Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ раиси маҳбасро ҷарима ва сардухтурро зиндонӣ кард


Аҷик Қаюмов пас аз заҳролудшавии таркиби хунаш дар зиндон (Акс аз видео гирифта шудааст)
Аҷик Қаюмов пас аз заҳролудшавии таркиби хунаш дар зиндон (Акс аз видео гирифта шудааст)

Додгоҳи ноҳияи Ваҳдат сардори маҳбаси рақами се (Кирпичная зона)-ро ҷарима карда, сардухтурро ба зиндон фиристодааст.

Додгоҳи ноҳияи Ваҳдат Давлат Раҳимов, раиси собиқи зиндони рақами 3, маъруф ба "Кирпичная зона" ва Саидхон Расулов, сардухтури ҳамин маҳбасро барои "бемасъулиятӣ" дар марги Аҷик Қаюмов ба ҷазоҳои мухталиф маҳкум кардааст.

Абдурасул Розиқов, яке аз наздикони Аҷик Қаюмов рӯзи 20-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин бора ба онҳо нусхаи хулосаи додгоҳ пешниҳод шудааст. Ба қавли Розиқов, мувофиқи ҳукми додгоҳ, ки дар ҳафтаи гузашта содир шуд, Давлат Раҳимов барои бепарвоӣ ва хунукназарӣ 26 ҳазор сомонӣ ҷарима ва Саидхон Расулов барои саривақт нарасонидани кӯмаки тиббӣ ба Аҷик Қаюмов, ки 26-уми июни соли ҷорӣ дар маҳбас худкушӣ кард, ба муҳлати ду сол аз озодӣ маҳрум гардидааст.

Наздикони Аҷик Қаюмов мегӯянд, ба нишони эътироз аз ҳукми додгоҳи Ваҳадат ба Додгоҳи олӣ шикоят хоҳанд бурд, зеро ба қавли онҳо "масъулони маҳбас ба ҷазои сангинтар сазоворанд".

Дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон низ рӯзи шанбе хабари содир шудани ҳукми додгоҳи ноҳияи Ваҳдат дар мавриди масъулони зиндони рақами 3, маъруф ба "Кирпичная зона"-ро тасдиқ кард. Аҷик Қаюмови 26-сола, зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, рӯзи 26-уми июни соли ҷорӣ дар пайи захми теғ, ки худа ба пояш задааст, фавтид.

Моҳи августи соли ҷорӣ нафаре, ки худро Усмон Абу Муҳаммад муррифӣ намуд, дар номае ба унвони Радиои Озодӣ навишта буд, ки марги се зиндонӣ дар муассисаи ислоҳии мавсум ба “Кирпичная зона”-и ноҳияи Ваҳдат ба далели беэътиноӣ ва бадрафтории раҳбарони ин зиндон будааст. Дар номае, ки аз тариқи Фейсбук ба мо расид, ин фард мегӯяд, рӯзи 12-уми июн Нӯъмон Сатторқулов, соли тавалудаш 1973, зодаи ноҳияи Конибодом ба далоили норӯшан худро дар утоқи кории сардори даста ба дор овехтааст. Ба навиштаи ин шахс, рӯзи дигар - 22-юми июн Алишер Қосимови 26-сола, як сокини Душанбе, низ баъд аз кӯшишҳои зиёд ва танҳо дар ҳолати марг ба бемористони марказии раёсати зиндонҳои Вазорати адлия интиқол ёфта, он ҷо фавтидааст.

Дар ин нома ҳамчунин иддао мешавад, ки рӯзи 26-уми июни соли равон, зиндоние бо номи Аҷик Қаюмов ҳам дар зиндон даргузашт. Дар ин нома гуфта мешавад, ҷавони зиндонӣ баъди ба пои худ задани теғи заҳролуде хунашро олуда карда, “баъди азоби чандрӯза” ва беэътиноии маъмурияти муассиса, даргузашт.

Ҳамроҳ бо ин нома як навори видеоӣ ҳам дастраси мо шуда буд, ки ба қавли фиристандаи он Аҷик Қаюмов рӯзҳои охири умрашро сипарӣ мекард.

Зиндонӣ Аҷик Қаюмов дар лаҳзаҳои пеш аз марг
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:44 0:00
Линки мустақим

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG