Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи олии Миср рӯзи якшанбе иҷлосеро, ки мебоист қонунмандии маҷлиси масъули таҳияи тарҳи нави Қонуни асосии кишварро муҳокима мекард, ба таъхир гузошт.


Додгоҳи олии Миср гуфт, муҳокимаи қонунмандии Маҷмаъи Қонуни асосиро ба далели “фишорҳои равониву моддӣ” ба таъхир гузоштааст. Додгоҳ дар изҳороташ гуфт, тазоҳуроти тарафдорони исломгарои раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ кори қозиёнро номумкин гардондааст ва додгоҳ фаъолияташро то замони хатми фишорҳо мутаваққиф мекунад. Таърихи нави баҳси ин мавзӯъ эълон нашудааст.

Қаблан раисиҷумҳури Миср Муҳаммад Мурсӣ 15 декабрро рӯзи баргузории райъпурсии саросарии тарҳи Қонуни асосӣ таъйин кард. Ин дар ҳоле буд, ки рӯзи шанбе тарафдорону мухолифони Мурсӣ раҳпаймоиҳои алоҳида барпо карданд.
Беш аз 100 000 аз тарафдорони исломгарои Мурсӣ ба кӯчаҳои Қоҳира ва шаҳрҳои дигари Миср рехта, мухолифони ӯ ба шабзиндадорӣ дар майдони Таҳрир дар маркази Қоҳира идома доданд.

Созмони Афви байналмилалӣ тарҳи Қонуни асосии Мисрро маҳкум кард ва гуфт, ки ин тарҳ “дар амри ҳимоят аз ҳуқуқи инсон ақиб мемонад” ва “ҳуқуқи занонро радд карда, озодии баёнро гӯё ба хотири ҳимоят аз дин маҳдуд мекунад ва муҳокимаи афроди мулкӣ дар додгоҳҳои низомиро иҷозат медиҳад.”

Ин тарҳ рӯзи ҷумъа аз сӯи Маҷмаъи Қонуни асосӣ бошитоб тасвиб шуд. Ин иқдом дар пасманзари беназмиҳое буд, ки Мисрро дар пайи фармони рӯзи 22 ноябри Мурсӣ фаро гирифт. Мурсӣ бо ин фармон ба худ салоҳиятҳои фавқулоддае дод, ки аз ҷумла додгоҳҳоро аз ҳаққи ба чолиш кашондани дастурҳои президент маҳрум мекунад.

Мурсӣ дар пайи дарёфти нусхаи тарҳи Қонуни асосӣ ваъда супурд, ки ба хотири аз “марҳалаи интиқолӣ” баровардани Миср муколамаро бо мунтақидони худ ба роҳ хоҳад монд. Ӯ такроран гуфт, салоҳиятҳои нави ӯ ба муҷарради тасвиби Қонуни асосӣ лағв хоҳанд шуд: “Ман даъватам ба оғози муколамаи миллии воқеъиро дар бораи нигарониҳои мардум босароҳат такрор мекунам, то ба марҳалаи интиқолӣ ҳарчӣ зудтар поён дода, амнияти ин демократияи навзодамонро ҳимоят кунем.”


Аммо издиҳоми тарафдорони мухолифин дар майдони Таҳрир ба ин эъломияи Мурсӣ вокуниши шадид нишон доданд, ки чӣ қадар амиқ рафтани ҷудоӣ дар ин кишвари арабии ҷамъияташ иборат аз 83 миллион нафарро бармало мекунад.
Имод Фикрӣ, яке аз эътирозгарон раисиҷумҳурро айбдор кард, ки ба нафъи ҳизби пешинааш - Ихвонулмуслимин – хидмат мекунад: “Шумо ба мардум, ба майдони Таҳрир ва ба тамоми аҳли инқилоб хиёнат кардед. Шумо қудратро ба Ихвонулмуслимин супурдед, ки ҳадафи худро амалӣ кунад, на ҳадафи ҳамаи мисриёнро. Мо шуморо дигар ҳамчун раисиҷумҳур эътироф намекунем.”

Эътирозгари дигари майдони Таҳрир Аттия Сулаймон ҳам мӯътақид аст, ки тарҳи Қонуни асосӣ ба манфиати тамоми мисриҳо нест: “Дастуре ки таҳия шудааст, комил нест, дастури сиёсист, ки бо фармоиши як гурӯҳи муайян сохта шуда, манфиати куллиро фаро намегирад. Ин як дастури сиёсист ва ба нафъи мардум нест.”

Афви байналмилалӣ дар изҳороте, ки тарҳи Қонуни асосии Мисрро маҳкум мекунад, гуфт, ин дастур “як мояи таассуфи бузурги бисёре аз мисриҳое хоҳад шуд, ки дар ибтидои соли 2011 ба хотири барандохтани режими Ҳуснӣ Муборак ва бо талаби ҳуқуқи худ ба кӯчаҳо рехтанд.”

Ин созмони ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, тарҳи Қонуни асосии Миср озодии динро танҳо бо се дини ислому масеҳӣ ва яҳудӣ маҳдуд карда, ҳаққи ибодати ақалиятҳои мазҳабие, чун баҳоиён ва шиъаҳоро сарфи назар мекунад. Бино бар ин баёния, тарҳи Дастур волоияти қонуни байналмилалӣ бар қонунгузории миллиро замонат намедиҳад, ки нигарониҳо дар бораи бар тааҳҳудаш дар чорчӯби паймонҳои ҳуқуқи башар амал кардани Мисрро ба бор овардааст.

Афви байналмилалӣ гуфт, раванди таҳияи ин санад аз оғоз ноқис шуд ва таҳрими аҳзоби мухолиф ва масеҳиён Маҷмаъи Қонуни асосиро ба ниҳоде табдил дод, ки назари тамоми ҷомиаро мунъакис намекард ва дар натиҷа аксарияти ин маҷлисро ҳизби озодӣ ва адолати марбут ба Ихвонулмуслимин ва ҳизби низ исломии Нур ташкил доданд.

Ҳуснӣ Муборак, ки аз соли 1981 тайи 30 сол Мисрро бо “чанголҳои оҳанин” идора мекард, моҳи феврали соли 2011 дар натиҷаи эътирозҳои давомдоре, ки дар матбуот “Баҳори Араб” номаш кардаанд, истеъфо дод ва феълан таҳти муҳокима қарор дорад. Дар нахустин интихоботи пуррақобати раёсатҷумҳурии Миср дар моҳи июн Муҳаммад Мурсӣ, ки аз Ихвонулмуслимин бархостааст, пирӯз шуд.
Мунтақидони ӯ мегӯянд, ки Мурсии исломгаро таҳти ҳимояти ихвониҳо талош дорад, дар Миср як низоми исломӣ барпо кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG