Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қазияи Дороб Янс дар Маскав. Таъқиби сиёсӣ ё "пиар"?


Дороб Янс (акс аз сомонаи d-yans.com )

Дороб Янс (акс аз сомонаи d-yans.com )

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, хабари боздошти Дороб Янс бештар ба як гашти "пиар" мемонад.

Бино ба гузоришҳои қаблӣ, пулиси Маскав ахиран як овозхони ҷавони зодаи Тоҷикистонро барои иҷрои як таронаи сиёсӣ боздошт кардааст.Бино ба гузориши сомонаҳои русӣ, боздошти ин овозхони зодаи Тоҷикистон бар асоси шикояти як корманди сафорати Тоҷикистон дар Русия сурат гирифтааст.

Аммо сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав Муҳаммади Эгамзод ба Озодӣ гуфт, ин даъво ягон асос надорад ва касе аз ходимони сафорат ба ҷое аз Дороб Янс шикоят набурдааст: "Сафорат низ аз қазия аз тариқи расонаҳо огоҳ шуд. Ба андешаи мо, Дороб, ки як ҳунарманди ҷавон аст, мехоҳад аз шеваҳои маъмули бозори ҳунари Русия истифода кунад ва ин як гашти "пиар" барои касби маъруфияти бештар дар бозор. Аммо инки гӯё ӯро бар асоси шикояти кадом корманди сафорати Тоҷикистон боздошт кардаанд, аслан воқеъият надорад." Оқои Эгамзод афзуд, баръакс, агар Дороб Янс, ҳарчанд шаҳрванди Қирғизистон аст, ба унвони як ҳунарманди тоҷиктабор ва зодаи Тоҷикистон ба сафорат муроҷиат мекард, онҳо омодаанд, аз ӯ дифоъ кунанд.


Дороб Доробови 24-сола, ки бо тахаллуси Дороб Янс дар жанри реп тарона месарояд, дар таронае бо номи “Қарор мак”, ки ба забонҳои шуғниву русӣ иҷро кардааст, аз ахбори телевизионҳои Русия дар бораи амалиёти моҳи июли соли 2012 дар Хоруғ чанд пора оварда, аз ҷумла мегӯяд, ки нафароне мисли ӯро барои озодии баён ба боздоштгоҳ мекашонанд, вале онҳоеро, ки фармони ҳамларо доданд, ба курсии вакилӣ мешинонанд. Дороб Янс дар ин тарона, ки тоза дар ҳамин моҳи март дар Youtube нашр шуд, ҳамчунин ба Эмомалӣ Раҳмон дар интихобот орзуи муваффақият мекунад, вале меафзояд, ки ба мардум бояд ҳаққи интихоб дода шавад.





Бино ба хабарҳо, пулиси Маскав ӯро 27 апрел дастгир карда, тибқи моддаи 130-юми Қонуни ҷиноии Русия (таҳқир ва пас задани шаъну шарафи нафари дигар дар шакли таҳқиромез) айбдор мекунад, ки то 40 000 рубли русӣ, муодили 1300 доллар, ё то 120 соат кори иҷборӣ муҷозот доштааст. Бар асоси ин хабар, Дороб Янс феълан аз боздошт бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист раҳо шуда, мунтазири муҳокимаи парвандааш дар додгоҳ аст.

Дороб Доробов соли 1989 дар Хоруғ ба дунё омада, дар Маскав ба воя расидааст ва шаҳрванди Қирғизистон аст. Ӯ шогирди Мастер Исмоил – аз маъруфтарин хонандагони репи тоҷикӣ- будааст.


Мастер Исмоил

Мастер Исмоил

Мастер Исмоил, ки низ дар Маскав кору зиндагӣ мекунад, вале феълан дар рухсатӣ дар Тоҷикистон қарор доштааст, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, таъқиби овозхон барои изҳори ақидаҳои сиёсиашро дуруст намешуморад: “Ин дуруст нест. Мо дар асри 21 зиндагӣ мекунем. Озодии сухан аст. Давлати мо демократист. Чизи дигар ин аст, ки Дороб шаҳрванди Тоҷикистон нест. Худаш аз Помир аст, вале шаҳрванди Қирғизистон асту дар Маскав зиндагӣ мекунад. Мақомоти Тоҷикистон ҳаққ надоранд, ки алайҳи ӯ коре кунанд.”

Каримҷон Ёров, раҳбари “ЭтМос”, як ҷамъияти тоҷикони Маскав , мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон маъмулан аз таҳқири давомдори муҳоҷирони тоҷик дар Русия чашм мепӯшанд, вале чанд мавриди ахир нишон дод, ки алайҳи ҳар мавриди, ба бовари онҳо, танқиди раҳбари аввали кишвар, яъне Эмомалӣ Раҳмон, хеле зуду фаъолона ва бо иттифоқи оро қад алам мекунанд: “Додгоҳӣ кардани ин қазия мантиқ надорад, чунки дар бораи шахсиятҳои маъруфи дунё, аз ҷумла дар бораи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳам таронаҳои танқидиву ҳатто тасвирҳои танзомез зиёд нашр мешавад. Вале ҳеҷ кадоми онҳо масъаларо ба додгоҳ намекашонанд. Аз рӯи ин мантиқ пас мо бояд ҳазорон мардуми норозӣ аз сиёсати давлат дар худи Тоҷикистонро ҳам ба додгоҳ кашем.То имрӯз миллионҳо тоҷикро дар Русия таҳқир мекунанд ва касе аз мақомоти Тоҷикистон лаб намекушояд, вале ҳамин ки Владимир Жириновский аз Эмомалӣ Раҳмон танқид кард ва инак, ин хонандаи реп, ҳама ҷо пур аз вокуниш шуд.”

Раҳбари яке аз ҷамъиятҳои бадахшиҳои муқими Маскав низ ба Озодӣ гуфт, набояд овозхонро танҳо барои инки ба интихоботи озод даъват кардааст, муҷозот кунанд. Худи Дороб Янс ҳам гуфтааст: “Ман дар ин тарона касеро таҳқир накардаам, балки танҳо ба мардум фаҳмондам, ки бояд дар интихоботи президентӣ интихоби дуруст кунанд. Тамом! Мо тарафдори озодии баёнем ва дигар, ба назарам, аз ин бештар чизе нагуфтем.”

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG