Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷанги Хоруғ, додгоҳҳо, шиканҷа ва рэп дар даҳгонаи видеоии соли 2012


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Дар торнамои Радиои Озодӣ дар соли 2012 наздик ба 750 гузориши тасвирӣ нашр шуд, ки бархе аз онҳо то 50 ҳазор бор дида шудаанд.

Раддабандии даҳгонаи пурбинанда нишон медиҳад, ки кадом мавзӯъҳо беш аз ҳама дар маркази диққати мардум будаанд.

1. Ҷои аввалро аз лиҳози ҷалби таваҷҷуҳ аксу видео аз амалиёти ҳарбии моҳи июл дар Хоруғ гирифтаанд. Таври маълум он рӯзҳо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар блокадаи иттилоотӣ қарор дошт. Робитаи телефонӣ бо ин минтақа қатъ буду овозаҳо зиёд ва мардум мехостанд, ҳақиқатро бо чашмони худ бинанд, яъне дар акс ва видео.

2. Бо он ки ҳуқуқ, қонун ва адлия дар соли 2012 дар маркази диққати мардум буданд, навори баҳси додгоҳии бародарон Тӯраҷонзодаҳо ва муфтӣ Абдулқодирзода шояд боз барои он пурбинанда шуд, ки тарафдорони ду ҷониби моҷаро низ ҷӯёи камтарин иттилои марбут ба он буданд. Барои намуна, танҳо дар сафҳаи Радиои Озодӣ дар шабакаи Ютюб ин видеоро зиёда аз 96000 нафар тамошо кардаанд.

3. Ҷои сеюмро аз лиҳози таваҷҷуҳи бинандагон видеои шикояти маҳбусон аз озору шиканҷаи нозирон дар маҳбаси Хуҷанд ишғол кард. Ин наворҳои дарёфтӣ на танҳо дар торнамои Радиои Озодӣ, балки дар Ютюб ҳам баҳсҳои зиёдеро ба бор оварданд.

4. Дар ҷои чаҳорум -- гузориш ва видео-дебатҳои марбут ба иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои олии Тоҷикистон, ки соли 1992 дар Қасри Арбоби Хуҷанд баргузор шуд ва Эмомалӣ Раҳмонро ба қудрат расонд, тамошо кунанд ва худ ин таърихро қазоват намоянд.

5. Ҷои панҷумро видеои мулоқоти президентҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва Покистон дар иди Наврӯз дар шаҳри Душанбе гирифт.

6. Ҳимояи рисолаи номзади илми ҳуқуқ аз тарафи муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Озода Раҳмон, духтари раисиҷумҳури кишвар дар ҷои шашум қарор гирифт. Шояд барои дидани ӯ ин видероро боз мекарданд, аммо наворбардорӣ манъ буд ва дар бораи воқеа котиби илмии Шӯрои диссертатсионӣ Галина Азизқулова сӯҳбат кард.

7. Гузоришҳои видеоӣ, дақиқтараш, силсилаи чунин гузоришҳо дар бораи ҳуқуқ, қонун, адлия ва додгоҳ аз лиҳози ҷалби таваҷҷуҳи бинандагон ҷойи ҳафтумро гирифтаанд. Чунончӣ, сарнавишти устоди Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон Икром Тешаев бовар ба судҳоро зери суол бурд.

8. Мусиқии рэп диққати ҷавонону наврасонро ба худ мекашад. Ва на танҳо онҳо, балки бархе аз расонаҳои давлатиро, ҳарчанд оҳангсозони ҳирфаии Тоҷикистон гуфтаанд, мухолифи ин навъи мусиқиянд.

9. Мусоҳиба бо ҷарроҳ Абдулло Вазиров дар аввалин рӯзҳои озод шуданаш аз зиндон. Вай барои табобати Алии Бедакӣ, фармондеҳи як гурӯҳи мусаллаҳ, ки аввали соли 2011 кушта шуд, зиндонӣ гашта буд.

10. Дар ҷойи даҳум -- видеои мулоқоти шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо фаъолони шабакаи Фейсбук. Бинандагон ба сурати умум аз ин ташаббус ҳимоят кардаанд. Чанде аз онҳо навиштаанд, чаро ин иқдом доимӣ нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG