Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Раҳмону Путин. Акнун дар Сочӣ


Мулоқоти Путину Раҳмон дар Маскав дар моҳи август
Мулоқоти Путину Раҳмон дар Маскав дар моҳи август

Қарор аст, рӯзи 23 сентябр дар шаҳри Сочӣ президентони Тоҷикистон ва Русия мулоқот кунанд.

Як ҳайъати Тоҷикистон дар шаҳри Сочӣ ба ташкили мулоқоти сарони кишварҳои Русия ва Тоҷикистон – Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон - шурӯъ кардааст. Қарор аст, ин мулоқот рӯзи 23 сентябр, дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ(СПАД) баргузор шавад. Дар ин бора ба радиои Озодӣ масъулини сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар доданд. Ин ҳайат шоми 17 сентябр таҳти раҳбарии сафир Абдулмаҷид Достиев вориди шаҳри Сочӣ шуд. Мавзӯъи сӯҳбати ду раҳбар феълан маълум нест. Танҳо гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои наздик вориди шаҳре мешавад, ки мизбони бозиҳои олимпии зимистонаи соли 2014 хоҳад шуд.

Тибқи иттилоъи дафтари матбуоти Кремлин, рӯзи 23 сентябр нишасти навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД баргузор мешавад. Дар ин нишаст мавзӯи ҳамкориҳои аъзои созмон дар амри таъмини амнияти дастаҷамъӣ, ҷараёни иҷрои тааҳҳудоти дар нишастҳои моҳи декабри соли 2012 ва маи соли 2013 ҳосилшуда, навсозии шеваи мудирияти нирӯҳои СПАД ва эҳтимоли ташкили нирӯҳои ҳавоии муштарак баррасӣ хоҳад шуд. Инчунин дар ин ҳамоиш масъалаи таъмини амнияти марзҳои кишварҳои СПАД баъди хуруҷи нирӯҳои НАТО аз хоки Афғонистон дар соли 2014 баррасӣ мешавад.

Намояндаи дафтари матбуоти Кремлин ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ки ба таври хос дар ин нишаст масъалаи таҳкими амнияти марзи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ хоҳад шуд. “Вазъияти марзи Тоҷикистону Афғонистон ва тамоюле, ки дар сарҳад мушоҳида мешавад, то рафт бад мешавад. Аз ин рӯ, президентҳо масъалаи ироаи кӯмак ба нирӯҳои марзбонии Тоҷикистонро баррасӣ хоҳанд кард”, - гуфтааст ин манбаъ. Ба СПАД Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия в Тоҷикистон шомиланд.

Мулоқоти ахири президентони Русия ва Тоҷикистон рӯзи 1 август дар шаҳри Маскав баргузор шуд. Баъди ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки созишномаи шароити будубоши пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон аз ҷониби парлумон дар моҳи сентябр тасвиб хоҳад шуд. Мавзӯъи ба дарозо кашида шудани тасвиби ин санад, ки мувофиқаташ ҳанӯз дар сафари порсолаи Владимир Путин ба Душанбе ҳосил шуда буд, аз масоили аслии мавриди баҳси матбуоти дохиливу хориҷӣ буд. Баъзе мунтақидон номуайяниҳоро дар мӯҳлати тасвиби созишномае, ки ҳузури нирӯҳои русиро дар қаламрави Тоҷикистон то соли 2042 фароҳам мекунад, бо интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар рабт медоданд.

Зимнан, хабари баргузории мулоқоти навбатии Путину Раҳмон рӯзе ба даст расид, ки дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон дар бораи ба парлумон пешниҳод шудани матни созишномаи пойгоҳи 201-и Русия хабар дод.

Дар маркази матбуоти президент ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон дар асоси моддаи 9-и Қонун “Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Созишномаи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Русия дар қаламрави Тоҷикистонро барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод кардааст.

Ин созишнома ҳанӯз 5-уми октябри соли 2012 миёни раисҷумҳурони Русияву Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин - дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд. Парлумон ва президенти Русия ҳанӯз моҳи апрел ин созишномаро ба тасвиб расонданд. Ин қарордод замони ҳузури ин пойгоҳро дастикам то соли 2042 тамдид карда, Русияро аз пардохти пули иҷора раҳо мекунад ва ҳам эътои ҳаққи дахлнопазирӣ ба низомиёни рус дар Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Ба дарозо кашида шудани тасвиби ин созишнома аз сӯи давлати Тоҷикистон дар расонаҳои Русия мавриди баҳсҳои зиёд шуда буд. Аз ҷумла Тоҷикистонро барои иҷро накардани тааҳҳудаш бо шарики стратегӣ муттаҳам мекарданд. Мақомоти Тоҷикистон мегуфтанд, ки пас аз тасвиб шудани ду созишномаи дигар – созишномаи шароити будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва созишномаи интиқоли маводи нафтӣ, ин санади муҳим низ ниҳоӣ хоҳад шуд. Аммо дар маҳофил мегӯянд, маътал кардани Душанбе дар тасвиби қарордоди пойгоҳ бештар омилҳои субъективӣ дошт ва ба интихоботи имсолаи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон рабт мегирифт. Бархе нозирон бар инанд, ки доираҳои ҳокими Тоҷикистон мехостанд дар ивази тасвиби ин паймон ҳимояти дигарбораи Маскав аз номзадии Эмомалӣ Раҳмонро тазмин кунанд.

Пурсиши Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе нишон медиҳад, ки мардуми оддӣ ба масъалаи пойгоҳи Русия назари чандон яксон надоранд:


Нигоҳҳои мутафовит дар бораи ҳузури пойгоҳи Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:47 0:00

“Неъматҳои Тоҷикистон” барои меҳмонони Сочи


Ба иттилоъи Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ки дар Сочӣ қарор дорад, дар чаҳорчӯби нишасти рӯзи 23 сентябр намоиши маҳсулоти кишоварзии таҳти унвони “Неъматҳои Тоҷикистон” баргузор мешавад, ки беҳтарин намунаҳои меваву сабзавоти ин кишварро ба тамошобинон пешниҳод мекунад. Рӯзи 18 сентябр дар мулоқот бо мақомоти шаҳри Сочӣ ва ҳам хадамоти гумруки ин шаҳр сафир Абдулмаҷид Достиев шароити ташкили намоишгоҳи меваву сабзавоти тоҷикиро баррасӣ кардааст.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти ин минтақаи Русия аз муҳоҷирони корие, ки дар сохтмонҳои олимпии Сочӣ кор мекарданд, тақозо кардаанд, то дар рӯзҳои Олимпиада ин минтақаро тарк кунанд. Як нирӯи асосӣ дар ин сохтмонҳои олимпӣ муҳоҷирони тоҷик ба шумор мераванд, ки низ бояд акнун дар пешорӯи Бозиҳои олимпӣ аз ин минтақа бикӯчанд. Аммо маълум нест, ки оё дар дидори Путину Раҳмон дар Сочӣ сарнавишти муҳоҷирони тоҷик, аз ҷумла он ҳазорон нафаре ки дар Сочӣ кор мекарданд, баҳс хоҳад шуд ё на.
XS
SM
MD
LG