Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Made in Tajikistan". Брендҳои тоҷикӣ кай оламгир мешаванд?


Таблиғи молҳои истеҳсоли корхонаи "Гулистон". Акс аз бойгонӣ
Таблиғи молҳои истеҳсоли корхонаи "Гулистон". Акс аз бойгонӣ

Мутахассисон мегӯянд, ки ҳанӯз ягон бренди тоҷикӣ ҳатто дар сатҳи минтақаӣ маъруф нашудааст.

Apple боз ҳам дар садри гаронбаҳотарин брендҳои олам ҷой гирифт. Дар рейтинги 100 бренди машҳури олам, ки маҷаллаи амрикоии Forbes ин ҳафта нашр кард, қимати бренди ин ширкат 145,3 миллирад доллар арзёбӣ шудааст.

Дар мақоми дуввум Microsoft (нархи брендаш 69,3 миллиард доллар) ва дар ҷойи саввум Google (нархи брендаш 65,6 миллиард доллар) қарор доранд. Ба "даҳгона"-и маъруфтарин брендҳои олам Coca-Cola, IBM, McDonald's, Samsung, Toyota, General Electric ва Facebook ҳам шомиланд. Дар маҷмӯъ, ба феҳрист брендҳои 15 кишвари олам дар 20 соҳа шомил шудаанд. Гуфта мешавад, тақрибан нисфи брендҳо амрикоиянд. Дар он нӯҳ бренди олмонӣ, ҳафт бренди ҷопонӣ ва ҳамин қадар бренди фаронсавӣ ҳам шомил шудаанд.

РОҲИ САНГИН СӮИ БРЕНДИ ҶАҲОНӢ

Игор Березин
Игор Березин

Игор Березин, раиси Гилдияи маркетологҳо ё бозоршиносони Русия, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки миёни сад бренди маъруфи ҷаҳон ягон бренд аз Русия ё кишварҳои пасошӯравӣ нест, зеро маъруфтарин ширкатҳои ин кишварҳо – ироакунандаи ашёи хоманд ва таври маъмул қимати бренди онҳо он қадар боло нест. Ӯ афзуд, ки ҳатто ҳамин гуна брендҳои амрикоӣ ва Чин ҳам боре ба ТОП-100 шомил нашудаанд. Ба гуфтаи бозоршиноси рус, бренд - баёнгари сатҳи хело волои рушди ин ё он соҳа аст, ки дар навбати худ сатҳи рушди иқтисодии ин ё он кишварро муайян месозад.

Ба гуфтаи Игор Березин, "дар ҳоли рақобати шадид фақат ширкате метавонад ба брнеди маъруф табдил шавад, ки бо ягон тавоидоти хос ҷойгоҳи хоси худро дар бозор пайдо кунад". Мусоҳиби мо афзуд, солҳои ахир, қимати бренди шабакаҳои иҷтимоӣ хело боло рафтааст ва аз шӯравии собиқ шояд Yandex дар оянда тавонад ба феҳристи маъруфтарин брендҳои олам ворид карда шавад.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи бозоршиноси рус, брендҳо дар шӯравии собиқ ва ҳатто дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ 20-25 соли пеш он қадар муҳим набуданд, зеро дар ин кишварҳо иқтисод нақшавӣ буд ва нарху наво аз сӯи давлат идора мешуд.

Шаҳзода, корманди пешини Анҷумани менеҷерҳо ва бозоршиносони Тоҷикистон, ҳам ба мо гуфт, ки солҳои ахир дар Тоҷикистон даҳҳо брендҳо арзи вуҷуд карданд. Аммо Анҷуман, ки бар пояи бархе овозаҳо, шояд ба зудӣ барҳам хӯрад, дар ин авохир рейтинги брендҳои тоҷикиро таҳия накардааст, яъне имрӯз касе наметавонад бигӯяд, ки даҳгонаи брендҳои

маъруфи Тоҷикистон чӣ гуна аст. Зимнан, Анҷумани менеҷерҳо ва бозоршиносони Тоҷикистон бори ахир ду сол пеш фақат озмун бизнес-элитаи кишварро доир карда буд. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, таври маъмул, бисёр ширкатҳо аз эълони қимати бренди худ худдорӣ мекунанд ва муомилаҳо дар мавриди хариду фурӯши ин ё он бренд асосан пушти дарҳои баста сурат мегирад.

Шаҳзода афзуд, бори ахир озмуни беҳтарин брендҳои Тоҷикистон ду сол пеш бо ибтикори вазорати иқтисод баргузор гардид ва дар он ширкати мобилии “Индиго-Тоҷикистон”, ки зери бренди Tcell ва “ТТ-mobile”, ки зери бренди “Мегафон-Тоҷикистон” фаъолият дорад, ширкати тавлид ва фурӯши ҷавоҳирот “Ақиқа”, “Оби зулол”, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва ширкати фурӯши маводи сӯхт “Умед-88” соҳиби ҷоизаи тилло шуданд. Таҳлилгарон мегӯянд, ки ҳеҷ яке аз ин брендҳо ҳатто дар сатҳи минтақаӣ маъруф нашудаанд.

ЧАРО "ШОҲОНА" БРЕНДИ МИНТАҚАӢ НАШУД?

Наҷиб Ҳамроев, соҳибкори шинохта, ки солҳои ахир ба омӯзиши бозор машғул аст, мегӯяд, воқеъан ҳам тайи як ё ду даҳсола ба бренди маъруфи минтақаӣ ё ҷаҳонӣ табдил шудан тақрибан ғайримумкин аст. Ӯ бо он андешаи Игор Березин мувофиқ аст, ки брендҳо марбут ба ширкатҳои ироакунандаи ашёи хоманд ва аз ин рӯ зиёд маъруф нестанд. Наҷиб Ҳамроев мегӯяд, “пахтаи мо ҳатто ба Вйетнам ва Камбоҷа содирот мешавад ва дар он кишварҳо аз пахтаи тоҷик либос медӯзанд ва ин либосҳоро тоҷирони мо аз Дубаю Туркия вориди Тоҷикистон мекунанд. Ва, табиист, ки дар ягонтои он бренди Made in Tajikistan нест. Яъне, агар пахтаро дар кишвар коркард кунанду дар ҳамин ҷо аз он либоси шинаму замонавӣ дӯзанд, ин бренд ҳадди аққал дар кишварҳои минтақа метавонад машҳур шавад”.

Собир Вазиров
Собир Вазиров

Мусоҳиби мо мегӯяд, ки дар Тоҷикистон бренди “Шоҳона” чанд сол боз маъруф аст – агар пештар фақат арақи “Шоҳона” истеҳсол мешуд, ҳоло ширкат обҳои нӯшокӣ, минералӣ ва ширинро ҳам мефурӯшад. Аммо, ба гуфтаи Наҷиб, чун рақобат дар бозори минтақа хело шадид аст ва ҳар кишвар барои ҳифзи тавлидоти худ талош мекунаду ҳатто аз вуруди брендҳои дар давлати ҳамсоя маъруф ҷилавгирӣ мекунад, брнеди “Шоҳона” дар минтақа ношинохта монд.“Ман ба Узбакистон дар робита ба содироти маҳсулоти “Шоҳона” сафари корӣ доштам ва вақте дар гумруки он кишвар нархномаи расмии боҷро ба ман нишон доданд, дидам, ки назар ба нархи маҳсулот 900 фойиз бештар аст... Мо маҷбур шудем, ки аз бастани шартнома худдорӣ кунем”.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Собир Вазиров, иқтисоддони тоҷик, бисёр брендҳоро шахсиятҳои алоҳида дар олам маъруф кардаанд. “Он чизе, ки имрӯз дар Тоҷикистон намерасад, набудани ин гуна шахсиятҳост”, бо дареғ мегӯяд мусоҳиби мо. Албатта, ин ё он брендро тавассути шахсиятҳои маъруфи “бегона” - ситораҳои футболи олам ё ҳунармандони Ҳолливуд ҳам метавон ба оламиён муаррифӣ кард, аммо

ин сармояи бузургеро тақозо мекунад. Собир Вазиров аз Гулнора Каримова, духтари Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон намуна меоварад, ки шахсияти дар расонаҳои ҷаҳонӣ матраҳшуда аст ва ба ин хотир атриёташ Guli ҳам зуд ба бренди маъруф табдил шуд. Дар қуттии атри занонаи Guli, ки муаллифаш аттори маъруфи фаронсавӣ Бертран Дюшафор аст, акси Гулнора Каримова, дар қуттии атри мардона бошад, ҳунарманди маъруфи турк Холид Эргенч, акси иҷрокунандаи нақши Шоҳ Сулаймон дар сериёли маъруфи “Ҳарими султон” ҷой дода шудаанд. Ҳарчанд, ба иқрори таҳлилгарон, шӯҳрати атриёти Guli бо қаламрави Узбакистону қисман Туркиямаҳдуд шудааст.

САНГҲОИ ГАРОНБАҲО ОЁ ОЛАМГИР МЕШАВАНД?

Собир Вазиров мегӯяд, дар Тоҷикистон ду бренд “Рухом” ва “Ақиқа” солҳои ахир ҳарчӣ бештар маъруф мешаванд, зеро ороишоти худро аз сангҳои гаронбаҳои Бадахшон омода мекунанд . Аз ҷумла, "Рухом" дар маҳсулоташ беш аз сад навъи сангҳои гаронбаҳоро истифода мекунад. Аз нигоҳи ӯ, лаъли Бадахшонро метавон ба бренди маъруф табдил кард, аммо фақат дар ҳоли ҳамкорӣ бо ягон ширкати маъруфи ҷаҳонӣ, бигирем, бо ширкатҳои маъруфи соатсозӣ, ки дар маҳсулоташон аз сангҳои гаронбаҳо истифода мекунанд. Иқтисоддони тоҷик меафзояд, ки ҳоло дар дунё истеҳсоли телефонҳои тиллоӣ ё ноутбукҳои бо сангҳои гаронбаҳо орододашуда ҳам “мӯд” мешавад ва ин ҳам имкони дигар барои ҳамкорӣ бо брендҳои маъруфи олам ва ба ин васила дар ҷаҳон муаррифӣ кардани Тоҷикистон аст.

Аммо Игор Березин, раиси Гилдияи маркетологҳои Русия, мегӯяд, ки сангҳои гаронбаҳои Бадахшон барои бренди ҷаҳонӣ шудан шонси зиёде надоранд, зеро “онҳо зебову ҷаззоб ҳам бошанд, фақат ашёи хоманд – ширкатҳои ироакунандаи ашёи хом ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонанд соҳиби бренди маъруф шаванд. Ҳатто ширкати русии “АЛРОСА”, ки чаҳоряки алмоси оламро тавлид мекунад, бренди ҷаҳонӣ нест, зеро ироакунандаи ашёи хом аст, барои соҳиби бренди маъруф шудан ширкат бояд тавлидоти худро ба харидор пешниҳод кунад”.

Аз нигоҳи Игор Березин, сангҳои гаронбаҳои Тоҷикистон фақат дар ду ҳолат метавонанд бренди ҷаҳонӣ шаванд – аввалан, агар ширкати машғул ба истихроҷ ва коркарди ин сангҳо ягон мағозаи маъруфи ҷавоҳирфурӯшии оламро қисман ё пурра бихарад ва онро пайваста бо маҳсулоти худ таъмин кунанд.

Роҳи дуввум, ба гуфтаи Игор Березин, таъсиси бренди муштарак бо ягон ширкати маъруф, бигирем, аз Чехия аст, яъне, анъанаҳои қадимаи чехӣ ва сангҳои гаронбаҳои Тоҷикистон, вале барои ин бренд низ муҳимтар аз ҳама– роҳ ёфтан ба дили харидор аст. “Агар ин ширкат, бигирем, бо қароргоҳ дар Прага ва корхонаи саноатӣ дар Душанбе вориди шабакаҳои тиҷоратии Аврупо шуда, тавлидоти худро дар ҳама кишварҳои аврупоӣ, Амрикои шимолӣ, Осиёи ҷанубу шарқӣ фурӯшад, аҷаб нест, ки ба сафи элитаи ҷаҳонӣ пайвандад. Аммо барои ин сармояи бузурге ба хотири таъсиси корхона ва сармояи ба карат бештар барои муаррифӣ ва тарғиби бренд зарур аст”.

Дар ҳамин ҳол ба назар мерасад, ки соҳибкорони тоҷик ҳам зарурати маъруф кардани бренди худро дарк намудаанд ва онҳо ҳарчӣ бештар маркетолоҳо ё бозоршиносонро ба кор даъват мекунанд. Бархе аз ин ширкатҳо барои бозоршинос моҳонаи ҳадди ақққал 1500 – 2000 доллар ва таъмин бо манзили зистро пешниҳод мекунанд. Ҳарчанд, ба иқрори Иор Березин, моҳонаи маркетологҳо дар ширкатҳои маъруф даҳҳо баробар бештар аст. Ва аммо ин ибтидо кор аст, меафзояд ӯ, шояд фардо вазъият тағйир ёбад ва ширкатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон ҳам бо ҳамон тавлидоти хос ҷойгоҳи хоси худро дар бозор пайдо кунанд...

XS
SM
MD
LG