Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қабули қонун дар бораи муомилот бо партобҳои радиоактивӣ


Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қонун дар бораи муомилот бо партобҳои радиоактивиро қабул кард.

Хабарнигори "Озодӣ" иттилоъ медиҳад, ки дар иҷлосияи навбатии парлумон, Қонун дар бораи муомилот бо партобҳои радиоактивӣ дар Тоҷикистон бо ҷамъи орои вакилон пазируфта шуд.

Тарҳи мазкур аз ҷониби академик Улмас Мирсаидов, раиси Оҷонсии амнияти ҳастаӣ ва радиатсионии Тоҷикистон дар порлумон ироа шуд. Зими гузориш ҷаноби Улмас Мирсаидов таъкид кард, ки Тоҷикистон то кунун ҳамчунин қонун дар ин бахш надошт ва ба хотири ҳамин барои амнияти 24 партобгоҳҳо сармоягузорӣ аз тарафи кишварҳои донор ва созмониҳои байналмилалӣ сурат намегирафт. Вай афзуд, ки қабули ин қонун ба фароҳам омадани заминаи қонунии ҷалби сармоя мусоидат хоҳад кард.

Дар ҳоли ҳозир Русия, Қазоқистон ва Комиссия Аврупо изҳори омодагӣ кардаанд, ки барои бехатар кардани партобгоҳҳои маводи радиоактиви Тоҷикистон, ки ба 55 ҳазор тонна баробар аст, сармоягузорӣ кунанд. Ин дар ҳолест, ки Созмони Милал гуфтааст, партобҳои ҳастаӣ дар Тоҷикистон коркард, пинҳон ва муҳофизат намешаванд.

Созмони Милал аз хатари 55 миллион тонна партобҳои ҳастаӣ дар Тоҷикистон ҳушдор дода буд. Жан Родригес, сухангӯи Комиссияи Созмони Милал барои Аврупо, дар шаҳри Женева ба хабарнигорон гуфтааст, "ин партобҳо коркард, пинҳон ва муҳофизат намешаванд."

Дар арзёбии дувуми ин комиссия аз иқдомоти Тоҷикистон барои ҳифзи муҳити зист, адами пешрафт дар таъмини амнияти ин партовгоҳҳои атомӣ танқид шудааст, ки дар наздикии шаҳри Хуҷанд ва Истиқлол (Табошар) вуҷуд доранд.

Созмони Милали Муттаҳид ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, ки дар назди вазорати тандурустӣ ба хотири омӯзиш ва назорати таъсири радиатсия ба муҳити зист ва одамон Маркази амнияти радиатсиониро ташкил кунад.

Ин дар ҳолест, ки табибони тоҷик вз ҷумла мутахассисони беморхонаи саратоншиносии Хуҷанд аз афзудани теъдоди гирифторони бемориҳое, ки аз таъсири радиатсия ба вуҷуд меоянд, изҳори нигаронӣ мекунанд. Табибон махсусан аз афзоиши теъдоди мубталоёни навъҳои мухталифи саратон дар миёни сокинони маҳалҳои наздик ба партобгоҳҳои радиатсионӣ, ба хусус дар канори Хуҷанд ва Табошар садо баланд мекунанд.

Мутахассисони тиб мегӯянд дар Тоҷикистон ҳанӯз як барномаи мукаммали омӯзиши таъсири номатлуби партовгоҳҳои радиатсионӣ ба муҳити зисту сиҳатии одамон мавҷуд надорад. Аз нигоҳи мутахассисон, Тоҷикистон бояд барои безараргардонии партовгоҳҳои радиоактивӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла МАГАТЭ, Оҷонсии байналмилалии назорат аз энержии атомӣ ҳамкории бештар кунад ва талошҳоро дар ин самт густариш диҳад.

Моҳи апрели соли ҷорӣ Тоҷикистон барои безараргардонии партобгоҳи радиоактив дар Истиқлол (Табошар) аз ҳамсояҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯмак хоста буд. Партовгоҳи Истиқлол (Табошар) ба фарқ аз 8 партобгоҳҳои дигар дар вилояти Суғд, дар мавзеи баландтеппа қарор дошта ва маводи радиоактив бо вазидани шамол хоку чанги олуда ба атроф паҳн мешавад. Рустоҳои "Табошари кӯҳна" ва "Сомонӣ" бо аҳолии беш аз 2 ҳазор нафар дар наздикии ин партобгоҳ қарор доранд.

Дар гузашта партовҳои радиоактивии корхонаҳои истеҳсоли уранро аз аксари кишварҳои собиқ Иттифоқи Шӯравӣ ба Тоҷикистон оварда ва дар инҷо зери хок мекарданд. Дар Тоҷикистон беш аз 10 партобгоҳи хурду бузурги маводи радиоактив вуҷуд дорад. Аз соли 1992 ба ин тараф ба ҷуз партобгоҳи Истиқлол (Табошар) ва Деҳмой дар шимоли кишвар, дигар партобгоҳҳо то андозае бехатар гардонда шуда, болои онҳо бо хок пӯшонда шудаст.
XS
SM
MD
LG