Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бозгашт ба асли хеш". Ба кадом асл ё кадом аср?


Тарафдорони танзими сарулибос талоши мақомотро дар ин роҳ бозгашт ба асли миллӣ меноманд, аммо мухолифон онро "дахолат ба ҳаёти шахсии инсонҳо" унвон кардаанд.

Оё дар дуконҳо ба зудӣ либоси сафеди карбос, ҷелак, сарпӯши миллӣ, ҷойнамоз ва тасбеҳ бо тамғаи “Made in Tajikistan” пайдо хоҳад шуд?

Посухи ин суол, ба гуфтаи таҳлилгарон, баъди он пайдо хоҳад шуд, ки ҳукумат аз пешниҳоди истеҳсоли ин абзор вокуниш кунад. Файзулло Баротзода, раиси Маркази исломшиносии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, ахиран дар матлабе дар торнамои хабаргузории давлатии “Ховар” баъд аз гила аз тарроҳони тоҷик, ки то ҳол натавонистанд намунаи як либоси ҳам ба фарҳанги миллӣ ва ҳам ба андешаи мазҳабӣ созгорро офаранд, истеҳсоли ҷелаку сарпӯш ва ҷойнамозу тасбеҳи “миллӣ”-ро пешниҳод карда, онро садде дар роҳи “вуруди либосҳои динӣ, аз ҷумла,сатру рӯсариҳо” ба кишвар хонд. Гуфта мешавад, ки бозори либоси динӣ дар Тоҷикистон чанд сол боз гарм боқӣ мемонад.

Раҳматулло Абдуллоев, муаррихи тоҷик, мегӯяд, пас аз суқути шӯравӣ дар аксар кишварҳои “оилаи ягона” раванди “бозгашт ба асли хеш” шурӯъ шуд, ки аз эҳёи давлатдории миллӣ то эҳёи фарҳанги бостонӣ ва суннату урфу одатҳоро фаро мегирифт. Дар ду даҳсолаи ахир низоми давлатдорӣ дар бархе аз ин кишварҳо шояд зиёд тағйир накарда бошад, аммо мансабдорони ин ҷумҳуриҳои Шӯравии пешитн бештар рӯи арҷгузорӣ ба давлатмардони бузург (Исмоили Сомонӣ дар Тоҷикистон), сипаҳсолорон (Темури Ланг дар Ӯзбакистон, Манас дар Қирғизистон), нашри осори адибони гузашта ва эҳёи арзишҳое чун забони мардуми бумӣ, мазҳаб, урфу одат ва маросимҳои бостоние тамаркуз карданд, ки замони шӯравӣ “хору зор” шуда буданд.

Файзулло Баротзода
Файзулло Баротзода

Пешниҳоди тавлиди либоси сафеди карбос, ҷелак, сарпӯши миллӣ, ҷойнамоз ва тасбеҳ ҳам, аз нигоҳи муаррихи тоҷик, эҳтимолан дар чаҳорчӯби раванди “бозгашт ба асли хеш” ироа шудааст, ҳарчанд ба назар мерасад, ки ҳадафи аслияш – ҷилавгирӣ аз вуруди либосҳои “бегона”, аз ҷумла, ҳиҷобу сатри тавлиди кишварҳои арабӣ ва талоши ба роҳ мондани истеҳсоли либосҳои сирф тоҷикист.

Аммо, ба гуфтаи Раҳматулло Абдуллоев, “мо набояд фаромӯш кунем, ки дар кадом қарн ба сар мебарем... Аз ин рӯ ҳар иқдоме, ки дар чаҳорчӯби “эҳёи фарҳангу урфу одатҳо” ё “бозгашт ба асли мазҳабӣ” сурат мегирад,бояд орӣ аз фишору зӯровариву таҳмилсозӣ бошад”.“Дар замони истиқлолият бояд ба истиқлолияти шахсӣ ҳам мусоидат кард, касеро набояд маҷбур сохт, ки ҷелак ё либоси сафеди карбосӣ ба тан кунад". мутмаин аст муаррихи тоҷик. Аз нигоҳи Раҳматулло Абдуллоев, либос баёнгари тафаккуру ҷаҳонбинӣ нест, “ман шояд ҳеҷ гоҳ ҷелак ё тоқӣ ба сар накунам, вале мафкураи ман шояд назар ба онҳое, ки лофи эҳёи суннатҳои миллӣ мезананд, миллитару тоҷикитар бошад”.

“САДРА”, “САТРА” Ё “САТР”?

Раҳматулло Абдуллоев
Раҳматулло Абдуллоев

Раҳматулло Абдуллоев мегӯяд, ӯ бо он ақидаи Файзулло Баротзода мувофиқ аст, ки “пироҳани занон бояд ба услуби анъанавии либосҳои занона мувофиқат кунад ва дар он таъсири вижагиҳои либоспӯшии мардона набошад”.

Ҷонибеки Асрориён, фарҳангшиноси тоҷик мегӯяд, дар манотиқи кӯҳистони Тоҷикистон садсолаҳо боз занон либоси миллиро ба тан мекунанд ва ҳар минтақа – Хатлону Зарафшону Бадахшон вижагиҳое дар либосҳои худ доштанд. Афроди солхӯрда ҳатто замони шӯравӣ ҷелак ва либоси сӯф мепӯшиданд. Аммо, дар аксар рустоҳо, ба гуфтаи фарҳангшинос, занҳо фаранҷипӯш набуданд, зеро мардум ҳамдигарро мешинохтанд ва аксарият бо ҳам маҳрам буданд. “Фаранҷӣ дар шаҳрҳо мушоҳида мешуд, зеро он ҷо дар кӯчаву бозору растаҳо аксаран мардҳои бегона буданд”.

Ҷонибек Асрориён
Ҷонибек Асрориён

Ҷонибеки Асрориён меафзояд, дар адабиёти форсу тоҷик вожаи “сатра” ё “садра” зиёд ба чашм мерасад ва он либосест, ки ҳафт дараҷаи хизмат дорад ва он аз кастипӯшонии наврасон шурӯъ мешуд. Ба наврасоне, ки ба синни 16-солагӣ мерасиданд, баъди гузаштан аз имтиҳонҳои тирандозиву аспсавориву давидану ҷаҳидан ва пас аз мутмаин шудани бузургсолон, ки онҳо аз дурӯғ парҳез мекунанд, садраи аввал – пироҳане ё кастие иборат аз тикаҳои алоҳида мепӯшониданд, ки дарозияш то ба зону мерасид ва он қадар озод буд, ки монеъи ягон амали наврас намешуд.Ба миёни наврас банде мебастанд ва аз ин баъд ӯ ҷавонмард ҳисоб мешуд. Мусоҳиби мо ҳадс мезанад, ки шояд “садра” ва “сатр” як решаи умумии авестоӣ дошта бошанд.

ПИРОҲАНИ ТОҶИКӢ ДАР “ТАХТИ САНГИН”

Ҷонибеки Асрориён мутмаин аст, ки “пас аз ҳуҷуми Искандари Мақдуниву лашкари араб ва тохтутози Чингизхону Шайбонихон ва ахиран ишғоли Осиёи Марказӣ аз сӯи Русия болои тоҷикҳо либоси дигар таҳмил мешуд ва онҳо тақрибан имкон надоштанд, ки либоси миллии қадимаи худро ҳифз кунанд. Аз ин рӯ, бояд бо такя ба маъхазу ёдгориҳои бостонӣ бояд либоси қадима ва воқеъан миллии тоҷикон эҳё карда шавад.

Ҷонибеки Асрориён бо ишора ба ёдгориҳои Тахти сангин мегӯяд, ки дар қадим мардҳои тоҷик, аз ҷумла, нимпироҳан доштанд, ки аз миён каме поёнтар буд. “Дар Тахти сангин марди бохтарӣ тасвир шудааст, ки бо ин либос дар шикор аст ва сари остини нимпироҳан нақшҳо дорад. Ин мард дар миён ханҷар ва тан шалворе дорад, ки бо мӯза пӯшонида шудааст”. Ӯ меафзояд, “дар Тахти сангин як нишонаи хело зебо ҳам аст, дар тасвирҳои он тасмаи зери сари сина ва камарбанди занро ҳам метавон дид”. Ба гуфтаи фарҳангшиноси тоҷик, либоси бостонии тоҷикон маҳз ҳамин гуна буд.

Ҷонибеки Асрориён мегӯяд, ки ҳар як миллат либоси хоси худро дорад, аммо либосҳое ҳастанд, ки онҳоро фақат дар ҷашну маъракаҳо ба тан мекунанд. Аз нигоҳи ӯ, аз ҷумла, чакан либоси сирф ҷашнӣ аст ва солҳои пеш онро фақат дар Наврӯз ва тирамоҳ ҳангоми дубора баробар шудани рӯзу шаб ба бар мекарданд. “Аз сӯи дигар, барои дӯхтани чакан заҳмати кам сарф намешавад, ки онро кас ҳар рӯз ба тан кунад”.

Ҳафиз Бобоёров
Ҳафиз Бобоёров

Ҳафиз Бобоёров, доктори илмҳои фалсафа ва корманди Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон, боз як вижагии чакан ва атлас ин аст, ки рангҳои гуногун доранд ва инсонро бо табиат наздиктар мекунанд. “Бубинед, табиат пайваста рангҳои худро дигар мекунад, яъне ҳар фасли сол як пироҳани рангини навмепӯшад... Мардуми мо ҳам тӯли таърих ба ин натиҷаи фарҳангӣ расид, ки бояд байни инсон ва табиат ҳамоҳангӣ бошад”. Аз нигоҳи Раҳматулло Абдуллоев, дар ҷашни ахири Наврӯз мушоҳида шуд, ки духтарон бо истифода аз технологияи нави сӯзанидӯзиву чакан либосҳои хело зебову шинам дӯхтаанд.

БО ҶЕЛАКУ ДАСТОР - БА ФАТҲИ КАЙҲОН?

Аз нигоҳи Ҳафиз Бобоёров, мафҳуми “бозгашт ба асли худ” солҳои 90-уми қарни гузашта дар ҳоле пайдо шуд, ки мардуми Тоҷикистон идеяе надошт, ки куҷо меравад. Аммо, аз нигоҳи ӯ, “бозгашт ба асли худ” бештар ангезаи динӣ дорад ва ба он маъност, ки “мо дар гузашта диндорҳои ноб будем ё дар шакли зардӯштӣ ё исломӣ ва мо бояд ба он давра баргардем ва чун он давра либос пӯшему чун он давра ақида дошта бошем ва дар бораи имрӯзу оянда фикр накунем”.

Мусоҳиби мо меафзояд, “имрӯз ҷаҳон босурат пеш меравад ва акнун айёми “нанотехнология” фаро расидааст, дар оянда фановариҳои аз он бузургтар пайдо хоҳанд шуд ва қарнҳои 21 ва 22 қарни кашфи кайҳон мешавад. Пас, мо бояд дар бораи илму фановариҳо ҳарф занем, на дар бораи эҳёи ҷелаку либоси карбосӣ...”

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Ҳафиз Бобоёров, дар либоспӯшӣ аз бегонапарастӣ парҳез бояд кард ва набояд аз ҳар фарҳангу суннати бегона пайравӣ намуд”. Ба гуфтаи ӯ, мо бояд либосе пӯшем, ки барои кору гардишу фикру эҷод кардан мувофиқ ва ранги он ҳам ба табъи худамон мутобиқ бошад, то ки ба мо халали фикриву равониву ҷисмонӣ нарасонад... Донишманди тоҷик меафзояд, либос на фақат муаррифгари миллат, балки бақои он ҳам метавонад бошад. Ӯ мардуми минтақаи Баварияи Олмонро намуна меоварад, ки фақат ба хотири ҳифзи ҳуввияти худ ҳамарӯза либосҳои миллӣ ба бар мекунанд...

Аз ин пеш дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯби “бозгашт ба асли хеш” пешниҳодҳое дар бораи гузаштан ба алифбои ниёгон ва тағйири тақвими феълӣ ҳам ироа шуданд. Ҷонибдорони гузаштан ба алифбои ниёгон бар ин ақидаанд, ки бо ҷорӣ шудани ҳуруфи арабӣ мардум имкони ошноӣ бо ганҷи бебаҳо – осори шоирону донишмандони қадимаро фароҳам хоҳад кард. Аммо аз нигоҳи шоира Гулрухсор, беҳтар мебуд, ки чун дар баъзе кишварҳо, мардуми Тоҷикистон имкони хондану навиштан бо ду ҳуруф – ҳам сириллик ва ҳам арабиро медоштанд.

Мӯйсафедон солҳо боз ҷелак мепӯшанд
Мӯйсафедон солҳо боз ҷелак мепӯшанд

Раҳматулло Абдуллоев мегӯяд, ки дар маҳофили Тоҷикистон гоҳҳо бозгашт ба тақвими бостонии мардум ҳам баррасӣ мешавад. Ба гуфтаи ӯ, мардуми Осиёи Марказӣ, Эрон ва Осиёи Хурд қарнҳо пеш аз тақвими зардуштӣ ё тақвими хуршедӣ истифода мебурданд. Ин тақвим аз 12 моҳи сирӯза иборат буд ва ҳар моҳ номи нафаре аз афроди маъруфи дини зардуштро дошт. Аммо дар ин тақвим моҳҳо ба ҳафтаҳо тақсим нашуда буданд. Баъдан мардуми Осиёи Марказӣ ба тақвими ҳиҷрӣ-қамарӣ гузаштанд, ки то ҳол дар Эрону Афғонистон истифода мешавад. Фарқ дар он аст, ки дар Эрон моҳҳои форсӣ боқӣ мондаанд ва дар Афғонистон моҳҳои арабӣ. Тақвими ҳиҷрӣ-қамарӣ, ки онро «тақвими мусалмонӣ» ҳам меноманд, бо ширкати Умари Хайём таҳия ва чанд бор ислоҳу дақиқ шудааст. Солшуморӣ ё солнамои ҳиҷрӣ аз ҳиҷрати Паёмбари ислом Ҳазрати Муҳаммад аз Макка ба Мадина дар соли 622 шурӯъ мешавад. Сол дар ин тақвим аз Наврӯз шурӯъ мешавад ва рӯзи ҷумъаи ҳафта - рӯзи истироҳат аст.

Раҳматулло Абдуллоев меафзояд, ки тақвими феълии григорианӣ дар бахши аъзами Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар шимоли қаламрави феълии Тоҷикистон, баъд аз забти минтақа аз сӯи Русия дар солҳои 60-уми қарни 19 ҷорӣ шуд. Дар мавзеъҳои кӯҳистонии Бухорои шарқӣ бошад, фақат баъд аз пирӯзии болшевикҳо ин тақвим ҷойгузини тақвими ҳиҷрӣ-шамсӣ гардид ва мардум маҷбур шуданд, ки худро ба он мутобиқ созанд. Аммо, ба иқрори Раҳматулло Абдуллоев, тағйири тақвим мухолифони зиёд дорад ва онҳо иддаъо доранд, ин тағйирот ба равобиту тиҷорат бо он кишварҳои аврупоиву осиёӣ, ки шанбеву якшанбе рӯзҳои истироҳат эълон шудаанд, мушкили ҷиддӣ эҷод хоҳад кард...

Либоси занони тоҷик - миллӣ, аврупоӣ ё исломӣ?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:04 0:00

XS
SM
MD
LG