Як мушовири низомии Русия дар қисмати ғарбии шаҳри Ҳалаб ба ҳалокат расид. Биноба маълумоти Вазорати дифои Русия сарҳанг Руслан Галитский ҳангоми оташкушоии шӯришгарон ба маҳалли мардумнишин захмҳои марговар бардошт ва ҳалок шуд.
Ҳафтаи равон дар натиҷаи тирпарронӣ ба бемористони сайёр дар Ҳалаб ду хоҳари шафқат аз Русия кушта шуданд. Маскав дар ин ҳодиса шӯришгарон ва ҳамчунин Ийолоти Муттаҳида, Британия ва Фаронсаро муттаҳам кард, ки ба гуфтаи он аз шӯришгарон пуштибонӣ мекунанд.