Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорат: Тоҷикистон 14000 танфурӯш ва 30000 ҳамҷинсгаро надорад


Як мақоми баландпояи Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилои Бунёди ҷаҳонии мубориза бо СПИД, сил ва вараҷаро дар бораи теъдоди танфурӯшону ҳамҷинсгароёни тоҷик "тахминӣ ва бепоя" хонд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рақамҳоеро, ки Бунёди ҷаҳонии мубориза бо СПИД, сил ва вараҷа дар бораи вуҷуди тақрибан 14 000 танфурӯш ва ҳудуди 30 000 ҳамҷинсгаро дар Тоҷикистон расонаӣ кард, "тахминӣ ва бепоя" хонда, гуфт, ҳоло ниҳодҳои давлатӣ талош доранд, арқоми дақиқтареро муаян намоянд. Як мақоми баландпояи вазорат рӯзи 18 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки гузориши Бунёди ҷаҳонӣ бар асоси тахминҳо ҳадс зада шуда, ҳақиқат надорад.

Ҳамсӯҳбати мо, ки нахост, аз ӯ ном бурда шавад, мегӯяд, Бунёди ҷаҳонии мубориза бо СПИД, сил ва вараҷа ҳаргиз дар ин замина дар Тоҷикистон пажӯҳиш нагузарондааст ва тамоми рақамҳое, ки дар гузориши худ зикр кардааст, тахминиянд. "Аслан ин гузориш не, балки пешниҳод буд барои гирифтани раунди ҳаштуми Бунёди глобалӣ. Ин хабари соли 2006 ё 2007 аст. Инҳо натиҷаи назорати дидбонии эпидеомологиро дар сатҳи ҷумҳурӣ муаррифӣ карда истодаанд, ки бепоя аст. Далели воқеӣ надорад,"--гуфт ин мақоми Вазорати тандурустӣ.

Аммо маълум нест, агар ин иттилоъ марбут ба ҳафт ё ҳашт сол пеш аст, дар ин муддат рақамҳои тахминӣ поин омадаанд ё бештар шудаанд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳам ба ин арқмо шак дошта, эълон кардааст, ки дурустии ин иттилоъро месанҷад.

Мақомоти Тоҷикистон ба ин назаранд, ки ин иттилоъ аз ҳад беш нишон дода шудааст ва ба обрӯи кишвар латма хоҳад зад, ки гуфта мешавад, беш аз навад дарсади аҳолияш мусалмон ҳастанд.

Бунёди ҷаҳонии мубориза бо СПИД, сил ва вараҷа бо нашри як гузориш гуфт, бар асоси арзёбиҳои тиббӣ ва демографӣ соли гузашта дар ҳудуди Тоҷикистон тақрибан 14 ҳазор нафар ба танфурӯшӣ машғул будаанд. Бино ба иттилои ин созмон, дар кишвар ҳудуди 30 ҳазор мардони ҳамҷинсгаро низ ҳастанд, ки аксарияташон, яъне 57 дарсади онҳо, бо занон низ равобити ҷинсӣ доштаанд.

Ба гуфтаи мутахассисон, ҳарчанд мардони ҳамҷинсгаро дар Тоҷикистон аз тарси табъиз ва "беобрӯ" шудан худро ошкор намекунанд ва пайдо кардани онҳо сахт аст, аммо ташхиси тиббии онҳо барои ошкор кардани бемории ВИЧ дар муқоиса ба соли 2010 даҳ маротиба зиёд шудааст. Агар панҷ сол пеш дар кишвар 89 марди ҳамҷинсгаро барои ташхиси беморӣ ба табибон ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ муроҷиат кардаанд, соли 2013 шумораи онҳо ба 942 нафар расидааст.

Бар асоси арзёбиҳо, сирояти бемории ВИЧ-СПИД дар миёни мардони ҳамҷинсгаро дар Тоҷикистон 1.5 дарсадро ташкил медиҳад, вале ин миқёси воқеиро нишон намедиҳад, зеро аз сабаби табъизи зиёд, ин мардон мегуфтаанд, ки ҳангоми иртиботи ҷинсӣ бо занон ба ВИЧ гирифтор шудаанд. Дар миёни ин қишр дар шаҳри Душанбе бештар аз 5 дарсадашон гирифтори "сифилис" ва тақрибан 4 дарсад гирифтори бемории "гепатити С" будаанд.

Ин омор дар ҳоле аз сӯи Бунёди байналмилалии зидди СПИД, сил ва вараҷа нашр шудааст, ки дар кишвар дар аз афзоиши ҷиноятҳои ахлоқӣ ва ҷалби шумори зиёди занону духтарон ба танфурӯшӣ изҳори нигаронӣ мешавад. Дар моҳи июни соли 2014 баъд аз як суханронии вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимзода, дар Тоҷикистон як маъракаи густардаи зидди ҷиноятҳои ахлоқӣ ба роҳ андохта шуд ва мақомот эълон карданд, ки дар зарфи ҳамагӣ як ҳафтаи аввали ин маърака ва танҳо дар шаҳри Душанбе беш аз 500 нафарро бо гумони танфурӯшию даллагӣ ва ё ташкили фоҳишахона боздошт кардаанд.

Танфурӯшӣ тибқи қонунҳои Тоҷикистон ҷиноят ҳисоб намешавад ва занони танфурӯш маъмулан баъд аз боздошт бо пардохти ҷаримаи начандон бузурге раҳо мешаванд. Вале кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои даллагӣ, ҷалби афрод ба танфурӯшӣ, қочоқи инсон ва ташкили фоҳишахона муҷозоти сангинеро пешбинӣ кардааст.

Тақрибан ҳар рӯз дар торнамои вазорати корҳои дохила аз кашфи ин ё он фоҳишахона ваё афроди алоҳида бо иттиҳоми алоқаи ҷинсӣ бо духтарони ноболиғ ва қонуншиканиҳои дигари ахлоқӣ хабарҳои зиёд ба нашр мерасанд. Нозирони умур бо таваҷҷӯҳ ба маъракаи густардае, ки аз тобистони соли 2014 дар Тоҷикистон идома дорад, мегӯянд, интизор доранд, ки омори марбут ба ҷиноятҳои ахлоқӣ нисбат ба солҳои қаблӣ хеле бузургтар хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG