Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нерӯгоҳҳои «шиновар», арзон ва бесарбанд


Салим Шукронаев

Салим Шукронаев

Муаллиф -- Салим Шукронаев

Об дар баробари энергияи офтоб ва шамол сарчашмаи бузурги энергияи барқароршаванда аст.

Истифодаи дуруст аз ин нерӯи бузург, ки сар то сари Тоҷикистонро фаро гирифтааст, метавонад истиқлолияти энергетикиро пурра таъмин намояд. Дар баробари технологияҳои муосир, ки аз ҷониби мамлакатҳои хориҷӣ ба шакли панелҳои офтобӣ, дастгоҳҳои электрикии бодӣ ва гайраҳо, ворид мегарданд, истифодаи нерӯи об даххо бор арзонтар аст.

Истифодаи ин неруи бузург, танҳо ҷустуҷӯи технологияҳои ба шароити мо мувофиқро талаб мекунад.

Модоме, ки аз мавҷи баҳр, ки дорои энергияи ночиз аст, истифода мекунанд, пас чаро мо наметавонем аз он суръати ҳаракате, ки дарёҳои Тоҷикистон доранд, истифода барем?


Ба ин савол танҳо як ҷавоб аст. Одат кардаем, ки аз технологияҳои тайёр истифода бурда, бо харҷи калон мушкиламонро осон намоем. Масалан, дар сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ хатман обро бояд аз ягон баландӣ сар дихем, ки муҳаррикро ба ҳаракат дарорад. Агар баландии 30 метр зарур шавад, маҷбур ҳастем, дар масофаҳои 2-3 км ва дар баъзе ҷойҳо аз ин ҳам зиёд ҷӯйхо канем, ки маблағи зиёдро талаб менамояд. Арзиши панелҳои офтобӣ ва васл кардани онҳо бошад, харҷи зиёдтарро мехоҳад ва манфиаташон 2-3 мартаба камтар аст.

Дар навбати худ истифода аз дастгоҳҳои барқи бодӣ, ки арзиши дандоншикан доранду ба шароити мо мувофиқ нестанд, албатта ба истиснои ноҳияҳои Шӯрообод ва Мурғоб.

Агар тавассути технологияҳои мавҷуда тариқи нерӯгоҳҳои хурд барои тавлиди 1 кВт/соат қувваи барқ 1000 доллари амрикоӣ сарф шавад, ин хароҷот бо истифода аз дастгоҳҳои бодӣ ба 2500-3000 доллар ва бо истифода аз панелҳои офтоби ба 5000 доллар мерасад.

Дар масъалаи сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқӣ бояд ба назар гирифт, ки на дар ҳама ҷой шароити мувофик ёфтан мумкин аст. Махсусан, дар водиҳо сохтани чунин нерӯгоҳҳо қариб аз имкон берун аст, яъне баландихои мувофиқро пайдо намудан номумкин аст.

Мавҷуд набудани технологияҳои ба шароити Тоҷикистон мувофиқ, худи мо ва тамоми созмонҳои байналхалқии кӯмакрасонро водор сохтааст, ки бо арзиши баланд ҳам бошад, мушкили мардумро осон намоем. Аммо барои ин чӣ бояд кард?

Барои мо «муҳаррики абадӣ» ё «перпетиуми мобили»-ро ихтироъ кардан шарт нест. Он дар Точикистон ба шакли суръати баланди ҷараёни дарёҳо худодод аст. Қариб дар тамоми манотиқи Тоҷикистон суръати ҳаракати дарёҳо аз 1 метр/сония то даххо метр/сония мерасад, ин аст энергияи хомӯшнашаванда ва аз ин нерӯ бояд истифода кард.

Саволе ба миён меояд. Матлаб чист? Оё метавонем чизи наве ба мардум пешниҳод намоем?

Бале. Банда дар тӯли чпҳор соли ахир мувофиқи шароитам дар ҷустуҷӯи технологияҳои нави ба шароити Тоҷикистон мувофик будам. Кушишам бар абас нарафт. То ҷое муваффақ шудам.
Бо дастгирии Барномаи ҷонибдории рушди иҷтимоии манотиқи кӯхистон (MSDSP)-и Хазинаи Оғохон, бо истифода аз зарбаи гидравликӣ, ки дар навбати худ энергияи барқароршаванда аст, дар ноҳияҳои Мӯъминобод, Шӯрообод ва Ховалинги вилояти Хатлон 15 деҳаро бо обиошомиданӣ ва ба қадре кам ҳам бошад, аз об барои обёрӣ таъмин намудем.

Метавонам, шакли нави нерӯгоҳҳои хурди барқии шинокунандаро пешниҳод намоям, ки истифодаи онҳо махсусан дар водиҳо имконият медиҳад, ки бо харҷи на чандон зиёд нерӯи барқ тавлид кунанд ва аз ҳама муҳимаш ба сарозер кардани об аз баландӣ тавассути лӯлаҳо ниёз надорад.

Аз ҷумла дар Душанбе аз истифода аз суръати ҳаракат ва миқдори оби дарёҳои Душанбе ва Кофарниҳон. Дар ноҳияҳои Ваҳдат ва Рӯдакӣ аз дарёҳои Кофарниҳон ва Элок. Дар ноҳияҳои Қубодиён ва қисми ҷанубии ноҳияи Ҳисор аз дарёи Кофарниҳон. Дар ҳамаи ноҳияҳои соҳили дарёи Вахш аз Вахш, дар Восеъ ва Фархор аз дарёи Сурхоб, дар ҳамаи ноҳияҳои соҳили Сир аз ин рӯдхона ва ғайра.

Касе хостори чунин нерӯгоҳҳо аст?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG