Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли 2013: Ягон хатмкунанда медали тилло нагирифт


Гимназияи президентии шаҳри Чкалов. Акс аз бойгонӣ.
Гимназияи президентии шаҳри Чкалов. Акс аз бойгонӣ.

Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, имсол ягон хатмкунандаи мактабҳои миёна сазовори медали тилло дониста нашуд.

Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, имсол толибилмеро, ки сазовори нишони тило бошад, пайдо карда натавонистааст. Тибқи иттилоъи вазорати маориф, ба озмуни довталабони медалҳои тило ва нуқраи соли таҳсили 2012-2013 ҳуҷҷатҳои 128 нафар пешниҳод шуда буд, вале дар ниҳоят танҳо 14 нафар ва он ҳам ба медали нуқра сазовор дониста шуданд.

Масъулони вазорат меафзоянд, дониши аксарияти довталабони пешниҳодшуда ба талабот ҷавобгӯ набуд. Ба гуфтаи онҳо, ҳарсе медали нуқраи хатмкунандагон аз вилояти Хатлон ба литсейи рақами 1-и шаҳри Кӯлоб ва аз 3 медали муассисаҳои таълимии вилояти Суғд 2 медалаш ба гимназияи ғайридавлатии ба номи Гётеи шаҳри Хуҷанд рафтаанд.

Имсол касе медали тило нагирифт
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:35 0:00
Линки мустақим



Ҳ.Фақиров
Ҳ.Фақиров
Ҳамидуллохон Фақиров, сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе мегӯяд, аз муассисаҳои таълимии пойтахт довталабони медали тило ва нуқра зиёд буданд, аммо аз байни онҳо танҳо 6 нафар тавонистанд, нишони нуқра ба даст оранд. Ӯ натиҷаҳои имсоларо ба барномаҳои озмун ва сахтгирии вазорат бастагӣ медиҳад: «Шояд барномаҳо мушкил буданд. Имсол дар ҳақиқат ягон нафар медали тило нагирифт. Вале дар оянда барномаҳои озмуни довталабони мелали тило ва нуқра бояд таҷдиди назар шавад.»

Дар соли таҳсили қаблӣ 5 хатмкунанда медали тило ва 36 нафар нуқра гирифта буданд. Нишони тило на танҳо баландтарин баҳо ба дониши хатмкунандагон аст, балки имтиёзи фаровоне ҳам дорад, ки роҳи толибилми соҳини чунин нишонро ба мактабҳои олӣ осону ҳамвор мекунад.

Фархунда Турсунова, ки мактабро дар Хуҷанд бо нишони тило хатм кардааст, мегӯяд, ин ҷоизаро бидуни «тағобозӣ» ё пора гирифта буд. Ӯ бо ин медал тавонист, шомили Донишгоҳи миллӣ шавад: «Ман дар ягон литсей ё гимназия намехондам, мактаби миёнаи умумиро бо медали тилло хатм кардам. Вақте донишгоҳ дохил шудам, имтиҳон насупоридам. Танҳо аз рӯи суҳбат тавонистам ба донишгоҳ дохил шавам.» Аммо Фархунда мегӯяд, толибилмонеро ҳам медонад, ки бо истифода аз “воситаҳои дигар” ва асосан бо ошнобозӣ ва фасод соҳиби медали тилло ё нуқра мешаванд.

Вале Дилшод Бердиев, аз шаҳри Душанбе, ки ба гуфтаи худаш, сазовори медали тилло буд, мегӯяд, дар озмуни довталабони медали тилло ва нуқра иштирок кард, вале ба далели хеле мушкил будани барномаи озмун медал нагирифт.

Масъулони вазорати маориф мегӯянд, онҳое ки ба озмуни довталаби медали тилло ва нуқра роҳ меёбанд, аз санҷиши куммиссиюнҳои махсус мегузаранд ва ба вазорати маориф пешниҳод мешаванд. Наврӯз Хокироев, як масъули раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии вазорати маорифи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, бар асоси низомномаи вазорат, нафароне ба рӯйхати довталабони медалҳои тило ва нуқра дохил мешаванд, ки синфи нӯҳро ҳам бо шаҳодатномаи аъло(сурх) хатм кардаанд. Ва дар баробари ин дар синфи даҳу ёздаҳ аз тамоми фанҳои таълимӣ баҳои аъло гирифтаанд. Ба гуфтаи масъулони вазорати маориф, чунин талабот барои гирандагони медали нуқра низ ҳаст, вале бо ин фарқ, ки довталаби медали нуқра метавонад аз ду фан баҳои “4” дошта бошад.

Ба бовари аҳли назар, то ҳанӯз дар роҳи дарёфти чунин медалҳо тахаллуф ба мушоҳида мерасад. Ва онҳое, ки дониши кофӣ, аммо воситае надоранд, наметавонанд, ба чунин озмунҳо роҳ ёбанд. Наврӯз Хокироев мегӯяд, ин овозаҳо асос надоранд, зеро чунин озмунҳо ҳамеша таҳти назорати раҳбарони вазорат ҷараён мегиранд.

Н.Хокироев
Н.Хокироев
Аммо ин масъули вазорат заъфи кори ниҳодҳои маҳаллии маориф дар амри пешбарии номзадҳо ба нишонҳои тилову нуқраро эътироф кард: “Барои мисол, ҳуҷҷатҳои се довталаб аз гимназияи хусусии “Расулӣ”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба куммиссиюни ташхисии вазорат аз ҷониби шӯъбаи маорифи ноҳия пешниҳод гардида буд, баргардонида шуд. Вақте ки мо ҳуҷҷатҳоро ташхис кардем, дар тақризи шӯъбаи маориф навишта шудааст, ки дар кори хонанда ғалатҳои имлоӣ вомехӯрад ва иншо сазовори баҳои 5/5 нест. Аммо бо кадом сабаб ин иншои онҳо ба озмун пешниҳод шуд, номаълум боқӣ монд.”

Зимнан, довталабон имкон доранд, барои ба даст овардани медали тило дар се ҷанба - дониши мукаммал, донишҳои табиӣ-риёзӣ ва равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ - ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод кунанд.

Аммо тибқи иттиллои вазорати маориф, дар 5 соли ахир ягон довталаб натавонистааст, медали тилоро дар равияи дониши мукаммал ба даст биёрад. Зеро чунин довталаб бояд ҳам аз математика кори хаттӣ супорад ва ҳам иншо нависад. Дар баробари ин дар шарти дуюм аз дувоздаҳ фанни таълимӣ ҳар як фан 20 суол дорад ва бояд ба ҳамаи онҳо ҷавоби тестӣ омода кунад.

Довталабони медали тило мегӯянд, барномаҳои ин озмун ба барномаҳои таълимии мактаби миёна мутобиқ набуда, бар пояи барномаи таълимии донишгоҳҳо дуруст карда шудааст. Вале намояндаи вазорат гуфт, шартҳои имсола аз соли гузашта фарқе надоштанд.

Таҳлилгарон мегӯянд, ин ҳама ба сурати умум уфти саросарии сатҳи саводи хонандагони макотиби миёна дар Тоҷикистонро нишон медиҳад. Ҳамин қишри камсавод фардо курсиҳои донишгоҳҳо ва баъди чанд соли дигар деги кадрии ҳукумати Тоҷикистонро пур мекунанд, вале ба ақидаи таҳлилгарон, ин ҳама ба масал ҳамон хишти аввал мемонад, ки меъмор каҷ гузоштааст. Аммо:

Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор каҷ.
XS
SM
MD
LG