Пайвандҳои дастрасӣ

О.Тутубалина: Фикрамро дар бораи зиёиён дигар накардаам


Олга Тутубалина

Олга Тутубалина

Олга Тутубалина, муҳаррири "Азия Плюс" мегӯяд, бо вуҷуди таҳдиди созмонҳои эҷодӣ, ки гуфтаанд, ӯро ба додгоҳ хоҳанд кашонд, назарашро тағйир надодааст.

Ҳудуди 10 иттиҳодияву созмони эҷодӣ ахиран эълон карданд, ки алайҳи мақолаи - «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» («Неинтеллигентно об интеллигенции»)-и Тутубалина ба додгоҳ шикоят хоҳанд бурд. Муаллиф дар ин матлаби бахшида ба бозгашти шоири маъруф Бозори Собир суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравиро, ки гуфтааст, «Зиёиён на мағзи миллат, балки наҷосати онанд», иқтибос оварда, гуфтааст, ки натанҳо Бозори Собир, балки хеле дигар аз зиёиёни тоҷикро, ки корашон ба ҷуз лаганбардории ҳукумат нест, низ метавон айни баҳои Ленинро дод. Раҳбарони иттиҳодияҳои эҷодӣ ва донишгоҳҳои олӣ ин суханони рӯзноманигорро таҳқири тамоми зиёиёни Тоҷикистон мехонанд.

Аммо Олга Тутубалина, муҳаррири ҳафтаномаи “Азия Плюс” рӯзи 17 июн дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар мавқеъи худ истодааст.




Озодӣ: Оё баъди чунин вокуниши тунди раҳбарони созмонҳои эҷодӣ низ шумо ба ҳамин назар ҳастед дар бораи нақши зиёиёни тоҷик?

Тутубалина:
Бале, ман ба ҳамон назар ҳастам. Ман ҳарчӣ менависам, ҳамеша ба ҳар як ҳарфи худ меандешам. Дар ин маврид низ ман фикри худро тағйир доданӣ нестам. Вале бояд таъкид кунам, ки вақте ман дар бораи зиёиён ҳарф мезадам, ҳамаи онҳоро дар кулл дар назар надоштам, албатта. Ва ҳар як одами босавод бояд инро фаҳмад.

Озодӣ: Пас манзури шумо кадом доираҳои зиёиён буд?

Тутубалина:
Ман он зиёиёнеро дар назар доштам, ки ҳамчун зиёӣ рафтор намекунанд. Ҳама медонанд, ки чунин ба ном равшанфикрон хеле зиёданд. Дар ин маврид сӯҳбати ман мушаххасан аз шоири баргашта буд. Бидуни бурдани номҳои мушаххас ҳам чунин нафарон зиёданд, Дар мулоқотҳои солонаи зиёиён бо раисиҷумҳур ҳама мебинем онҳоро, ҳама медонем, ки масъалаҳои доғи ҷомиаро намебардоранд, танҳо аз мушкилоти шахсии худ гап мезананд. Ман фикр намекунам, ки ин зиёиёне нестанд, ки сазовори ин ном бошанд.

Озодӣ: Ин матлаби шумо хашми раҳбарони бархе созмонҳои эҷодиро овард ва таҳдид ҳам кардаанд, ки корро ба додгоҳ мекашонанд. Аагар кор ба додгоҳ кашад, шумо чӣ хоҳед кард?

Тутубалина:
Агар додгоҳ доир шавад, ман меравам ва аз нуқтаи назарам ҳимоят хоҳам кард. Вале фикр мекунам, ки ин як кори беҳуда аст, чунки ин назари шахсии ман аст ва ҳар кас барои изҳори ақидааш ҳаққ дорад. Ман бо нашри ин назарам касеро таҳқир накардаам.

Озодӣ: Ҳамзамон бо ин эъломия дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” ҳам як мақола ба нашр расид. Фикр намекунед, ки бо ишораи баъзе аз сохторҳои ҳукуматӣ ин кор анҷом гирифтааст?

Тутубалина:
Ман фикр намекунам, ки ин ташаббуси худи онҳо бошад, барои он ки ман солҳои зиёд аз тарафи рӯшанфикрони мо ин гуна ташаббусро надида будам. Мавзӯъҳои аз ин муҳимтар низ буд ва онҳо метавонистанд сухани худро бигӯянд. Аз ҷумла, роҷеъ ба вазъи иҷтимоӣ ва вазъи сиёсии кишвар масъалаҳои зиёде вуҷуд дошт, ки онҳо метавонистанд роҷеъ ба онҳо изҳори назар кунанд, ҳалли онҳоро тақозо кунанд ва изҳорот пахш кунанд. Вале сабаб чӣ бошад, ки рӯшанфикорони мо ҳоло роҷеъ ба ин мақола изҳори назар карданд. Барои ҳамин, эҳсоси ман чунин аст, ки ин бо ишораи мақомот шудааст.

Озодӣ: Шумо эҳсос намекунед, ки рӯшанфикрони мустақил аз шумо ҳимоят мекунанд, чун баъзеи онҳо дар ин бора изҳори назар карданд?

Тутубалина:
Бале, албатта ҳимоят дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд аст, аз ҷониби шиносҳо ва афроди ношинос ҳам. Ҳамин гуна аз тарафи рӯшанфикрон низ. Масалан, коргардони машҳури тоҷик Барзу Абдуразоқов аз ҷумла онҳост. Рӯзноманигорон ва раҳбари Иттиҳодияи рӯзноманигорон Акбар Сатторов ва рӯзноманигорони дигаре то ҳол тарафдории худро баён доштаанд.

Озодӣ: Агар дар додгоҳ ибораи дар мақола овардаи шуморо баррасӣ кунанд, яъне иқтибосеро, ки шумо аз Владимир Ленин ба кор бурдаед, «Зиёиён на мағзи миллат, балки наҷосати онанд», шумо аз ин навишта дифоъ хоҳед кард?

Тутубалина:
Усулан ин гуфтаи ман нест, ман фикр кардам, ки ин гуфтаҳо дар ҳамин маврид дар ҳақи рӯшанфикрони мо қобили истифода аст. Вале боз такрор мекунам, ки ман ҳамаи рӯшанфикронро дар назар надорам, бахше аз онҳоро. Барои ҳамин ман аз ин гуфтаҳо ҳимоят мекунам ва ақидаи худро рад намекунам. Ман ҳамин тавр фикр мекунам.

Озодӣ: Матлаби шумо ҳамчун блог нашр шуда буд. Оё мавқеъи нашрия чигуна аст ва дар “Азия Плюс” ҳама аз шумо пуштибонӣ мекунанд?

Тутубалина:
Ба сурати умум, тақрибан ҳама. Баъзеҳо мегӯянд, ки ин ҳама як каме тундтар баён шудааст. Вале доштани ақидаи шахсӣ барои ҳамин аст. Касе шояд ин ҳамаро мулоимтар баён мекард, касе шояд ба даҳон об мегирифт, ҳарчанд дар зеҳнаш мегузашт чунин фикр... Вале ба сурати умум, дар “Азия Плюс” ҳамаи журналистон аз ман тарафдорӣ мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG