Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, мураббии шинохтаи тоҷик, маъруф ба "Муаллим", сармураббии «Равшан»-и Кӯлоб таъин шуд.

Мутахассиси 49-солаи тоҷик Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, ки таҳти раҳбарии ӯ дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ҳафт бор қаҳрамони Тоҷикистон ва се бор барандаи Ҷоми раиси КФО (Конфедератсияи футоли Осиё) гардидааст, сармураббии дастаи лигаи олии футболи Тоҷикистон – «Равшан»-и Кӯлоб - таъин шудааст.

Ҳабибуллоев, ки футболбозон бо эҳтиром "Муаллим" номаш мебаранд, моҳи августи соли гузашта вазифаи сармураббии дастаи «Далерон – Ӯротеппа»-и Истаравшанро ба зимма гирифта буд. Ин даста баъди анҷоми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шудааст.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, собиқ бозигари “Равшан”, аз соли 2001 то июни соли 2013 сармураббии дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода буд. Вале баъди анҷоми давраи аввали мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2013 Ҳабибуллоев "ба иллати беморӣ" аз ин вазифа рафт. Баъдан ӯ сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) таъин шуд, аммо дар ин вазифа ҳамагӣ чаҳор моҳ кор кард ва пас аз нокомии мунтахаби ҷавонон дар Ҷоми Иттиҳод-2014 дар Санкт-Петербурги Русия ӯ барканор шуд.

Ғайраталӣ Мираҳмадов

Ғайраталӣ Мираҳмадов

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, ки ба вазифаи наваш – сармураббии “Равшан” - рӯзи шанбеи 14-уми феврал таъин шудааст, ҳамроҳи ёваронаш - Маъруф Рустамов ва Ғайраталӣ Мираҳмадов – аллакай аз 15-уми феврал ба кор шурӯъ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Музаффар Исҳоқов , раиси собиқи “Тоҷик Эйр” ва узви Кумиҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ахиран президенти нави клуби “Равшан”-и Кӯлоб интихоб гардид. Ин тасмим рӯзи 12-уми феврали соли ҷорӣ дар ҷаласае бо ҳузури раҳбарони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Федератсияи футболи кишвар ва 30 тоҷир аз шаҳри Кӯлоб дар меҳмонхонаи “Ҳятт Реҷенсӣ”-и Душанбе гирифта шудааст. Ҳадаф аз ин ҷаласа наҷоти дастаи пуровозаи “Равшан” буд, ки ҳоло бо мушкили молӣ рӯбарӯст.

Рустам Неъматов, муовини раиси шаҳри Кӯлоб, иброз дошт, имсол аз буҷаи шаҳр барои “Равшан” 400 ҳазор сомонӣ ихтисос дода мешавад. Вале дар ин мулоқот зикр шуд,ки ин маблағ ҳам барои ҳамаи хароҷоти даста дар мавсими соли 2015 басанда нест. Дар натиҷа, роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), бошгоҳи футболи “Равшан” ва соҳибкорони шаҳри Кӯлоб дар бораи ҳамкории муштарак ба мувофиқа расиданд, ки дастае, ки чунин таърихи бою рангин дорад, набояд пош хӯрад.

"Равшан" баъди расидан ба қаҳрамонӣ дар соли 2012

"Равшан" баъди расидан ба қаҳрамонӣ дар соли 2012

Дастаи “Равшан”, ки ду бор - солҳои 2012 ва 2013 – ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шудааст, соли гузашта ба иллати мушкили молӣ аксари бозигаронашро аз даст дод ва ҳатто қариб буд, барҳам хӯрад. Ҳоло бо омадани Музаффар Исҳоқов ба мақоми президенти "Равшан" ва даъвати мураббие варзидае, чун Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, дар дили мухлисони даста умеди наве ба эҳёи шӯҳрати қаблии тими футболи шаҳри Кӯлоб бедор шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG