Пайвандҳои дастрасӣ

Имзои протокол байни ҳукумат ва эътирозгарони Хоруғ


Хоруғ. Акс аз 21 май

Хоруғ. Акс аз 21 май

Рӯзи 31 май дар Хоруғ протоколи байни ҳукумат ва намояндагони эътирозгарон, мавсум ба “ҷомиаи шаҳрвандии Бадахшон” ба имзо расид. Ҳукумат аз 9 талаби эътирозгарон 7 талабашро пазируфтааст.

Протоколи ниҳоӣ байни намояндагони ҳукумат ва эътирозгарони Хоруғ билохира рӯзи 31 май ба имзо расидааст. Ҷузъиёти ин санад, ки роҳҳои ҳалли бӯҳрони ахири сиёсӣ дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар бар мегирад, бино ба тавофуқи тарафайн нашр намешавад, вале намояндагони “ҷомиаи шаҳрвандӣ”-и Бадахшон, ки аз номи эътирозгарон бо ҳайати ҳукуматӣ вориди музокирот шуда буданд, мегӯянд, ҷониби ҳукумат ба сурати умум аз 9 талаби эътирозгарон 7 талабашро қабул кард.

Алим Шерзамонов, раҳбари созмони вилоятии ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон ва яке аз намояндагони эътирозгарон дар музокирот бо ҳукумат ва ҳам дар ҳайати кумиссиюни муштараки тафтиши рӯйдодҳои Хоруғ рӯзи 1 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, шарти асосӣ таъсиси кумиссиюни муштараки тафтишотӣ буд, ки алакай иҷро шудаву ин кумиссиюн ба кор шурӯъ кардааст.

Оқои Шерзамонов афзуд: “Дар мавриди як талаби дигар – афви эътирозгарон – машваратҳо ҳанӯз идома дорад. Аммо талаби то анҷоми тафтишот аз мақомҳояшон барканор кардани раҳбарони мақомоти интизомиву амниятии вилоят, ки то ҳамчун тарафи манфиатдор ба раванди тафтишот халал ворид накунанд, ба салоҳияти раисиҷумҳур вобаста будааст ва тасмимгирӣ дар ин масъала ба раисиҷумҳур вогузор карда шуд.”


Алим Шерзамонов

Алим Шерзамонов

Аз ҷумлаи талабҳои дигари эътирозгарон даъвати иҷлосияҳои изтирории Маҷлисҳои вакилони шаҳри Хоруғ ва вилояти Бадахшон ва баррасии вазъи вилоят дар ин иҷлосияҳо ва ба президенту ҳукумат расондану дар матбуот нашр кардани натоиҷи таҳқиқи ҳодисаҳои Хоруғ буд, ки ҷониби давлат ин ҳамаро пазируфтааст.

Протоколи Хоруғ нахустин санади расмиест, ки аз замони созишномаи сулҳи соли 1997 байни ҳукумат ва қишрҳои норозӣ ё мухолиф дар Тоҷикистон имзо мешавад. Тавофуқ дар мавриди зарурати имзои чунин санад дар музокироти рӯзи 25 майи фиристодаҳои Душанбе бо намояндагони “ҷомиаи шаҳрвандӣ”-и Бадахшон ба даст омада буд ва ироаи замонати хаттӣ дар мавриди ин тавофуқот яке аз 9 талаби эътирозгарон буд. Вале таҳрири матни хаттии протокол қариб 1 ҳафта тӯл кашид, то рӯзи 31 май билохира ниҳоӣ ва имзо шавад.

Ба протоколи ниҳоии байни ҳукумат ва эътирозгарони Хоруғ аз ҳарду тараф 8-нафарӣ имзо кардаанд:

Аз ҷониби ҳукумат:

Шералӣ Хайруллоев

Шералӣ Хайруллоев

Шералӣ Хайруллоев - ёвари президент дар масоили амният ва дифоъ,
Рамазон Раҳимзода - вазири умури дохила,
Шодихон Ҷамшедов – раиси вилояти Бадахшон,
Фаромӯз Имомназаров – шаҳрдори Хоруғ,
Сӯҳроб Паноев – муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ,
Холбаш Холбашев – сардори раёсати нирӯҳои марзбонии Бадахшон,
Абдулло Навҷувонов - муовини вазири умури дохила,
Ғарибшо Сӯфишоев – аз масъулони вазорати беҳдошти Тоҷикистон.

Ба намояндагӣ аз эътирозгарон:

Халифа Музаффар Давлатмиров - рӯҳонӣ,
Фаромӯз Эргашов – ҳуқуқшинос,
Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров - раиси маҳаллаи Хоруғи боло,
Толиб Аёмбеков - раиси маҳаллаи “Хлебзавод”,
Зоир Раҷабов - раиси махаллаи УПД,
Ёғибек Ёғибеков - намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ,
Алим Шерзамонов - раҳбари бахши вилоятии ҳизби сотсиал-демократ ва
Улфатхоним Мамадшоева, раҳбари созмони “Номус ва инсоф”.


Оддӣ сохтани вазъ дар маркази маъмурии вилояти мухтори Бадахшон дар пайи эътирозҳои рӯзҳои 21-25 май ҳадафи аслии таҳияи протоколи Хоруғ гуфта мешавад.

4 кушта ва 6 захмӣ - дар эътирозҳои Хоруғ

Хоруғ.Акс аз 21 май

Хоруғ.Акс аз 21 май

Эътирозҳои Хоруғ рӯзи 21 май, дар пайи як тирандозӣ дар маркази шаҳр оғоз ёфт. Дар ҷараёни як амалиёт, ки ба гуфтаи пулис, алайҳи қочоқбарони маводи мухаддир сурат мегирифт, 3 нафар, бо шумули як афсари ОМОН, кушта ва 4 тани дигар захмӣ шуданд. Ба дунболи тирпарронӣ, ҷамъе аз сокинони Хоруғ бо талаби раҳоии боздоштшудаҳо ва муҷозоти ходимони ОМОН ба назди бинои идораи умури дохилаи вилояти Бадахшон рехтанд ва бинои пулису амният ва додситонӣ ва ҳамчунин ду мошини пулису як мошини марбут ба як корманди додситонӣ ва ҳам манзили сардори идораи умури дохилаи Хоруғ полковник Бахтибековро дар маҳаллаи Бархоруғ оташ заданд.

Шаби 23 май дар як ҳодисаи дигар, ки мақомот талоши ҳамла ба бинои раёсати амнияти миллии вилояти Бадахшон унвонаш карданд, боз як нафар куштаву дуи дигар захмӣ шуданд.

Вилояти мухтори Бадахшон 220 000 аҳолӣ дошта, бо 64 200 километри мураббаъ қаламраваш, ки 45 дарсади ҳудуди Тоҷикистонро ташкил медиҳад, аз нигоҳи масоҳат бузургтарин вилояти ин кишвар ба шумор меравад. Дар ин вилоят аксаран пайравони равияи исмоилияи мазҳаби шиа ба сар мебаранд. Дар қаламрави Бадахшон ягон корхонаи бузурги саноатӣ вуҷуд надорад ва аҳолиаш асосан аз ҳисоби кишоварзӣ ё муҳоҷират ба Русияву кишварҳои дигар рӯз мебарад.

Фақри саросарӣ дар Бадахшон ва мушкил будани таъмини ҳифозати марзҳояш ин минтақаи кӯҳистониро ба як масири қочоқи маводи мухаддир ва сангҳои қиматбаҳо табдил додааст. Нооромиҳои ахир дар Хоруғ низ дар пайи як амалиёти, ба гуфтаи пулис, боздошти қочоқбарон оғоз ёфт.

Бадахшон аз нигоҳи амниятӣ аз ҳалқаҳои заифи занҷири амниятии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар тобистони соли 2012 дар пайи қатли раиси идораи амнияти ин вилоят генерал Абдулло Назаров нирӯҳои давлатӣ дар Хоруғ амалиёти вижаеро алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи худсар ба роҳ андохтанд, ки мунҷар ба ҳалокати зери 70 нафар аз ҳарду тараф шуд.

Имомназар Имомназаров

Имомназар Имомназаров

Дар тобистони соли 2012 фармондеҳии гурӯҳҳои худсари Хоруғро ба 4 нафар нисбат медоданд. Аз он миён Имомназар Имомназаров дар августи соли 2012 дар як ҳамлаи то ҳол мармуз дар манзилаш дар Хоруғ кушта шуд. Толиб Аёмбеков ва Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ба ҳайси раисони ду маҳаллаи Хоруғ дар протоколи рӯзи 31 май аз номи эътирозгарон имзо гузоштанд. Танҳо Ёдгор Мамадасламов - фармондеҳи чоруми Хоруғ, ки гуфта мешавад, аз набераҳои Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур мебошад, баъди нооромиҳои моҳи июли соли 2012 зоҳиран аз саҳна канор рафт ва ба фарқ аз ҳамсафони собиқаш, дигар аз худ дарак надодааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG