Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мотами миллӣ барои Аргу (ВИДЕО ВА 28 АКС)


Дар Афғонистон ба хотири гиромидошт ва ҳамдардӣ ба осебдидагони лағзиши замин дар ноҳияи Аргуи вилояти Бадахшон як рӯз мотами миллӣ эълом шудааст.

Дар хабарномаи Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Афғонистон омадааст, ки президент Карзай рӯзи якшанберо дар рӯзи мотами миллӣ эъон карда ва парчами Афғонистон ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи ин кишвар нима афрошта мешавад.

Эймал Файзӣ, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон рӯзи шанбе дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки президент Карзай шахсан ин ҳодисаро пайгирӣ мекунад ва талошҳо идома дорад то кӯмакҳои лозим барои осебдидагон расонида шавад.

Қабл аз зӯҳри рӯзи ҷумъа бар асари ярч ё кӯчидани хоку гил пас аз борони сел дар ноҳияи Аргуи вилояти Бадахшони Афғонистон садҳо нафар ба ҳалокат расиданд ва мақомоти маҳаллии Бадахшон шумораи кушташудагонро беш аз 2500 нафар гуфта буданд.

Аммо сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон мегӯяд, ки ҳайати ҳукумат дар ҳоли омода кардани гузориши худ дар мавриди талафоти ин ҳодиса аст. Ба гуфтаи вай, оморе ки то ба ҳол ба раиси ҷумҳур дода мешавад, эҳтимол меравад ки шумораи кушташудагон байни 250 то 350 нафар бошанд.

Тоҷикистон ба осебдидагони Афғонистон кӯмак мефиристад

Тоҷикистон ба офатзадагони вилояти Бадахшони Афғонистон кӯмакҳои башардӯстона мефиристад. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, бо дастури президент Эмомалӣ Раҳмон корвони кӯмаки башардӯстона омода шуда ва ба осебдидагони ҳодисаи фаромадани ярч дар ноҳияи Аргуи вилояти Бадахшон фиристода мешаванд.

Манбаъ мегӯяд, ки кӯмакҳо аз маводи хӯрока, асбобу анҷоми рӯзгор, оби нӯшокӣ ва ғайри иборат аст. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон фиристондани ин кӯмаки бародаронаро "як нишонаи дигари чун дарди худ қабул намудани фоҷеаи ба сари ҳамсоягони наздики мо омада" хондааст.

Субҳи имрӯз низ раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли як барқия унвони ҳамтои афғони худ Ҳомид Карзай, ҳамдардии мардуми Тоҷикистонро ба ӯ расонида буд. Дар ин нома аз ҷумла гуфта мешуд, ки "бо андӯҳи бузург хабари фаромадани ярчро дар яке аз деҳаҳои вилояти Бадахшон, ки мӯҷиби марги садҳо нафар гаштааст, дарёфт намудам. Бо ибрози таъзия ва тасаллияти бародарона, хоҳишмандам ҳамдардии инҷониб ва мардуми бародари Тоҷикистонро ба хонаводаҳои ҳалокшудагон бирасонед. Ба аҳлу пайвандони бозмондагон сабри ҷамил хоҳонем."

Бар асари ярч ё кӯчидани хоку гил пас аз борони сел дар ноҳияи Аргуи вилояти Бадахшони Афғонистон дар рӯзи ҷумъа, беш аз 2 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд. Аҳмад Навин Фурӯтан, сухангӯи волии Бадахшон рӯзи 3 май дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфт, "дар ин минтақа тақрибан ҳазор хонавода зиндагӣ мекарданд. Назар ба арқоми ироашуда аз сӯи Шӯрои ҳамбастагии минтақа ва идораи мубориза бо ҳодисаҳои табиӣ, сесад хонаи маскунӣ дар асари ин ҳодиса вайрон шуда ва агар ба таври миёна аз хонавода 7 нафари бишуморем, 2100 тан бедарак шудаанд. Нерӯҳои имдодӣ дар минтақа кор мекунанд. Касоне, ки аз ин ҳодиса ҷон ба саломат бурдаанд, бо онҳо кӯмак сурат расонида шуд ва амалиёти берун кардани ҷасадҳои қурбониён аз зери хок ҷараён дорад."

Оқои Фурӯтан афзуд, кормандони имдодрасон машғули кор дар минтақа мебошанд, аммо таҷҳизоти кофӣ ва дуруст надоранд. Ӯ гуфт, ки аз Кобул кӯмак хостаанд, аммо ба хотири кӯҳҳои баланд ва душворгузар будани минтақа, расидани кӯмакҳо аз пойтахт танҳо то охири имрӯз мумкин аст. Ба гуфтаи вай, мардум аз деҳаҳои атроф ба кӯмак шурӯъ кардаанд ва ҳамчунон идораи мубориза бо ҳодисаҳои табиӣ бо ҳамкории идораҳои дигар булдозерҳо ва мошинҳоро барои пок кардани минтақа ба кор андохтаанд: "Онҳо талош доранд то ҷасадҳоро аз зери овор берун кунанд. Мо умедвор ҳастем то кӯмакҳо аз марказ ба зудӣ бирасанд."


Дар ин ҳол раиси умумии идораи мустақили ниҳодҳои маҳалии Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки барои ҷалб ва танзими кӯмакҳо ба афроди осебдида, ӯ ҳамроҳ бо муовини раиси ҷумҳур имрӯз ба вилояти Бадахшон мераванд.
Дафтари кӯмакҳои СММ дар Афғонистон гуфтааст, шумораи талафот ҳар лаҳза афзоиш ёфта ва интизори беҷо шудани шумораи қобили мулоҳизаи мардум пешбинӣ мешавад. Дар эъломияи СММ омадааст, ки ин ниҳод бо мақомоти маҳаллӣ дар минтақаи осебдидада ба фаъолият оғоз карданд то заминаи кӯмак ба беҷошудагони ин фоҷиаро мусоид созанд.

Як мақоми баландпояи Афғонистон рӯзи ҷумъа эълон кард, ки бар асари кӯчидани хоку гил дар манотиқи шимолии Афғонистон чандин деҳа зери лой монда ва ҳудуди ду ҳазор тан бенишон шудаанд. Ба гузориши хабаргузории Ассошиэйтед Пресс, Шоҳвалиюллоҳ Адиб, волии вилояти Бадахшон рӯзи ҷумъа эълон кард, ки дар пайи лағзиши теппа дар ноҳияи Аргуи вилояти Бадахшон ҳудуди 300 хона зери хок монда ва 2 ҳазор тан бенишон шудаанд.

Аз ин қабл доктор Гулмуҳаммад Бедор, муовини волии вилояти Бадахшон рӯзи ҷумъа ба радиои "Озодӣ" гуфта, ки баъд аз боронҳои сел як теппаи азими хокӣ дар минтақаи Оби Борики ноҳияи Аргу болои деҳкада лағжида, ки бар асари он беш аз 400 нафар кушта шудаанд. Муовини волии вилояти Бадахшон афзуд, ки ин ҳодиса имрӯз, 2 майи соати 11 қабл аз зуҳр рух дода ва 300 хонаводаи дигар, ки таҳти таҳдид қарор доштанд, аз сӯи нерӯҳои кӯмакрасон ва наҷотбахш ба минтақаҳои амн интиқол дода шуданд. Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир волии Бадахшон бо нерӯҳои имдодӣ ба маҳалли ҳодиса рафтаанд ва қарор аст, фардо нерӯҳои иловагии кӯмакрасон аз Кобул ба минтақа фиристода шаванд.

Манобеи ғайрирасмӣ мегӯянд, ки бар асари ярч як деҳкада комилан ва ду деҳаи дигар нима зери хоу гил монда, ҳазорон тани дигар бехона шуданд ва садҳо сар молу чорво зери хок талаф шудаанд.

Тибқи иттиллои телевизиони "Тулуъ", Қорӣ Сайфиддин, як мақом дар фармондеҳии пулиси вулусволии Аргу гуфтааст, ки ярч ба ҳангоме рух додааст, ки мардум барои наҷоти афрод аз лағзиши як кӯҳ ба маҳал рафта буданд, ки дар ҳамин ҳол кӯҳи дигаре бар рӯи ин афрод афтодааст. Ҳамчунин ин манбаъ гуфтааст, ки ҳудуди 1500 чорвои мардум низ дар ин ҳодиса зери кӯҳ мондаанд.
XS
SM
MD
LG