Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Pussy Riot ба ду соли зиндон маҳкум шуданд


Додгоҳи Русия аъзои гурӯҳи мусиқии Pussy Riot-ро гунаҳгор донист.

Рӯзи ҷумъа додгоҳи минтақаи Хамовникии Маскав се узви гурӯҳи ҳунарии Pussy Riot-ро бо авбошӣ гунаҳгор дониста ба ду соли зиндон маҳкум кард. Ба қавли додрас се узви ин гурӯҳи панкҳои иғвоангез ба авбошӣ роҳ дода, эҳсоси мардуми диндорро таҳқир кардаанд. Ҳангоми қироати ҳукми гурӯҳ додрас Марина Сирова гуфт:


  • Толоконникова, Самутсевич ва Алёхина авбошӣ кардаанд. Ба ин маъно, ки онҳо ба назми ҷамъиятӣ латма зада, ба ҷомеа беэҳтиромӣ нишон доданд. Ин амал ҳамроҳ бо нафрати динӣ ва душмании як гурӯҳи ҷамъиятӣ сурат гирифтааст, ки ин амалро пешакӣ тарҳрезӣ кардаанд.

Идораи додситонӣ тақозо карда буд, ки аъзои ин гурӯҳ ба се соли ҳабс маҳкум шаванд. Моҳи феврал се узви гурӯҳи Pussy Riot Надежда Толоконникова, Мария Алёхина ва Екатерина Самусевич дар калисои Исои Наҷотбахши Маскав ба истилоҳ перформанс ё худ ҳунарнамоӣ бар зидди ҳукми президент Владимир Путин раҳандозӣ карда буда, дар таронааашон аз Марями пок хостанд, Русияро аз Владимир Путин, ки баъди чанд рӯз президенти Русия интихоб шуд, ҳифз кунад.


Парвандаи Pussy Riot ба ҳайси шаҳодати бетаҳаммулӣ дар Русия таваҷҷӯҳро ҷалб кардааст. Ин парванда ҳамчунон далели нуфузи фарогири калисои ортодокси насронӣ дар ин кишвар арзёбӣ мешавад.


Ситораҳои ҳунар Пол Маккарнӣ, Мадонна, Бйорк ва даҳҳо нафари дигар ба пуштибонӣ аз гурӯҳи Pussy Riot садо баланд кардаанд.


Рӯзи ҷумъа дар гирду атрофи додгоҳ тарафдорони гурӯҳ ҷамъ шуда, шиорҳои “Русия бидуни Путин”-ро замзама мекарданд. Полдис онҳоро муҳосира намуда, чанде аз онҳо мин ҷумла собиқ қаҳрамони ҷаҳон дар шоҳмотбозӣ Гаррӣ Каспаров ва пешвои Ҷабҳаи чапгаро Сергйе Удалтсовро боздошт намуд.Дар арафаи боздошташ Удалтсов ба хабарнигорон гуфт:

- Ман ҳеҷ гоҳ ҳаводори гурӯҳи Pussy Riot набудаам. То замоне, ки онҳоро ҳабс накарданд, ман аслан таваҷҷӯҳе ба эҷодиёти онҳо надоштам. Амали онҳо низ суоли зиёд матраҳ мекунад. Вале вақте дидам, ки интиқомҷӯи аз се духтари безарар оғоз ёфтааст, ман аз таҳти дил эътироз кардам.


Созмони ҳомии ҳуқуқи башар Амнести Интернешенел ҳукми додгоҳро маҳкум намуда, иброз дошт, ки ин кӯшиши бастани даҳони се хонуми ҷавон аст. Созмон се нафарро зиндонии сиёсӣ эълон кардааст.


Аъзои гурӯҳи мусиқии Pussy Riot гунаҳгор дониста шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:00 0:00

---
XS
SM
MD
LG