Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷирону фурӯшандагони либосҳои исломӣ мегӯянд, ки дар фаъолияти онҳо маҳдудиятҳо вазъ шудааст, аммо мақомот инро рад мекунанд.

То чанд соли пеш ҳиҷобфурӯшӣ ва ё либосӣ исломии занона, барои бисёре аз фурӯшандаҳо тиҷорати фоидаоварде буд, аммо бархе аз тоҷирони ин навъи либос мегӯянд, дигар бозорашон мисли пешин гарм нест. Аз як сӯ мамнӯъ будани рӯйсарӣ дар мактабу донишгоҳ ва корхонаҳо сабаб шуд, ки бархе тарки рӯйсарӣ кунанд. Аммо аз сӯи дигар ба гуфтаи тоҷирон, ҳоло баробар бо ришдорону сатрпӯшон, онҳо ҳам мавриди пурсуҷӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар қарор мегиранд.

Саодат, як тоҷири либосҳои занонаи исломӣ дар маркази пойтахт дар сӯҳбат бо мо гуфт, онҳо ҳоло дар фурӯши либоси исломӣ чандон озод нестанд ва мақомот омада таъкидашон кардаанд, ки аз фурӯши бурқа ё ниқоб, чодар ва либосҳои сиёҳи бе ягон нақшу нигор, худдорӣ кунанд. Ва ҳамчунин либосҳои мардонае, ки бештар афғонҳову покистониҳо мепӯшанд, бояд ба фурӯш гузошта нашавад ва зиёд ин навъи либосро ташвиқ накунанд: “Мегӯянд, ки метавонанд бо ин навъи либос, масалан чодарҳои сиёҳ ҷиноят кунанд, ҷинояткорӣ авҷ гирад. Зери ин либос ягон ҳадафи нопок дошта бошад. Бархеҳо ҳам ҳоло дигар аз харидории либоcҳои сиёҳ метарсанд. Мегӯянд, бояд занони аз 40 сола боло чунин либос пӯшанд. Мо ҳам дигар ҳоло кӯшиш дорем, либосҳои рангҳои рӯшан доштаро ба фурӯш гузорем.”

Як тоҷири дигар дар сӯҳбати бидуни сабт ба мо гуфт, қаблан шахсан худаш аз Дубай либосу рӯйсариҳои комилан сиёҳ меовард, чун талабот ба ин навъи либос миёни заноне, ки ҳиҷоб ба бар мекунанд зиёд буд, аммо акнун тиҷораташ дар холи аз ҳампошист ва вай ҳам нақша дорад шеваи соҳибкориашро дигар кунад. Вай мегӯяд, соле қабл ҳар моҳ ба Дубай барои бор мерафт, ҳоло дигар дар 8 моҳ як маротиба меравад.

Дар ҳоле, ки мақомот фурӯши либосҳои исломӣ назири бурқа ва ҳиҷоби сиёҳро манъ мекунанд, як тан аз чунин духтарон мегӯяд, ба фаҳмиши ӯ дар ислом маҳз ба пӯшидани либоси торик, махсусан сиёҳ бартарӣ дода мешавад. Назира, ки мактаби олиро хатм кардааст ва ҳоло дар мадраса дарс мегирад, мегӯяд,“ранги сиёҳ чанд хубӣ дорад, аввал ин, ки диққат ҷалб намекунад, дуввум ин ки ҳама нозукиҳои бадан пӯшида меистад. Аммо ман ба ин ҳайронам, ки чӣ фарқе дорад, ки як нафар чӣ навъи либосу чӣ ранге ба бар мекунад ва монеа эҷод мекунад. Магар либос чӣ зараре метавонад дошта бошад барои давлат? Ман ҳоло бештар матоъ харида барои худ либос медӯзонам, ин ҳам арзонтар ҳам мувофиқи табъ аст. Дар бозор ё танг бештар дар фурӯш аст ва ё хеле диққатҷалкунанда.”

Зимнан, дар мағозаҳои либосҳои занонаи исломӣ, ҳоло ҳатто шеваи рӯймолбандӣ дар маникен ё лухтакҳо, ки тавассути он тоҷирон рӯйсариҳои худро таблиғ мекунанд, дигар шудааст. Қаблан дар ин маникенҳо рӯймол ба зери манаҳ ва мисли рӯйсари баста мешуд, акнун шакли рӯймолбандии онҳо маъмулӣ шудааст.

Фарангис дар яке аз мағозаҳои фурӯши либосҳои занонаи исломӣ савдогар аст. Ӯ мегӯяд, ҳоло аслан худи харидорони либоси онҳо ба фарқ аз солҳои пештар кам шудааст. Ба қавли Фарангис, ҳоло бисёре аз муштариёни онҳо ё шеваи либоспӯшии худро каме “соддатар” кардаанд ё умуман аз баҳри сатр гузаштаанд: “Аввал фурсати шиштану бекор мондан надоштам. Ҳоло тавре мебинед, харидор нест, савдо кам. Ҳоло либосҳои сиёҳ дорем, аммо пур аз муҳраву ороишот аст ва бештар барои арӯсҳо либос пешниҳод мекунем. Чун либоси пур аз муҳраву ороишот ва ба чашм намоёнро бештар арӯсон мепӯшанд.”

Дар воқеъ маҳдудият дар муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳо дар масъалаи либос барои бархе бо ин анҷом ёфт, ки аз ин ду, сатр ё кору таҳсил якеро интихоб кунанд. Нигора, як ҷавонзани тоҷик мегӯяд, 3 сол қабл, баъд аз издивоҷ пӯшиши исломиро интихоб кард, аммо вақте барояш зарур шуд, ки кор пайдо кунад, маҷбур шуд шеваи либоспӯширо дигар кунад: “Аз шавҳар ҷудо шудам, чанд моҳ бекор мондам, маълумоти олӣ дорам, аммо ба ҷое кор намегирифтанд. Дар мактаб бояд ба ҳайси омӯзгор кор мекардам, билохира сатрро кашидам ва ҳоло дар яке аз гимназияҳои пойтахт фаъолият дорам.”

Аммо бархе аз онҳое, ки бо рӯйсари наметавонистанд озод таҳсил ва ё кор кунанд, тарки кишвар карда, ба кишварҳои хориҷ рафтаанд.

Сару садоҳо дар бораи рейдҳои вижаи мақомот алайҳи ришдорону сатрпӯшон ва ҳам соҳибкорони либосҳои исломӣ таи чанд моҳ аст, ки мавриди баҳс дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам берун аз он қарор гирифтааст. Дар гузашта ҳам борҳо ҳодисаҳои боздошт ва иҷборан тарошидани риши ҷавонон мушоҳида шуда буд.

Аммо мақомот боре ҳам ба ин нуқта расман рӯшанӣ наандохтааст. Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар мавриди “сӯҳбат”-и мақомот бо соҳибкорону рейд миёни ришдорҳо гуфт, онҳо ба хотири ҳифзи тартиботи ҷамъияти рейдҳое мегузаронанд, ”аммо махсус дар масъалаи ришу ришдорон ва соҳибкорони либосҳои исломӣ ҳеҷ дастур вижае нашудааст ва шикоят ҳам аз ҷониби сокинон расман ба мақомот ворид нашудааст.”

Сӯҳбатҳо дар мавриди маҳдудият дар харидуфурӯши либоси исломӣ аз ҷумла бурқаву чодар дар ҳолест, ки чанд соли қабл Кумитаи кор бо занон ва оилаи кишвар ҳам аз пӯшидани ниқоб навъи рӯсарие, ки тамоми чеҳраи занро ба ҷуз аз чашм мепӯшонад, нигаронӣ карда, ин амали занонро "тақлиди кӯр-кӯрона ба фарҳанги барои тоҷикон бегона" номида буд. Ҳамчунин пажӯҳиши ин кумита дар робита ба омилҳои пӯшиши сару либоси исломӣ миёни занони тоҷик дар 3 соли қабл муайян карда буд, ки беш аз 20 дар сади занон иҷборан ҳиҷобпӯш шудаанд.

Тоҷикистон аз низоми дунявии давлатдорӣ пайравӣ мекунад. Дар кишвар либоси ягонаи мактабӣ ҷорӣ шудааст ва дар корхонаву донишгоҳҳо низ низоми либоспушӣ дунявӣ аст. Ҳукумати Тоҷикистон дар гузашта барои маҳдудият дар шеваи либоспӯшӣ аз ҷониби созмонҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ мавриди танқид қарор гирифта буд, аммо ба гуфтаи таҳлилгарон, дар марҳалаи кунунӣ ва вобаста ба таҳаввулоти ҷаҳони ислом, ба хусус олами араб Тоҷикистон ба масоили амниятӣ бештар тарҷеҳ медиҳад, то ба ҳуқуқӣ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG