Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаззофӣ музокиротро ба рӯзи қиёмат монд


Ҳокими Либия Муаммар Қаззофӣ музокирот бо чирикиҳоеро, ки алайҳи 42 соли ҳукумати ӯ меҷанганд, радд кард. Қаззофӣ гуфт,бо чирикиҳо ҳатто “то рӯзи қиёмат” музокира нахоҳад кард. Паёми садоии Қаззофӣ дар раҳпаймоие садо дод, ки дар зодгоҳи ӯ –Сирте –доир шуд. Фаронса қаблан гуфта буд, ки Қаззофӣ дар сурати рафтанаш аз қудрат метавонад дар Либия бимонад. Амрико аммо гуфт, Қаззофӣ бояд аз мақом биравад, вале мондан ё намондани ӯ дар Либияро худи мардуми Либия баъдан ҳалл хоҳанд кард. Иттиҳоди давлатҳои Африқо хостори музокирот ба хотири хатми низоъи Либия шудааст.
XS
SM
MD
LG