Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Коршиносон мегӯянд, ки парлумони феълӣ дар муқоиса бо парлумони қаблӣ "орому хомӯш" буда, иҷлосияҳо низ бидуни баҳс баргузор шуда ва ҳама гуна тарҳҳои ворида аз сӯйи раиси ҷумҳуру ҳукумат бо аксари кулли оро тасвиб мешаванд.

Бархе аз коршиносони мустақили Тоҷикистон дар заминаи арзёбии фаъолияти яксолаи парлумон, ки аз ҷумлаи 63 вакил бештарашон намояндагони Ҳизби ҳокими халқии демократӣ ҳастанд, ин ниҳодро на сохтори мустақили қонунбарор, балки як ниҳоди таҳти назорати давлат хондаанд.

Нуриддин Қаршибоев

Нуриддин Қаршибоев

Нуриддин Қаршибоев, коршиноси масоили сиёсӣ, далели ин амрро ба ҳузури вакилони тарафдори ҳукумат ва роҳ наёфтани намояндагони мустақилу мухолиф ба парлумонро марбут медонад, ки ба гуфтаи ӯ маъмулан ҳама дастуру лоиҳаҳои ҳукуматро якдилона тасвиб мекунад.

"Вакилон хомӯширо ихтиёр кардаанд. Ҳатто раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ин ҳолатро мавриди интиқод қарор дода буд. Аз ин лиҳоз, душвор аст гуфтан, ки парлумон як шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон аст. Дар парлумон плюрализми сиёсӣ ба назар намерасад. Парлумон рисолати аслии худро дар назди ҷомеа иҷро карда наметавонад. Дар хотир надорам, ки ин парлумон дар як соли фаъолият қонунеро қабул карда бошад, ки зиндагии мардумро осон кунад".

Аммо Абдуҳалим Ғаффорзода, узви Кумитаи иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон иддаоҳоро дар мавриди "парлумони хомӯш" рад карда ва гуфт, ки ин бароварди афродест, ки аз фаъолияти воқеъии Маҷлиси намояндагони тасаввуроте надорад.

Ӯ гуфт: "Як лоиҳаи қонунро 9 кумита ва шӯрои парлумон мебинад. Баҳсҳои асосӣ дар ин ҷо сурат мегирад. Қонун пухта расида баъд ба иҷлосия пешниҳод мешавад. Агар лоиҳаи қонун камбудӣ надошта бошад, чӣ гуна баҳсу талошҳо анҷом мешавад? Ба фикри ман, дар парлумони Тоҷикистон бояд одоби шарқиёна ҳукмрон бошад, вакилон фикру андешаҳои худро ба таври шарқиёна, боодобона иброз кунанд. Аз муноқишаю даст ба гиребон шудани вакилони парлумони Украина парҳез бояд кард. Зеро ин ба манфиати миллат набуда, балки ба манфаати гурӯҳӣ аст".

Абдуҳалим Ғаффорзода

Абдуҳалим Ғаффорзода

Абдуҳалим Ғаффорзода зимни таъкид ба қонунҳое, ки ба манфиати ҷомеа қабул шудааст, ба тасвиби қонуни нави "Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ишора кард, ки масъулияти ниҳодҳои давлатиро барои расидагӣ ба муроҷиати сокинони кишвар бештар кард. Бар асоси ин қонун, масъулоне, ки дар баррасии дархости шаҳрвандон беэътиноӣ мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Қонун дар бораи муроҷиати шаҳрвандон аз соли 1996, ҷавобгарӣ ё танбеҳ барои мақомот пешбинӣ намекард.

Шарофиддин Сироҷов, вакили Маҷлиси намояндагон низ аз фаъолияти парлумони феълӣ ситоиш карда ва гуфт, ки қонуну қарорҳои ин парлумон ба манфиати миллату ҷомеаи Тоҷикистон будааст. "Қонуне, ки ба манфиати мардуми Тоҷикистон аст, ин ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия-Сарқонун аст. Тарҳи ин қонун 3 моҳ баррасӣ шуд. Қонунҳои дигари муҳим "Рӯзи президент" ва "Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат" ҳастанд, ки ба манфиати мардум қабул шудаанд".

Зимнан, дар моҳи январи соли ҷорӣ Маҷлиси намояндагон ба Қонуни асосии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид кард, ки тибқи онҳо синни номзад ба мақоми президентӣ аз 35 то 30 сол поин омада ва Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат метавонад бидуни маҳдудият борҳо президент интихоб шавад.

Ин тағйирот ба гуфтаи коршиносон, танҳо барои нухбагони болонишин аст ва роҳи фарзандони онҳоро ба қудрат ҳамвор мекунад. Барои намуна писари раиси ҷуҳмури феълӣ, ки то интихоботи оянда дар соли 2020 синнаш аз сӣ мегузарад, метавонад вориди сабқати раёсати ҷумҳур шавад.

Хабарнигорони порлумонӣ мегӯянд, ҳоло дар Маҷлиси намояндагон вакиле намондааст, ки аз ҳукумат танқид кунад ва ё тарҳҳои ҳукуматро ба чолиш бикашад. Дар ин парлумон, ки 63 курсӣ дорад, ҳоло 76 дарсади вакилонро аъзои Ҳизби ҳокими халқии демократӣ ташкил медиҳанд. Намояндагони 5 ҳизби дигар, ки ба парлумон роҳ ёфтанд, ба сурати умум аз муттаҳидони ҳизби ҳоким шумурда мешаванд.

Ҳумайрои Бахтиёр

Ҳумайрои Бахтиёр

Дар парлумонҳои пешин ҳаддиақал ду ва ё се вакиле аз аҳзоби мухолиф, назири коммунист ва наҳзат буданд, ки садо баланд мекарданд ва мавқеи худро баён медоштанд. Махсусан, дар баррасии тарҳҳои иҷтимоӣ ё имтиёздиҳӣ ба ширкатҳои хос садои Шодӣ Шабдолов ва Муҳиддин Кабирӣ, раҳбарони ҳизбҳои коммунист ва наҳзати исломӣ шунида мешуд.

Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори парлумонӣ мегӯяд, “Ҳоло исбот шуд, ки ҳокимияти иҷроияи Тоҷикистон хостори як парлумони озодандеш ва мустақил нест. Ҳар қонуну қарори ҳукумат бидуни баҳс қабул мешавад. Баъзан дар кори парлумон ҳолати ифрот низ ба назар мерасад. Масалан, ба ҳангоми баррасии лоиҳаи Қонуни "Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат" ба ҷои баҳсу баррасии моддаҳои ин санад тамоми вакилон ба навбат дар васфи Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда ва ҳатто шеърҳои қироат мекарданд".

Ҳамчунин, хабарнигорон мегӯянд, дар пайи ворид шудани тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳаққи қонунии қатъи иртиботи телефонӣ ва Интернетро дар рӯзҳои баргузории амалиёти зиддитеррористӣ ба даст оварда ва ин кор на танҳо дар минтақаи ҷудогона, балки дар кулли ҷумҳурӣ анҷом хоҳад шуд. Ин ислоҳ дасти ниҳодҳои марбутаи давлати Тоҷикистонро барои бастани торнамои хабарии мустақил ва маҳдуд сохтани озодии баён дар кишвар боз хоҳад кард.

Ҳамзамон, хабарнигорони дигари порлумонӣ мегӯянд, парлумони нав дар муқоиса ба парлумони қаблӣ дар мавриди таҳаввулоти дохили кишвар ва ҳодисаҳои нисбати муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия вокунишҳое нишон додаааст.

Аз ҷумла, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба ҳодисаи фавти мармузи Умаралӣ Назарови 5-моҳа, писари муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург ва куштаю захмӣ шудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар қабристони Хованскоеи Маскав вокуниш нишон дода ва аз мақомоти Шӯрои Федератсия ва Думаи давлатии Русия хост, то ин ҳодисаҳо ҷиддӣ ва мунсифона таҳқиқ бозрасӣ шуда ва омилони онҳо муҷозот шаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG