Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати “Pussy Riot” ба бойкоти Олимпиада (2 ВИДЕО)


Надежда Толоконникова
Надежда Толоконникова

Рӯзи 23 декабр Надежда Толоконникова ва Мария Алёхина, ду узви зиндонии гурӯҳи “Pussy Riot” озод шуданд.

Надежда Толоконниковаро рӯзи 23 декабр аз зиндони воқеъ дар шаҳри Красноярски минтақаи Сибир ва Мария Алёхинаро аз маҳбаси дигар дар Нижний Новгород озод карданд. Дар нахустин мулоқоташ бо хабарнигорон вай ба бойкоти Бозиҳои олимпии Сочӣ даъват намуд ва гуфт:

"Ин афв як чораи зоҳирпарастона аст ва онҳоеро озод мекунанд, ки то поёни муҳлаташон як-ду моҳ мондааст. Озод кардани Ходорковский, ки низ аз муҳлати асосиаш вақти кам монда буд, хандаовар аст. Чунин афв мебоист густардатар мебуд, то кишварҳои аврупоӣ муносибаташонро ба Бозиҳои олимпии Сочӣ иваз кунанд. Вале ҳоло ман ба бойкот ва ростӣ давъат мекунам. Ман ҳоло даъват мекунам, ки мо худро барои он ҳама нафту газе, ки Русия медиҳад, нафурӯшем. Ман ба мурооти меъёрҳои инсонӣ, анъана ва қоидаҳое даъват мекунам, ки Аврупо рушди онҳоро мехоҳад. Он гоҳ ҳақиқат воқеан пиррӯз хоҳад гашт."

Толоконникова афзуд, ки аз ин ба баъд бо ҳифзи ҳуқуқи инсон машғул хоҳад буд ва ба ҳаққи маҳбусон расидагӣ хоҳад кард, зеро кишвараш худ як маҳбаси бузург аст. Аввалин дидори Надежда Толоконниковаро бо хабарнигорон дар ин навор дида метавонед:

Узви озодшудаи "Pussy Riot"ба бойкоти Олимпиадаи Сочӣ даъват кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00

Мария Алёхина, ки рӯзи душанбе чанд соат пештар аз ҳамсафаш Толоконникова аз маҳбас раҳо шуд, гуфт, агар метавонист, афви раисиҷумҳур Владимир Путинро рад мекард. Мария Алёхина баъди раҳоияшба шабакаи телевизиони интернетии “Дожд” гуфт, мондан дар зиндон ё намондан дар ихтиёри худи ӯ набуд.

Мария Алёхина
Мария Алёхина
Алёхина афви ахири эълоншуда аз сӯи ҳукумати Русияро “хокпошӣ ба чашми ҷомиа” номид: “Агар ман хурдтарин имкони истифода набурдан аз ин афвро медоштам, онро тамоман рад мекардам. Вале маъмурияти маҳбас ин қонунро иҷро кард. Дар ин маврид ман ба як бадани манқул мемондам ва чизе аз худам вобаста набуд. Агар ман имкони рад кардани афвро медоштам, ин корро мекардам.”

Мария Алёхина афзуд, ки мехоҳад ба ҳимоят аз ҳуқуқи башар машғул шавад ва умедвор аст, ки ҳамроҳ бо шарики дигараш аз “Pussy Riot” Наджеда Толоконникова, ки ҳанӯз озод нашудааст.

Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии парлумони Русия дар ҳафтаи гузашта ба муносибати солигарди 20-уми тасвиби Қонуни асосии ин кишвар бо иттифоқи оро қонуни афверо қабул кард, ки раҳоии як силсила маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла Алёхина ва Толоконниковаро дар назар дорад.


Верзилов дар интизори хабари раҳоии ҳамсараш
Верзилов дар интизори хабари раҳоии ҳамсараш
Толоконникова моҳе пеш ба маҳбасе дар шаҳри Красноярски минтақаи сарди Сибир интиқол дода шуд. Ӯ қабл аз ин дар зиндони воқеъ дар ҷумҳурии Мордовия ба нишони эътироз ба шароити ин маҳбас ва чанд таҳдиди марг, ки аз сӯи маъмурони зиндон алайҳи ӯ садо додаанд, даст ба гуруснанишинӣ зада буд. Толоконниковаро дар берун аз маҳбас шавҳараш Пётр Верзилов, ки ба ин хотир ба Красноярск рафтааст, пешвоз гирифтааст.

Надежда Толоконникова ба хабарнигорони ҷамъшуда дар назди дарвозаи зиндон гуфт, рӯзи раҳоияшро кадом рӯзи вижае эҳсос намекунад. Ӯ ҳамчунин давлатҳои Ғарбро ба бойкоти Олимпиадаи Сочӣ ва ҳукумати Русияро ба раҳоии тамоми маҳбусони сиёсие, ки дар зиндонҳояш боқӣ мондаанд, даъват кард.


Мария Алёхина, Надежда Толоконникова ва узви дигари гурӯҳи “Pussy Riot” Екатерина Самутсевич дар моҳи марти соли 2012 дар пайи як ҳунарнамоии густохона, ё худ, “панк-намоз”, алайҳи Владимир Путин дар калисои Исои Наҷотбахш, дар рӯбарӯи Кремл, дастгир шуданд. Додгоҳ онҳоро бо ҷурми авбошӣ дусолӣ ҳукми зиндон дод, вале ҳукми Самутсевичро баъди чанде бо ҳукми шартӣ иваз карданд.

Навори он "панк-намоз"-и зидди Путинро, ки ин се духтарро ба кунҷи зиндон бурд, метавонед инҷо тамошо кунед:

Pussy Riot дар ибодатгоҳи Исои Наҷотбахш
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:34 0:00
Линки мустақим


Ҳукми аъзои ин гурӯҳи панкҳо ҳамчун як ҳукми беш аз ҳад сангин ба маҳкумияти давлатҳои Ғарб ва гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар дучор шуда буд. Ба ҳимоят аз ин се маҳбус дар саросари дунё бо ҷалби ситораҳои ҳунар маъракаи густардае ҳам ба роҳ андохта шуд.


Ходорковский дар Берлин
Ходорковский дар Берлин
Рӯзи 20 декабр бар асоси қонуни афви ахир Михаил Ходорковский, миллардери собиқи рус низ аз маҳбас раҳо ёфт. Михаил Ходорковский, молики ширкати нафтии “Юкос” ва дар гузашта сарватмандтарин марди Русия, ки дороияш 15 миллиард доллар баровард мешуд, ҳанӯз дар соли 2003 дар пайи як баҳси лафзӣ бо раисиҷумҳур Владимир Путин бо иттиҳомоти иқтисодӣ дастгир шуда, дар ин муддат ду дафъа бо ҷароими мухталиф ҳукми зиндон гирифт. Ходорковский, ки баъди раҳоияш билофосила ба Олмон рафт, рӯзи 22 декабр дар як нишасти хабарӣ дар Берлин гуфт, дигар ба тиҷорат ё сиёсат ҳам машғул намешавад, балки ба ҳимоят аз маҳбусони сиёсие тамаркуз хоҳад кард, ки ба гуфтаи ӯ, шуморашон дар зиндонҳои Русия ҳанӯз хеле зиёд аст.
XS
SM
MD
LG