Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизбҳои сиёсӣ муборизаи интихоботиро сар карданд


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон мехоҳанд, ним соли боқимонда то интихоботи порлумониро ба беҳтарин шева барои таблиғи ҳадафҳои худ истифода кунанд.

Шаш моҳ баъд, дар моҳи феврали соли 2015 шаҳрвандони Тоҷикистон порлумони нави кишварро интихоб хоҳанд кард. Ба ин муносибат, намояндагоне чанде аз ҳизбҳои сиёсии кишвар гуфтанд, барномаи амали хешро омода кардаанд ва ҳам нахустин қадамҳои маъракаи тозаро гузоштаанд.

Ҳизби ҳокими халқии демократӣ (ҲХДТ), ки беш аз 80 дар сади курсиҳои порлумонро дар ихтиёр дорад, мегӯяд барои омодагии худ дар тамоми манотиқи кишвар чандин чорабиниҳо гузарониданд. Усмон Солеҳ, сухангӯи ҲХДТ мегӯяд, дар ин ҳамоишҳо аз ҷумла технологияҳои нави интихоботӣ баррасӣ шудаанд. Ҷаноби Солеҳ меафзод: «Ҳамчунин мо дар тамоми навоҳии кишвар расонаҳои ҳизбии худро дорем барои таблиғи номзадҳоямон. Дар пойтахт бошад ҳам рӯзнома ва ҳам сомонаи ҳизб амал мекунад. Дар марказҳои вилояту ноҳияҳо низ тасмим дорем сомонаҳои ҳизбиро ба кор дарорем ва тариқи он барномаи интихоботӣ ва номзадҳои худро муаррифӣ кунем. Мо аллаккай шурӯъ аз ҳафтаи оянда тасмим дорем рубрикаҳои интихоботии ҳафтаномаро низ ҷорӣ кунем.»

Ба қавли сухангӯи Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон, онҳо ҳамчунин тасмим доранд дар интихоботи навбатӣ чеҳраҳои нави ҳизбашонро пешниҳод намоянд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон омодагӣ ба интихоботро аз ташкили давраҳои омӯзишӣ барои мубаллиғонаш сар кардааст. Ҳикматулло Сайфуллозода, намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ панҷшанбеи 14-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, дар қароргоҳи ҳизб омӯзиши тренерҳои минтақавӣ оғоз шуд ва дар ин давраҳо намояндагони бахшҳои ҳизб дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, аз Ҷиргатол то ноҳияи Турсунзода ширкат доранд.

Вай афзуд, пас аз анҷоми давраи омузишӣ тренерҳо, ки масъулони бахшҳои ҳизбӣ ҳастанд, ба навоҳӣ мераванд ва таҷрибаи андӯхтаи худро ба аъзои ҳизб меомӯзонанд. Ҷаноби Сайфуллозода афзуд, Ҳизби наҳзат сарфи назар аз бадномсозии ҳизб дар Фейсбуку телевизионҳои давлатӣ, ба интихоботи порлумонии соли оянда омодагии ҷиддӣ хоҳад дид.

Шокирҷон Ҳакимов

Шокирҷон Ҳакимов

Аз ин пеш Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз омодагиаш ба интихоботи Маҷлиси намояндагон дарак дода буд. Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоли ҳозир онҳо рӯйхати номзадҳои ҳизбашонро ба интихоботи соли 2015-и порлумонии Тоҷикистон омода мекунанд. Ба қавли ҷаноби Ҳакимов, новобаста аз эродҳои созмонҳои хориҷӣ ва байнулмилалӣ дар Тоҷикистон, барои ҳизбҳои мухолиф барои таблиғ ва пешбурди номзадҳо монеа зиёд эҷод мекунанд. Ба хусус дар расонаҳои давлатӣ. Ин аст, ки Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон тасмим дорад барои муаррифии чеҳраҳои худ, бештар ба расонаҳои хориҷӣ ва мустақил рӯ биёранд: «Мо талош мекунем бештар бо нашрияҳои мустақил ва расонаҳои хориҷие, ки дар Тоҷикистон намояндагии худро доранд ҳамкорӣ кунем. Дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ нисбат ба Ҳизби сотсиал демократ, номзадҳои вай ва барномаи пеш аз интихоботияш мусоидат намоем.»

Ба қавли ҷаноби Ҳакимов, тафовути интихоботи Маҷлиси намояндагон дар он аст, ки 35 дарсад ё худ 22 нафар тариқи рӯйхати ҳизбӣ ва 41 нафар тариқи ҳавзаҳои якмандатӣ пешниҳод мегардад. Ин аст, ки ҳизби онҳо тасмим дорад ҳавзаҳои интихоботиро омӯзанд, то чанд нафарро метавонанд тариқи ҳавзаҳои якмандатӣ пешниҳод кунанд.

Ҳизби демократи Тоҷикистон бошад дар робита ба таблиғи номзадҳои худ ҳанӯз тасмим нагирифтааст. Саидҷаъфар Исмонов, раиси ин ҳизб гуфт онҳо дар ин интихобот низ аз усулҳои пештара кор хоҳанд гирифт: «Чизе, ки барои ҳизби мо нав аст ва тасмим дорем онро дар интихоботӣ

Саидҷаъфар Исмонов, раиси ҲДТ

Саидҷаъфар Исмонов, раиси ҲДТ

порлумонӣ амали кунем, ин пешниҳод кардани чеҳраҳоест, ки мардум онҳоро шиносанд. Бо мардум кор карда тавонанд. Дар порлумон фикри таҳлилӣ дошта бошанд ва агар курсии порлумон насибашон шавад, дарди мардумро ба мақомоти дахлдор расонад. Дар ҳалли он кӯмак кунад.»

Аммо Ҳизби коммунисти Тоҷикистон барномаи интихоботии худро аз ислоҳи камбудҳои интихоботҳои гузашта шурӯъ кардааст. Исмоил Талбаков, вакили порлумон ва котиби кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон мегӯяд, ҳизби онҳо тасмим дорад ба номзадҳои худ пеш аз ҳама қонунгузориҳои Тоҷикистонро дар бораи интихобот ва дастуру пешниҳоди Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиро омӯзонанд: «Бояд мо кори худро дар интихобот аз омодагии ҳуқуқӣ шурӯъ намоем. Бо назардошти ин, ба ҳама ташкилотҳои ҳизбӣ дастуру супоришҳо дода, оиди ин масъала кор рафта истодааст.»

Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон барои интихоботи порлумонии соли 2015 дар ҳоле омодагӣ мегиранд, ки дар интихоботҳои гузашта асосан номзадҳои ҳизби ҳоким баранда мешуданд ва ба ҳизбҳои дигар дар беҳтарин ҳолат ду курсии порлумон «тақдим» мегашт. Ба ақидаи коршиносон, ин дафъа ҳизбҳои мухолиф имкониятҳои бештар доранд, ки аз набуди пешрафтҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба манфиати худ истифода кунанд. Интихоботи навбатӣ бар асоси қонун бояд на дертар аз моҳи феврали соли 2015 баргузор шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG