Пайвандҳои дастрасӣ

Даҳҳо қурбонии сели азим дар Гузаргоҳи Нур


Баъди сели шадиди рӯзи 6 июн беш аз 200 сокини 4 русто дар вилояти Бағлони Афғонистон ҳамчунон беномунишон боқӣ мемонанд. Мақомот мегӯянд, то имрӯз ҷасади 75 қурбонии ин офати табииро пайдо кардаанд.

Сокинони 4 русто дар шимоли Афғонистон ҳамчунон талош доранд, то наздикони дар сели шадиди рӯзи 6 июн бенишоншудаашонро пайдо кунанд. Сели шадид рӯзи ҷумъа боиси тахриби беш аз 2000 манзилдар улусволии Гузаргоҳи Нури вилояти Бағлон дар шимоли Кобул ва ҳалокати даҳҳо нафар шуда, ҳазорони дигарро маҷбур ба кӯчидан ба маконҳои амнтар кардааст.

Мақомот мегӯянд, то рӯзи 7 июн ҷасади 75 қурбонии селро пайдо кардаанд. Аммо баъди сели рӯзи 6 июн беш аз 200 нафари дигар ҳамчунон беномунишон боқӣ мемонанд. Бисёриҳо трас доранд, ки даҳҳо нафар дар зери овори хонаҳое мондаанд, ки баъди задани сел фурӯ рафтанд.

Хабарнигори Озодӣ аз Бағлон гузориш медиҳад, ки дар маҷмӯъ бар асари сел 10 русто комилан вайрон шудаву мардумаш, ба гуфтаи ӯ, “на ноне барои хӯрдан доранд ва на ҷое – барои орамидан.” Як сокини дараи Ғолу, ки низ аксари манзилҳояш бар асари сел тахриб шудааст, ба Озодӣ гуфт: “Аз ин дараи танг як хонаводаи шашнафарӣ, се хонаводаи чорнафарӣ ва ду хонаводаи сенафариро сел бурд.”

Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, азбаски мардуми маҳаллӣ ҳама дар чанги бадбахтии худ афтодаанд, намедонанд, ки бо дигарон чӣ гузашта ва сел дар маҷмӯъ ҷони чанд нафарро гирифтааст. Вале ба тахмини онҳо, шумори қурбониҳо метавонад дар ҳудуди 300-400 нафар шавад.

Аммо Муҳаммаднасири Кӯҳзод, раиси идораи мубориза бо офатҳои табии вилояти Бағлон мегӯяд, шумори қурбониҳо ба 100 наздик мешавад, вале ҷустуҷӯи беш аз 200 нафари дигар ҳамоно идома дорад: “75 нафар ҷанозаҳоест, ки алакай барои дафн ба дасти наздиконашон супурда шудаанд. Беш аз 800 манзил ба коми сел рафтааст, вале боз ҳам манотиқе ҳаст, ки ҳисобу китоби хисороти ҷониву молиаш ҳанӯз идома дорад.”

Султонмуҳаммад Рабодӣ, волии Бағлон, ки ҳамроҳ бо вазири беҳдошт ва фавоиди оммаи Афғонистон ба минтақаи офатзада рафтааст, рӯзи шанбе ба хабарнигорон гуфт, расондани ёриҳо ба осебдидагони ин фоҷиа низ ба мушкил рӯбарӯ шудааст, чунки сел тамоми роҳҳо ба сӯи ин дараи дурафтодаро ҳам хароб кардааст.

Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай, ба гуфтаи маъмурияташа, ҷиҳати ироаи кумакҳои оҷил ба хонаводаҳои селзада дар вилояти Бағлон амр додааст. Кумакҳои изтирорӣ, аз ҷумла маводи хӯрокворӣ, дорувор ва хаймаву бистарҳоро ба манотиқи офатзада тавассути чархбол интиқол медиҳанд, чунки роҳҳои заминиро сел задааст ва убуру мурури васоили нақлия тавассути ин роҳҳо имкон надорад. Мақомоти вилояти Бағлон мегӯянд, миқёси офати ахир онҳоро ба даҳшат овардааст.

Асароти ярч дар Аргу

Асароти ярч дар Аргу

Афғонистон ба маҳзи муҳити ҷуғрофӣ ва имконоти заифи сохториаш аз кишварҳои дар муқобили офатҳои табиӣ осебпазири дунё ба шумор меравад. Рӯзи 2 майи соли равон бар асари ярч дар минтақаи Оби Борики улусволиии Аргуи вилояти Бадахшони Афғонистон, бино ба ҳисобҳо, то 2500 наафар ҷон бохтанд. Дар ин минтақа баъд аз боронҳои сел як теппаи азими хокӣ дар минтақаи Оби Борик болои деҳкада лағжида, садҳо хонаро гӯр кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG