Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Президент аъзои ҳукумати нави Тоҷикистонро муаррифӣ кард


New Tajik government

New Tajik government

Эмомалӣ Раҳмон дар як ҷаласа сарвазир ва аъзои нави ҳукумати Тоҷикистонро ба кормандони ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи президент муаррифӣ кард.

Имрӯз 25-уми ноябр дар як ҷамъомади назди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расми муаррифии сарвазир ва аъзои нави ҳукумат дар назди кормандони ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи президент баргузор шуд.


Тибқи иттиллои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, дар оғози ин нишаст Эмомалӣ Раҳмон ба Оқил Оқилов, нахуствазири собиқ, Матлубхон Давлатов, собиқ муовини аввали нахуствазир ва ҳам Руқия Қурбонова, муовини собиқи раиси ҳукумати кишвар изҳори сипос кард.

Сипас президент сарвазири ба тозагӣ таъиншудаи ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода, муовини якум Давлаталӣ Саидов, муовинони нави сарвазир Марҳабо Ҷабборова, Азим Иброҳим, Муродалӣ Алимардон, вазири нави меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағоева, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонов, вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобоев ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон Мағфират Хидироваро муаррифӣ кард. Президент изҳори боварӣ намудааст, ки онҳо "бо азму иродаи қавӣ, завқи баланд ва заҳмати софдилонаю содиқона тамоми донишу малака ва нерӯву тавонмандии худро ба таъмини рушду тараққиёти бемайлони Тоҷикистони азиз равона месозанд."

Қарор аст, рӯзи 30-юми ноябр нахустин маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон дар ҳайати нав баргузор шавад. Ҳукумати нави Тоҷикистон баъди интихоботи президентии рӯзи 6-уми ноябр ташкил шуд. Раъйдиҳӣ бо пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG