Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муроҷиати видеоии Мастер Исмайл, як репсарои тоҷик барои ба ҳам овардани ҷавонои тоҷик ва дасткашидан аз теғзанӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам маҳфилҳо баҳсҳои тезу тундеро ба миён овардааст.

Муроҷиати видеоӣ ё «насиҳат»-и репсарои маъруфи тоҷик Мастер Исмайл ба насли наврасу ҷавони кишвар тайи чанд рӯз, дар сомонаҳои иҷтимоӣ ҳазорон тамошобин пайдо кардааст.

Дар ин муроҷиати даҳ дақиқаии худ репсаро Исмоил Исмоилов бо тахаллуси Мастер Исмайл, ки рӯзи 7-уми июн дар шабакаҳои интернетӣ нашр шуд, аз ҷавонон даъват кардааст, ки бо ҳам дӯсту тифоқ бошанд ва ба кордкашӣ хотима бахшанд. Ба қавли ӯ «баҳсу ҷанҷол дар синну солӣ мактабӣ падидаи нав набуда, аммо корду теғкашӣ аз рӯйи оини мардӣ нест». Ин навори видеоӣ миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳое тезу тундеро ҳам ба миён овардааст. Гурӯҳе Мастер Исмайлро барои забони олуда ва на чандон хуби тоҷикиаш интиқод кардаанд, аммо қисмати дигар ин репсароро барои талошаш ҷиҳати даъвати ҷавонон ба ваҳдату дӯстӣ ситоиш мекунанд.

Исмоил Исмоилов маъруф бо тахаллуси Мастер Исмайл, ки ҳоло дар Душанбе қарор дорад мегӯяд, набуди як лидер ё пешвое, ки миёни ҷавонон, ваҳдату ватандӯстӣ ва тарки одатҳои бадро ташвиқ кунад, ӯро водор кард, то тавассути интернет, ки макони ҷамъомади гурӯҳи зиёди ҷавонон аст, ба ин насл муроҷиат кунад. Исмоил дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: «Дар хориҷ аз кишвар ва дохил мушоҳида мекунам, ки бисёре аз ҷавонон ягон пешво ё лидере надоранд, ки барояшон дарси ватандӯстӣ диҳанду дар ин мавзӯъ бо онҳо сӯҳбат кунанд. Масалан ёдам ҳаст замони хурдӣ, аз мо калонтарҳо, ҳамеша бо мо дар ин мавзӯҳо сӯҳбат мекарданд. Ва ман ҳам қарор додам чунин як наворе сабт кунаму ҷавонон аз ҳар кунҷи дунё онро бинанд ва андеша кунанд, ки бояд ҳамеша бо ватани худ бошанд ва байни ҳам ҷангу низоъ ё маҳалгароӣ накунанд».
Исмоил мегӯяд, бояд ҳар як ҷавони тоҷик бо чунин даъвату наворҳо ҳамсолонашонро ба роҳи росту ватандустӣ даъват кунанд. Ба андешаи ин репсаро ин даъвату суханҳои ӯ ҳатман ба мухлисони ҳунараш, онҳое, ки ба ин навъи санъат таваҷҷӯҳ доранд, бетаъсир нахоҳад монд. «Албатта ҳама як нест ва аз ҳазор нафар ба якеаш ҳам агар ин суханҳои ман таъсир кунад, бароям кофӣ аст.»

Исмоил Исмоилов ҳоло дар ду кишвар Тоҷикистон ва Русия фаъолияти ҳунарии худро пеш мебарад. Дар Русия ӯ бо тахаллуси «M One» бо забони русӣ репсароӣ мекунад, аммо ӯ мегӯяд, ҳам дар дохил ва ҳам хориҷ аз кишвар ҳамеша талош мекунад тавассути таронаҳои худ, ҳисси ватандӯстии ҷавононро боло барад. «Зеро мебинем бисёр ҷавонон ҳоло мехоҳанд ватанро тарк кунанд ва намехоҳанд дар ватан фаъолият кунанду кишвари худро пеш баранд. Аммо агар ҳама ҷавонони донишманду огоҳ ҷавонон тарки ватан кунанд, чӣ мешавад? Барои ҳамин ҳадафи аслии ман ҳам ин аст, ки тавассути реп тавонам каме андешаву ақидаи ҷавононро тағйир диҳам.»

Нашри чунин як муроҷиати видеоӣ ва он ҳам аз сӯйи як ҷавони ҳунарманди тоҷик, ки ҳамсолонашро ба ваҳдату дӯстӣ даъват мекунад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои аввалин бор аст.

Ин даъват барои хотима бахшидан ба кордкашиву маҳалгароӣ дар ҳолест, ки бо вуҷуди нигарониву талошҳои мақомот, аз ҷумла ташкили рейду нишастҳо ва таҳияи рӯйихати талабаҳои ба қавле беодобу қонуншикан ва пешниҳоди он ба мақомоти умури дохила, задухурдҳо ва ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавонон боз ҳам дар ҳоли афзоиш аст. Ахиран як чунин задухурди мактаббачаҳо ба марги яке аз онҳо анҷом ёфт.

Бо дар назардошти ин вазъ гурӯҳе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин иқдоми репсаро Исмоил Исмоилов ситоиш мекунанд ва мегӯянд бояд чеҳраҳои маъруфу ҷавони дигар ҳам аз ин роҳ истифода кунанд. Завқибек Саидаминӣ, яке аз корбарони фаъоли Фейсбук дар ин маврид мегӯяд:

«Бубинед, ин ҷавонон мо ба ҳадде расидаанд, ки намешавад ба як ду даъват онҳоро аз кордкашӣ боздошт. Аммо ман ҷонибдорӣ ҳамагуна чунин даъватҳо ба ваҳдат ҳастам. Ҳарчанд ман худам репро чандон хуш надорам, аммо аксари ҷавонони мо ҷавонони хунгарму хунсард имрӯз ин мусиқиро дӯст медоранд ва шояд Исмоилро як лидери маънавии худ медонанд ва албатта ин суханҳо барояшон бетаъсир намемонад.»

Завқибек Саидаминӣ бо мушоҳида ба баҳсҳои тезутунди ҷавонон дар шабакаҳои иҷтмоӣ чунин хулоса мекунад, ки ҳоло дар байни ҷавонон мухолифатҳо хеле зиёданд ва баҳсҳо сари як мавзӯи оддӣ миёни онҳо то ҳадде мерасад, ки ба таҳқиру дашноми ҳамдигар шурӯъ мекунанд.

Аммо Ҷасур Абдуллоев, як фаъоли дигари фейсбук дар ин замина мегӯяд, даъвати як репсаро барои ба ҳам омадани ҷавонони тоҷик аз насиҳатҳои дурударози устодону масъулон таъсирноктар аст. «Ҳоло нисбат ба оне, ки як муаллим ба гӯши хонанда насиҳат мекунад ё як масъул мераваду сӯҳбат мегузаронад, таъсири сӯҳбати афроде, ки миёни ҷавонон нуфуз доранду ҳар рӯз ба садояш гӯш медиҳанд чандин маротиб бештар аст. Мисли Исмоил ҳоло метавонанд ҳар нафари дигар, аз ҷумла варзишгарон мисли Расул Боқиев ҳам чунин даъватҳо кунад».

Мусоҳибони мо мегӯянд, масъулини кишвар махсусан мақомоти маорифро мебояд, бо ҷалби чунин афроде, ки миёни ҷавонону наврасон нуфузе доранд, барои хотима додан ба кордкашиву ҷангҳо талош кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG