Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радди даъвати хоҳари президент Назирро паси панҷара бурд?


Назир Ҳабибов
Назир Ҳабибов

Яке аз овозхонҳои маъруфу маҳбуб дар Туркманистон ҳоло дар зиндон аст. Назир Ҳабибовро моҳи август бо иттиҳоми нигоҳдорӣ ва фурӯши маводи мухаддир дастгир карданд, вале зоҳиран сабаби ба бало гирифтор шуданаш, дигар аст. Дар байни ҷомеаи Туркманистон мардум мегуфтанд, ки Назир Ҳабибов маводи мухаддир истеъмол мекунад, вале бо вуҷуди ин маҳбубияташ кам намешуд. Гузашта аз ин, ба гуфтаи хешовандон, мансабдорон ва элитаи Туркманистон барои даъвати ӯ ба маъракаву ҷашнҳояшон навбат мепоиданд ва ӯро 6 моҳ пеш “заказ” мекарданд.

Дар фазои тираи сиёсӣ ва иҷтимоии Туркманистон маълум кардани ҳуввияти элитаҳо ва нуфузи онҳо дар кишвар мушкил аст. Зоҳиран афроде мисли Назир Ҳабибов намедонистаанд, ки нуфузи кадом мансабдор зиёдтар ва кадоме аз онҳо аз дигариаш болотар аст.

Аммо ҳар маҳбубият баҳое дорад ва ҳамин навбатгузориҳо Назир Ҳабибовро ба ҷанҷол кашид. Дар тамоми Осиёи Марказӣ ин расм ҳаст, ки овозхонҳои маъруф умдатан ба маҳфилҳои мардуми сарватманд ва мансабдорони калон даъват мешаванд. Овозхон ҳам чора надорад ва бояд даъватро бипазирад, зеро рад кардани даъвати мансабдор, метавонад, ӯро “радди маърака” кунад.

Мушкили Назир Ҳабибов баъд аз он сар шудааст, ки ӯ аввал аз як нафар даъват гирифтааст ва сипас нафари дигаре аз ӯ хостааст, ки дар ҷашнаш ҳунарнамоӣ кунад. Назир Ҳабибов дархости фарди аввалиро пазируфтаасту тамом ва бо ҳамин “хатои бузурге” кардааст.

Дар фазои тираи сиёсӣ ва иҷтимоии Туркманистон маълум кардани ҳуввияти элитаҳо ва нуфузи онҳо дар кишвар мушкил аст. Зоҳиран афроде мисли Назир Ҳабибов намедонистаанд, ки нуфузи кадом мансабдор зиёдтар ва кадоме аз онҳо аз дигариаш болотар аст.

Назир Ҳабибов
Назир Ҳабибов

Даъвати дуввуме, ки овозхони пуртарафдор рад кардааст, зоҳиран аз як хоҳари раиси ҷумҳур Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов будааст. Раиси ҷумҳури Туркманистон 5 хоҳар дорад. Мушкилоти қонунии Назир Ҳабибов баъди ба ҷашни мизоҷи дуввум наомаданаш шурӯъ шуд. Бахши туркмании Радиои Озодӣ аз тариқи Инстаграм бо Рита, ҳамсари Назир Ҳабибов тамос гирифт ва ӯ иддао дар бораи маводи мухаддир фурӯхтани шавҳарашро рад кард. Ҳамсари овозхон ба суолҳои дигари Радиои Озодӣ ҷавоб нагуфт ва саҳифаашро ҳам пок кард. Баъди боздошти овозхон, мағозаҳои ҳамсари ӯро ҳам мақомот мусодира кардаанд.

Дар бораи ҳукми зиндони Назир Ҳабибов хабарҳо гуногун аст, яке мегӯяд, ӯро моҳи октябр ба 15 соли зиндон маҳкум карданд, ба гуфтаи дигар ӯ 12 сол зиндонӣ шуд. Телевизиони давлатии Туркманистон моҳи октябр бо пахши намоише ба истилоҳ эътирофи Назир Ҳабибовро намоиш дод. Ӯ бо сари хам ва дастони баста чунин мегуфт: “Ман ин маводро барои истеъмоли худам харидам. Ман зиндагии хубе дорам. Ман падару модарам ва хонаводаамро шарманда кардам, маро бубахшед.”

Расонаҳои давлатӣ ҳам акси як-ду халтаи сафеди ифлосеро нашр карда гуфтанд, ки дар халтаҳо маводи мухаддир аст ва ба овозхон тааллуқ доранд. Раиси ҷумҳури Туркманистон рӯзи 2-уми ноябр зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллӣ гуфт, ки Ҳабибов ва дигар афроди маҳкумшуда барои маводи мухаддир сазовори бахшидан нестанд. Ӯ дар бораи “тоҷири худхоҳе” сӯҳбат кард, ки ба гуфтаи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ғайриқонунӣ сигор мефурӯхт ва “маводи мухаддирро истеъмол ва тақсим мекард.”

Раиси ҷумҳур гуфт, ингуна одамон бояд “хор” карда шаванд ва аз ниҳодҳои амниятӣ хост, талошҳо барои аз байн бурдани “фурӯшу истеъмоли маводи мухаддирро” зиёдтар кунанд. Маълум нест, Назир Ҳабибов маводи мухаддир истеъмол мекард, ё не, вале боздошту ҳукми зиндони ӯ зоҳиран аз онҷо сарчашма мегирад, ки хостаи кадом як шахсияти бонуфузеро рад кард ва ин шахсият бо ҳукумати Туркманистон иртибот дорад.

Агар Назир Ҳабибов озод мебуд, бо вуҷуди иттиҳомот дар бораи истеъмоли маводи мухаддир дар ҷашни мизоҷи дуввумаш ҳунарнамоӣ мекард? Ё гуноҳаш ин буд, ки хостаи кадом як фарди қудратмандеро рад кард? Бо назардошти собиқаи 25-солаи нақзи ҳуқуқи инсон дар Туркманистон посух додан ба ин суолҳо мушкил аст.

XS
SM
MD
LG