Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти ИМА ба озодии журналистони зиндонӣ даъват намуд


Аз миёни садҳо журналисте, ки дар саросари ҷаҳон дар зиндон қарор доранд, ҳашт нафарашон дар маҳсабҳои Тоҷикистон қарор доранд.

Президенти ИМА Ҷо Байден дар паёмаш ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот рӯзи 3 май ба озод кардани ҳамаи журналистони зиндонӣ дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Эван Гершкович аз нашрияи амрикоии The Wall Street Journal ва Алсу Қурмашева аз Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ даъват намуд. Ин ду журналистро дар Русия ҳабс кардаанд. Байден гуфт, дар ҷанги идомаёбанда дар Ғазза журналистони бисёре кушта шуданд ва аксари онҳо фаластинӣ мебошанд.

Байден, аз ҷумла, гуфт: «Соли гузашта дар саросари ҷаҳон беш аз 300 журналист ба зиндон андохта шуд ва ин баландтарин нишондод дар давоми даҳсолаҳои ахир мебошад. Дар Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот ИМА ба озодии билофосила ва беқайду шарти ҳамаи журналистон даъват мекунад, ки фақат барои иҷрои вазифаҳои касбиашон пушти панҷара рафтаанд».

Байден гуфт, маъмурияти ИМА дастгирии матбуоти озодро дар саросари ҷаҳон идома хоҳад дод.

Байден гуфт, дигарандешии боиттилоъ барои бунёди ҷомеаи қавиву муваффақ нақши ҳалкунанда мебозад. «Журналистика дар ҳеҷ як нуқтаи Замин наметавонад ҷиноят арзёбӣ шавад», гуфтааст ӯ. «Мо ба ҷасорат ва азхудгузаштагии журналистону кормандони матбуот дар ҷаҳон арҷ мегузорем ва ҳақи онҳоро барои иҷрои корашон дастгирӣ мекунем», гуфта шудааст дар изҳороти Кохи Сафед.

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ҳам дар изҳороташ ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро ба пуштибонии матбуоти озод даъват кард. «Мавҷи иттилооти озод, ақидаву андешае, ки аз мавқеи ҳоким фарқ мекунад, барои шаффофияти ҳукумат бисёр зарур аст».

Даъват аз ҳукумати Тоҷикистон

Рӯзи 3 май даъват ба озодии журналистони зиндонӣ дар Тоҷикистон ҳам садо дод. Дар як конфронси бахшида ба озодии баён дар Душанбе сафири ИМА Мануэл Микаллер ба озод кардани ҳашт журналисти зиндонии тоҷик даъват намуд. Аз ҷумла, ӯ гуфт:

"…аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунам, ки дар рӯҳияи дӯстӣ ва ҳамкории судманд, он журналистонеро, ки зиндонӣ карда шудаанд, озод кунад. Аз ҷумла, Хуршед Фозилов, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Ҳушом Ғулом, Далери Имомалӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминиро."

Додгоҳҳои Тоҷикистон дар солҳои 2022 ва 2023, пас аз ҳодисаи хунин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, камаш ҳашт журналист ва блогерро аз 7 то 21 сол зиндон маҳкум карданд. Мақомот онҳоро ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ гунаҳкор донистанд, аммо худашон дар паёмҳои ҷудогона аз боздоштгоҳу зиндон гуфтаанд, ки зери фишор ва латукӯб ҷурмҳоро пазируфтанд.

Тоҷикистон дар шохис ё индекси имсолаи озодии баён дар миёни 180 давлат дар мақоми 155-ум ҷой гирифт. Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Sans Frontieres), қароргоҳаш дар Париж, 3-юми май бо нашри ин гузориш гуфт, Тоҷикистон дар гурӯҳи кишварҳои "бадтарин поймолкунанҳои озодии матбуот" қарор дорад ва ҳукумат ҳеҷ иродаи сиёсие барои ислоҳи вазъ нишон намедиҳад.

Сафири ИМА раҳоии журналистони тоҷикро хост
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG