Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Хуҷанд барои бори аввал корхонаи сохтани дасту пойҳои сунъӣ фаъол хоҳад шуд, ки маҳсулоташро ба таври ройгон дар ихтиёри маъюбон мегузорад.

Дар маркази вилояти Суғд барои бори аввал корхонаи сохтани дасту пойҳои сунъӣ фаъол хоҳад шуд.

Бахши корхонаи протезиву ортопедии Душанбе дар Хуҷанд, ки ҳоло барои маъюбон танҳо пойафзол медӯзад, ба зудӣ истеҳсоли дасту пойҳои сунъиро низ ба роҳ хоҳад монд. Ин корхона дар назди Маркази пиронсолон ва маъюбони маркази вилояти Суғд фаъол аст.

Ҳошим Қосимов, сардори ин корхона рӯзи 3-юми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин кор ба хотири сабук намудани мушкилоти маъюбон рӯи даст гирифта шудааст, ки барои гузоштани дасту пойҳои сунъӣ ба Душанбе ва кишварҳои дигар сафар мекарданд.

Ба гуфтаи вай, танҳо дар ин корхона ҳудуди 450 нафар одамоне, ки бо даст ё пойи сунъӣ зиндагӣ доранд, сабти ном шудаанд. Ӯ мегӯяд, чун то ҳол дар минтақаи шимолии Тоҷикистон корхонаи сохтани дасту пойҳои сунъӣ вуҷуд надошт, бархе маъюбон худро дар корхонаи Душанбе номнавис кардаанд.

“Мақсади мо ин, ки ҳамин одамони маъюб сарсон шуда ба Душанбе нараванду дар ҳамин ҷо дасту пойҳои сунъӣ гузоранд. Барои гузоштани дасту пойҳои сунъӣ танҳо тавсияи табибон кофӣ аст ва мо бепул ба онҳо даст ё пойи сунъӣ мегузорем. Вале ҳоло ин кор тавассути корхонаи Душанбе сурат мегирад ва то анҷоми кор чанд бор ба Душанбе сафар кардани маъюбон зарур меояд.” – афзуд вай.

Ба гуфтаи Ҳошим Қосимов, ҳоло таҷҳизоти муосир барои коргоҳи барориши дасту пойҳои сунъии пласмасӣ аз хориҷа ба Душанбе оварда шуда, баъд аз таъмиру тармими бинои коргоҳ, ба Хуҷанд интиқол дода хоҳанд шуд. Вай гуфт, се мутахассиси ҷавони корхона, ду ҷавондухтар ва як ҷавон аз ҳисоби созмони Салиби Сурхи Тоҷикистон дар кишвари Ветнам аз якуним то се соли таҳсил кардаву коромӯзӣ намуда, чун мутахассиси сохтан ва гузоштани дасту пойҳои сунъӣ баргаштанд. Онҳо ҳоло дар корхонаи Душанбе кор карда истодаанд. Вақте ки корхонаамон ба кор даромад, онҳо наздамон бармегарданд.”

Созмони Салиби Сурхи Тоҷикистон барои таъсиси корхонаи барориши дасту пойҳои сунъӣ дар Хуҷанд 80 ҳазор доллар ёрии хориҷии бебозгашт дарёфт кардааст.

Қаҳрамон Мусобоев, ҷавоне аз шаҳри Хуҷанд чанд сол пеш дар муҳоҷирати кории Русия ҳар ду пояшро сармо зада ба ватан баргашт. Табибон дар Душанбе ҳар ду пояшро аз зону поин буриданд ва баъди табобат дар корхонаи протезии Душанбе пойҳои сунъӣ гузоштанд.

Қаҳрамон ҳоло дар як ширкати сохтмонӣ ба ҳайси қабулкунандаи фармоиш кор мекунад. Вай мегӯяд, ҳар замон ба табибон муроҷиат карданаш зарур меояд: “Чунки вақте хароб ё фарбеҳ мешавам, андозаи пойҳои сунъиямро ҳам бояд дигар кунам. Ё пои сунъӣ, ки аз пласмас аст, гоҳе мешиканад ва онро бояд таъмир кунам. Барои ин корҳо ба Душанбе меравам. Ҳоло ки мехоҳанд дар Хуҷанд корхона бисозанд, ба мо осон мешавад.”

Ба гуфтаи мусоҳибам, дар ҳоли ҳозир хусусан барои сокинони минтақаи Зарафшони Тоҷикистон, ки мехоҳанд даст ё пойи сунъӣ гузоранд, рафту омад миёни Хуҷанд ва Душанбе душвор аст. Онҳо барои муоинаву тавсияи табибон аввал ба Хуҷанд меоянд, сипас ба Душанбе сафар мекунанд ва гузоштани даст ва ё пои сунъӣ ҳади ақал як ҳафта вақт мегирад.

Ин дар ҳолест, ки маъюбон дар Тоҷикистон як қишри нодор маҳсуб меёбанд. Оҷонси давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд мегӯяд, дар минтақаи шимолии Тоҷикистон беш аз 50 ҳазор нафар ба ҳайси маъюб ба қайд гирифта шуда, аз давлат аз 78 то 195 сомонӣ нафақа мегиранд. Аз ин маълулон 16 ҳазор маъюбони модарзод буда ва ҳудуди 7 ҳазори онҳо зери синни 18 ҳастанд.

XS
SM
MD
LG