани Эмомалӣ Раҳмон хато аст ва заминаи илмӣ надорад

Вай гуфт, бар асоси қонуни нав "ба Пешвои миллат ҷои махсус ва таҷҳизоти махсус ҷудо карда шуда, ордену Фонди ӯ таъсис хоҳад ёфт." Насриддинзода афзуд, ин тарҳи қонун аз ҷониби чаҳор вакили палатаи поёнии порлумон таҳия шуда, аз сарсухан ва 19 модда иборат аст. Қонуни пешинаи "Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат" аз 16 модда иборат буд.

Порлумони Тоҷикистон рӯзи чоршанбе тарҳи "Таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати президенти Тоҷикистон"-ро баррасӣ кард. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, гуфт, ки ин қонун дар бораи президенти Тоҷикистон аст, на шахсият. Раиси Маҷлиси намояндагон ин нуктаро баъди суханронии иддае аз вакилон, ки ҳангоми тасвиби ин тарҳ аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон таърифу тавсиф карданд, баён дошт.

Моҳи декабри соли гузашта ду палатаи порлумони Тоҷикистон қонун "Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат"-ро тасвиб карда ва онро раиси ҷумҳур рӯзи 25 декабр имзо гузошт. Ин қонун вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ, салоҳият, дахлнопазирӣ, бунёди осорхона, бойгонӣ, китобхона, амният ва кафолатҳои иҷтимоию иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро муқаррар мекунад.

Шокирҷон Ҳакимов: Зарурат барои чунин қонун вуҷуд надорад

Муовини раиси ҳизби Сотсиал-демократи Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, барои қабули чунин қонун "зарурате вуҷуд надорад" ва шахси президентро "асосгузори Тоҷикистони мустақил" эълон кардан як масъалаи баҳсбарангез аст. Вай гуфт, "салоҳияти президенти Тоҷикистон - раҳбарии давлат, ҳукумат ва сарфармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи кишвар аст.

Замони қабули Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон рӯзи 9 сентябри соли 1991 Эмомалӣ Раҳмонов танҳо вакили парлумон буду на танҳо дар мақомҳои раиси парлумону муовинони он, балки раиси Кумита ё комиссияи маҷлис набуд. Аз нуқтаи назари илми сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи сиёсӣ асосгузори давлати мустақили Тоҷикистон гуфтани Эмомалӣ Раҳмон хато аст ва заминаи илмӣ надорад. Ман гумон намекунам, ки чунин қонунҳо ба манфиати Эмомалӣ Раҳмон ва қавитару бештар шудани заминаи иҷтимоии вай, бахусус баланд шудани эътибори байналмилалиаш шавад".

Ҳакимов бо изҳори таассуф гуфт, ки "ба ҷои истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, ки шакли ҷумҳурӣ ва низоми демократиро доранд, Тоҷикистон аз паси кишварҳои пасошӯравӣ ё дигар давлатҳои худкома рафта, таҷрибаҳои бади сиёсии онҳоро қабул мекунад, ки бар манфиати ваҳдати миллӣ набуда ва эътибори байналмилалии онро халалдор мекунад".

Раҳмон: аз Қасри Арбоб то имрӯз

Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳоло 64 сол дорад, 19 ноябри соли 1992 дар 40-солагӣ дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ – порлумони вақти Тоҷикистон раиси ин Шӯро ва табъан раҳбари аввали кишвар интихоб шуд. Дар он рӯзҳо дар манотиқи ҷануб ва маркази Тоҷикистон задухӯрдҳои мусаллаҳона байни нерӯҳои Фронти халқӣ ва нерӯҳои содиқ ба ҳукумати муросои миллӣ ҳанӯз идома дошт ва ба ин далел иҷлосияи 16-уми Шӯрои олиро дар Қасри Арбоб дар канори шаҳри Хуҷанд баргузор карданд.

Абдумалик Абдуллоҷонов таҳти пайгарди мақомоти Тоҷикистон аст

Абдумалик Абдуллоҷонов таҳти пайгарди мақомоти Тоҷикистон аст

Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр, дар интихоботи президентии соли 1994 бо пирӯзӣ бар рақибаш сафири вақти Тоҷикистон дар Русия Абдумалик Абдуллоҷонов ба мақоми раиси ҷумҳур расид. Ӯ дар интихоботи президентии соли 1999 замони раёсати худро барои 7 соли дигар тамдид кард ва бо тағйири Қонуни асосӣ дар соли 2003 ҳаққи ширкат боз дар ду интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст овард. Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр, дар интихоботҳои президентии солҳои 2006 ва 2013 баранда шуд.

Тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон хатми ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳ дар кишвар, эҳёи иқтисоди дар солҳои ҷанг фалаҷшудаи Тоҷикистон ва авҷи сохтмонҳо дар солҳои охир, бахусус бунёди нақбҳои Истиқлолу Шаҳристон ва тармими шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд, бунёди шоҳроҳи Кӯлоб – Кулма - Қароқурум, ки Тоҷикистонро ба Чин пайваст, бунёди нақбҳои Чормағзаку Шаршар ва бозсозии шоҳроҳи Душанбе – Ҷиргатолро аз комёбиҳои умдаи раёсати Эмомалӣ Раҳмон дар 24 соли раҳбариаш мешуморанд.

Аммо мунтақидон мегӯянд, бо гузашти 24 сол ҳукумат ҳанӯз натавонистааст мардумашро бо газу нерӯи барқи доимӣ ва ҷои кор таъмин кунад ва асбоби таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон то ҳол аз ҳисоби муҳоҷират дар Русия ба даст меояд. Мояи дигари норизоият - тамаркузи бештари қудрат, таҳкими мавқеи аъзои хонавода дар ҳукумат ва аз саҳнаи сиёсӣ дур кардани оппозитсияи сиёсии мисли ҲНИТ шудааст, ки ба қавли мунаққидон, плюрализми сиёсиро аз байн мебарад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG