Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дурбинҳои назоратӣ ба коҳиши ҷурму ҷиноят дар шаҳри Душанбе мусоидат кардаанд.

Вақте ки субҳ кормандони милиса ба манзили Назир омаданд ва ӯро ба шикастани чароғи хиёбон айбдор карданд, ҳайрон шуд, ки дар он нимишабӣ кӣ ӯро дидааст. Дертар дар шӯъбаи умури дохилӣ ба Назир сабти видеоиро нишон доданд, ки амали авбошонаи ӯро нишон медод. Вай ба ҷарима маҳкум шуд ва акнун гумон аст, дар кӯчаи торик ҳам даст ба кори нохубе занад.

Кормандони милиса мегӯянд, баъд аз насб шудани дурбинҳои видеоӣ дар назди мактабу донишгоҳҳо, бозору мағоза ва биноҳои давлатӣ, ошкор кардани муҷримон ва исботи гуноҳи онҳо ба маротиб осонтар шудааст



Сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, Саид Ҷӯрахонов, ба Радиои Озодӣ гуфт, дурбинҳои назоратӣ ҳамчунин барои ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ истифода мешаванд ва баъд аз насби онҳо занозании ҷавонон, осеб расондан ба моликияти шахсӣ ва ҷамъиятӣ, шикастани чароғи хиёбонҳо коҳиш ёфтаанд. Дар баъзе маврид кормандони полис тавонистанд, ба ҷойи воқеа расанд ва аз пайомадҳои бадтар пешгирӣ намоянд.


Ҷаноби Ҷӯрахонов ба унвонии мисол мегӯяд, чаҳор рӯзи пеш дар Майдони 800-солагии Москва миёни мактаббачагон ҷанҷоле бархост: «Ҳолати ҷанги ҷавон ва ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ итоат накарданашонро дар ҳамин минтақа дурбинҳо ба навор гирифтанд. Дар асоси ахбори маркази идоравии дурбинҳо, патруле, ки дар минтақаҳо кор мекарданд ба ёрӣ даъват шуданд ва дар якҷояги нафарони тартиботро вайрон кардаги ба шӯъбаи корҳои дохили оварда шуданд.»

Сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ҳамчунин мегӯяд, тавассути дурбинҳои хиёбони Неъмат Қарабоев кормандони милиса тавонистанд, дар муддати кӯтоҳ як гурӯҳи калони дуздонро, ки бештар ба ғорат кардани банкоматҳо машғул буд, дастгир кунанд.

Ҳарчанд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дурбинҳои назоратиро воситаи муҳими ифшо ё пешгирии ҷиноят медонанд, бархе аз сокинони шаҳр аз он норозиянд, ки ба ин васила озодии хусусии онҳо маҳдуд шудааст.

Маҳмуд Шоҳназаров, як сокини ҷавони шаҳр бо нороҳатӣ мегӯяд, ки насб шудани дурбинҳо инсонро имкон намедиҳад, ки озодона ҳаракат кунад ва кас худро ҳамеша зери нигоҳи дигарон ва дар ҳоли таъқиб ҳис мекунад. Маҳмуд мегӯяд: «Будани камераҳо дар зеҳни одам таъсири бисёр бад мерасонад. Ман Маҳдӣ Собир

Маҳдӣ Собир

кадом вазорат, тарабхона ё ҷойҳои истироҳатие наравам, аввал нигоҳ мекунам, ки он ҷо камера ҳаст ё не. Вақте дар ягон тарабхона ё қаҳвахона ҳамроҳи дӯстодоштаат мешинӣ, аз тарси камераҳо наметавони ӯро навозиш кунӣ. Ё вақте ба дӯстдухтарат пешниҳоди бо ҳам қаҳванӯшӣ мекунӣ, ҳатман, ки пешниҳод мекунад, ҷойе равем камера набошад.»

Аммо коршиносони масоили амниятӣ дар бобати суду зиёни дурбинҳои назоратие, ки дар дар ҷойҳои ҷамъиятӣ насб шудаанд, назари дигар доранд. Онҳо то андозае маҳдуд кардани озодиҳои шахсиро ба ин восита эътироф мекунанд, вале меафзоянд, тартибу интизом ва амнияти ҷомеа ба нафъи ҳамин ашхос низ аст.

Маҳдии Собир, таҳлилгари мустақили тоҷик дар ин робита мегӯяд: «Мо бояд худамонро ба ин чиз мутобиқ кунем. Ҷомеаи имрӯз ба ин зарурият дорад. Албатта, дар хона, ҷой хобу утоқи кори мумкин нест насби дурбинҳо, аммо дар кӯчаву бозорҳо чизи муҳим аст. Бубинед, ки чанд вақти пеш дар роҳҳо одамонро дуздида мегурехтанд. Ҳатто баъзан қатл ҳам мекарданд.»

Зафар Маҳмудов

Зафар Маҳмудов

Ҳуқуқдонҳо низ аз насби дурбинҳо истиқбол мекунанд. Онҳо бар ин боваранд, ки насби дурбинҳо барои сафед кардани зерҳимояи онҳо кӯмаки хубе хоҳад кард. Ин аст, ки Зафар Маҳмудов, муовини раиси коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон мегӯяд, агар дар тамоми биноҳои истиқоматӣ низ дурбинҳо насб мешуданд, хуб буд.

Зеро ба қавли ин ҳуҳуқдони тоҷик, дар бештари мавридҳо ҳодиса дар маконе рух медиҳад, ки дурбин мавҷуд нест. Ё шоҳидон низ на ҳамеша шаҳодати дуруст медиҳанд, ки сафед кардани зерҳимоя мушкил мегардад: «Агар дар ҳама ҷо дурбинҳои назоратӣ насб шаванд, дасисаву тӯҳмат ҳам камтар мешавад.»

Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки насби дурбинҳоро дар аксари чорроҳаҳои пойтахти кишвар ва ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр анҷом додаанд ва қарор аст дар тамоми чорроҳаҳои Душанбе насб шаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG