Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳаммад Мурсӣ Додситони кулли Мисрро ҳам барканор кард


Раиси ҷумҳури Миср рӯзи панҷшанбе Абдулмуқайяд Маҳмуд, Додситони кулли он кишварро барканор кард.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, ин мақоми қазоии мисрӣ дар ҳоле барканор шуд, ки рӯзи чаҳоршанбе додгоҳ раъйи бегуноҳии 24 тан аз мақомҳои собиқ дар иртибот ба саркӯбии мӯътаризонро дод.

Хабаргузории Фаронса менависад, ин мақоми пешини қазоӣ аз ҷумлаи бозмондагони ҳукумати Ҳуснӣ Муборак дар дастгоҳи қазоии Миср буд.
Додситони барканоршуд бо ҳукми Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср, ба намояндагии он кишвар дар Ватикан фиристода мешавад.

Аз ин қабл низ дар моҳи августи соли ҷорӣ Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср, Маршал Ҳусайн Тантовӣ, вазири дифоъ ва раиси Шӯрои олии нерӯҳои мусаллаҳи Миср, аз мақомаш барканор кард ва ӯро ба унвони мушовири худ баргузид. Тантовӣ аз 21-сол пеш раиси Шӯрои олии нерӯҳои мусаллаҳ ва вазири дифои Миср буд. Шӯрои олии нерӯҳои мусаллаҳ пас аз сарнагунии низоми Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури пешин, идораи муваққати Мисрро бар ӯҳда гирифт.

Таҳлилгарон он замон ҳадс мезанданд, ки қадами баъдии президенти Миср дар ислоҳи вазъ, ба низоми додгоҳӣ рабт хоҳад дошт. Аммо дар ин бахш ӯ нахоҳад тавонист, роҳи осони барканории додрасҳои Додгоҳи Олии Мисрро дар пеш гирад.

Ин таҳлилгарон мегуфтанд, ки Мурсӣ дар коҳиш додани нуфузи додгоҳи олӣ ё иваз намудани додрасҳои аҳди Ҳуснӣ Муборак бояд аз маҳорат ва эҳтиёт кор бигирад, то сабаби вожгунии адлия ҳамчун шохаи қудрат нагардад.

Аммо бозистода низ наметавонад, зеро дар ин ришта чеҳраҳои зиёде будаанду ҳастанд, ки дар сиёсат нақши бориз доранд ва додгоҳ дар аҳди Муборак як ниҳоди комилан сиёсӣ буда, хидмати раҳбарро ба ҷо меовард. Аз сӯи дигар, коршиносон, додгоҳ ва порлумонро ду повазне медонанд, ки бояд ҳокимияти раёсатҷумҳуриро дар тавозун нигоҳ дорад ва аз зиёдаравиҳо ҳифз кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG