Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

882 нафар дар соли 2015 аз Тоҷикистон ба Русия кӯч бастанд


Дар соли гузашта 882 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тобеияти Русияро ба қасди кору зиндагии ҳамешагӣ дар ин кишвар, пазируфтанд.

Ба иттилои намояндагии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон, дар соли 2015 882 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи барномаи "Переселение" соҳиби шаҳрвандии Русия гашта ва бо аҳли хонаводаашон ба ин кишвар кӯч бастаанд.

Владислав Маркеевич, раҳбари намояндагии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли гузашта беш аз ҳар кишвари дигари Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд.

Ба таъкиди вай, дар соли гузашта шумораи хоҳишмандони ширкат дар барномаи "Переселение" ба таври рекордӣ зиёд гашт. Вай афзуд, ки беш аз 3 ҳазор шаҳрвандон дархости ширкат дар ин барнома ва кӯчидан ба Русияро доштанд. Аммо вай гуфт, ки тариқи ин барнома танҳо беҳтарниҳо, аз ҷумлаи мутахассион ва донандагони забони русӣ, интихоб шудаанд.

Ба гуфтаи оқои Маркеевич, Тоҷикистон ягона кишваре аст, ки бо Русия созишномаи эътирофи душаҳрвандиро дорад ва ин ба афроде, ки шаҳрвандии ҳар ду кишварро доранд, имкон фароҳам меорад, ки ба хости худ кишвари дилхоҳ барои кору зиндагиро интихоб кунанд.

Барномаи давлатии Русия ҷиҳати кӯчондани ҳамватанҳо, ки ибтидо ба таъмини кӯчи аҳолии русзабон тамаркуз мекард, ҳоло асосан ба хотири таъмини минтақаҳои ташнаи нирӯи корӣ бо нирӯи кор идома дорад. Аммо барои онҳое, ки мехоҳанд барои доим ба Русия бикӯчанд, чанд шарт, аз ҷумла донистани забони русӣ – ҳам хаттӣ ва ҳам шифоҳӣ, ҳамчунин доштани ихтисоси ҷавобгӯ ба ниёзҳои вилояте, ки довталаб мехоҳад ҳамроҳи хонаводааш бикӯчад, зарур аст.

Дар маҷмӯъ, танҳо дар соли 2014 тибқи ин барнома аз кишварҳои мухталиф ва асосан аз паҳнои пасошӯравӣ ҳудуди 70 ҳазор нафар сертификати “соотечественник” ва ҳаққи кӯчидан барои зиндагии доимӣ дар Русияро ба даст овардаанд.

Тибқи қонуни Русия “дар бораи сиёсати Русия дар мавриди ҳамватанҳои бурунмарзӣ” дар баробари русҳо ҳамчунин онҳое метавонанд эътироф шаванд, ки “шаҳрвандии СССР-ро доштанд, дар кишварҳое, ки ба ҳайати СССР шомил буданд, зиндагӣ мекарданд, шаҳрвандии ин кишварҳоро ба даст овардаанд ваё бидуни шаҳрвандӣ мондаанд.”

Танҳо шарти изофӣ ин аст, ки довталаби мақоми “ҳамватан” дар Русия бояд худро марбут ба ҳавза ва муҳити забони русӣ ва фарҳанги Русия ҳам бишиносад ва мутахассис бошад, на гастарбайтер.

Бархе оморҳо шумори шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар ду даҳаи охир соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд, аз 300 000 то 500 000 рақам мезананд. Ва ин ба истиснои тақрибан 1 миллион русзабоне, ки баъди суқути Шӯравӣ аз Тоҷикистон асосан ба Русия кӯчиданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба ақидаи соҳибназарон, чунин раванди кӯч бастани шаҳрвандон ба хориҷ паёмади хуб дошта наметавонад. Зеро қабл аз ҳама дар ин самт Тоҷикистон кадрҳои болаёқати худро аз даст медиҳад.

XS
SM
MD
LG