Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳзоби сиёсӣ: Интихобот бозии арзон нест


Порлумони кунунӣ ҳангоми шунидани нутқи раисиҷумҳур
Порлумони кунунӣ ҳангоми шунидани нутқи раисиҷумҳур

Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, масрафи маблағҳои фавқулоддае дар интихоботи порлумонии моҳи феврали соли 2015-ро дар назар надоранд. Бисёриҳо бар инанд, ки ин интихобот таносуби нирӯҳо дар Маҷлиси намояндагонро дигар нахоҳад кард.

Дар фосилаи камтар аз ним сол ба интихоботи порлумонии Тоҷикистон, аксари аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дақиқ намедонанд, ки барои ширкат дар ин маърака ба чӣ миқдор маблағ ниёз доранд.

Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон ва ҳизби наҳзати исломӣ - ду ҳизби фаъолтар дар саҳнаи сиёсии кишвар - то ҳол барномаи мушахасе рӯи даст надоранд ва намедонанд, ки харҷи онҳо дар интихоботи оянда чӣ қадар хоҳад буд.

Усмон Солеҳ, раҳбари шӯъбаи иттилоот ва таҳлили ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳизб хароҷоти интихоботи ояндаро аз ҳисоби ҳаққи узвияти беш аз дусад ҳазор узви ҳизб ва обунапулии нашрияи ҳизб - «Минбари халқ» - пардохт хоҳад кард, ки 60 ҳазор тираж дорад.

«Мо ростӣ ҳисоб накардем, аммо дар доираи қонун имконият дорем, ки маблағамонро сарф кунем. Мо маблағҳоямонро дар ҷойҳои зарурӣ тибқи муқарароте, ки Кумиссиюни марказии интихобот дар асоси қонунҳо муайян мекунад, сарф хоҳем кард,» - гуфт Усмон Солеҳ.

Умеди ҲНИТ ба «маблағгузории эътирозӣ»

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), умдатарин ташаккули мухолифин, ки ба қавли масъулонаш, дар ин авохир зери фишори ҷиддӣ қарор дорад, бо вуҷуди баста шудани роҳҳои даромадҳои қонунии пайравонаш бовар дорад, ки ҳангоми ширкат дар интихобот ба мушкили молӣ дучор нахоҳад шуд.

Гарданбандҳои кабуд рамзи ҲНИТ дар интихоботи соли 2010 буд
Гарданбандҳои кабуд рамзи ҲНИТ дар интихоботи соли 2010 буд

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ мегӯяд, дар ташвиқу тарғиби интихоботи парлумони онҳо аз маблағи аъзои расмӣ ва ҷонибдорони ҳизб истифода хоҳанд бурд. Ба бовари ин масъули ҲНИТ, ҳоло дар Тоҷикистон сокиноне, ки ботинан ба ҳукумат эътироз доранд, раъй ва маблағҳои худро ба ҳизби онҳо хоҳанд дод. Теъдоди афроди норозӣ аз ҳукуматро Файзраҳмонов рақами хеле бештар аз тасаввури ҳукумат медонад.

Оқои Файзраҳмонов гуфт, «ба боварии мо, мардум ба хотири тағйири вазъ, ба хотири зиндагии беҳтар, онҳое ки нерӯи эътирозӣ доранд, раъйи эътирозӣ ва маблағҳои эътирозии худро дар сандуқи маъракаи интихоботии мо хоҳанд гузошт. Мо инро пешопеш эҳсос мекунем ва бовар дорем, ки бо вуҷуди фишорҳо, мушкили молӣ дар интихобот нахоҳем дошт.»

ҲСДТ 50, ҲКТ 90 ва ҲДТ 20 ҳазор доллар сарф карданист

Ҳизби сотсиал-декмократи Тоҷикистон (ҲСДТ), як ҳизби дигари мухолифи ҳукумат дар маъракаи интихоботи парлумонии соли оянда ба 50 ҳазор доллари амрикоӣ ниёз доштааст. Раҳматулло Зоиров, раиси ин ҳизб мегӯяд, тасмими ниҳоии худро дар анҷумани ҳизб, ки миёнаҳои моҳи сентябр баргузор хоҳад шуд, дар робита ба интихобот эълон хоҳад кард. Аз сӯи дигар, мегӯяд ӯ, бинобар эътимод надоштан ба шафофияти интихобот аксари аҳзоби сиёсӣ аз малағгузории бештар барои ташвиқу тарғиб худдорӣ мекунанд.

Ҳизби Зоиров интихоботи президентиро бойкот карда буд
Ҳизби Зоиров интихоботи президентиро бойкот карда буд

Зоиров афзуд: «Вақте, ки ба ҳизби мухолиф ҳукумат маҳдудият ба миён меорад, ки номзадҳояш нагузарад, ин ҳизб ҳам сарфи маблағ ва ҳам шумораи номазадонро кам мекунад. Интихобот агар дар муҳити демократӣ мешуд ва ҳизб эътимод ба шафофияти интихобот медошт, талоши ҳизбҳо ҷиҳати сарфи маблағ дигар мешуд. Ҳоло худи номзадҳо ҳам чун ба шафоффияти интихобот, ки пирӯзиро таъмин кунад, бовар надоранд ва аз сарфи маблағ ва супурдани маблағи гаравпулӣ худдорӣ мекунанд. »

Зоиров мегӯяд, ҳизбе, ки камтар аз 50 ҳазор доллари амркиоӣ дорад, беҳтараш дар интихобот ширкат накунад. Дар зимн Кумиссиюни интихоботӣ низ барои пешбурди таблиғон ба номзатҳои алоҳида ва ҳизбҳо як миқдор маблағ ҷудо мекунад, аммо он ба андозае хурд аст, ки, шояд ҳаадди аксар барои ду сафар ва он ҳам ба ноҳияҳои канори пойтахт кифоят кунад.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз ҷумлаи аҳзобест, ки масрафи эҳтимолии худ дар интихоботи парлумонии соли гузаштаро ҳисоб кардааст. Исмоил Талбаков, муовини раиси ин ҳизб мегӯяд, тибқи ҳисоби пешакӣ, ҳизби коммунист то 400 ҳазор сомонӣ, наздики 80 ҳазор доллари амрикоиро барои ин корзор сарф хоҳад кард. Аммо Талбаков пардохти 4 ҳазор сомонӣ гаравпулии интихоботиро, ки барои ҳар як номзад муқаррар шудааст, дар шароити кунунии Тоҷикистон ноадолатона медонад: «Гаравпулӣ 8 ҳазор сомонӣ буд, вале бо пешниҳоди мо 4 ҳазор сомонӣ шуд, ки ин ҳам зиёд аст. Мо ҳисоб кардем, ки ба 400 ҳазор сомонӣ ниёз дорем, ба ин хотир ҳоло сарпараст ҷустуҷӯ дорем, зеро ҳизб ба танҳоӣ наметавонад, ин маблағро пардохт кунад. Аммо мо бовар дорем, ки аз ҳисоби ҳаводорон ин маблағро пайдо хоҳем кард.»

Саидҷаъфар Исмонов
Саидҷаъфар Исмонов

Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки пас аз кашмокашҳои зиёди дохилӣ соли гузашта бо номзади худ дар интихоботи президентӣ ширкат кард, тасмим дорад, беш аз 20 нафар номзадро барои ширкат дар интихоботи порлумонӣ пешбарӣ намояд. Саидҷаъфар Исмонов, раиси ин ҳизб мегӯяд, дар ин маърака тасмим дорад, ки 100 ҳазор сомонӣ, муодили 20 ҳазор долари амрикоӣ сарф кунад: «Ин маблағи аз ҳисоби худи мо ва аз ҳисоби дӯстонамон аст. Ҳаводорони мо пас аз ширкат дар маъракаи интихоботӣ бештар шуд. Онҳо ҳизби моро хубтар шинохтанд ва ҳоло онҳо омодаанд, ки моро кӯмаки молӣ кунанд.»

Интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон моҳи феврали соли 2015 баргузор мешавад. Бо вуҷуди нашри шиору плакатҳои интихоботӣ, сафару мулоқотҳо бо овоздиҳандаҳо ва зуҳури батакрори раҳбарони аҳзоб дар саҳифаҳои матбуот, кам касе бовар дорад, ки ин ҳизбҳо битавонанд берун аз «квота»-е ки, давлат барояшон муайян мекунад, курсии бештаре дар порлумони оянда ба даст биоранд. Дар ҳоли ҳозир, аз 63 вакили Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон 55 нафараш аз ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ намояндагӣ мекунанд. Аҳзоби наҳзати исломӣ, коммунист, аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ – ҳар кадом дар ин маҷлис дувакилӣ доранд. Ин таносуби азим байни ҳизби ҳоким ва боқии аҳзоб гумон аст, ки дар моҳи феврал ба тағйири қобили мулоҳизае дучор шавад.

XS
SM
MD
LG