Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси маркази исломшиносӣ пешниҳод кардааст, ба ҷои либосу фарҳанги, ба гуфтаи ӯ, "бегона" истеҳсоли ҷелаку либоси карбосӣ, сарпӯш ва ҷойнамозу тасбеҳи тоҷикӣ ба роҳ монда шавад.

Файзулло Баротзода, раиси маркази исломшиносӣ дар назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз кори тарроҳон (дизайнерон)-и ватанӣ интиқод карда, пешниҳод намудааст, истеҳсоли либоси сафеди карбосӣ, ҷелаки тоҷикӣ ва сарпӯши сирф миллӣ ба роҳ монда шавад. Ӯ гуфтааст, то кунун тарроҳони тоҷик натавонистаанд, намунаи як либосеро рӯи кор оваранд, ки ҳам ба фарҳанги миллӣ созгор бошад ва ҳам ба андешаҳои исломӣ.

Ин матлаби Баротзода дар робита ба талошҳои мақомоти Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз пӯшишҳои "бегона" ё "сиёҳ" баъд аз зуҳри 6 апрел дар торнамои хабаргузории давлатии “Ховар” нашр шуда, инчунин, пешниҳод гардидааст, истеҳсоли ҷойнамозу тасбеҳ ба шеваи миллӣ роҳандозӣ шавад.

Раиси маркази исломшиносӣ мегӯяд, истеҳсоли ҷелаку сарпӯш ва ҷойнамозу тасбеҳи тоҷикӣ “воридшавии либосҳои динӣ ва сатру рӯсариҳоро комилан коҳиш хоҳад дод.”

Файзулло Баротзода

Файзулло Баротзода

Баротзода афзудааст, “дар сурати барориши миқдори зарурии ин қабил маҳсулот пешниҳод ва фурӯши онҳо ҳангоми мавсими адои ҳаҷ дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт ташкил кардан муяссар мегардад.” Дар ҳоле ки ба бовари ӯ, ҳоҷиёни тоҷик миқдори хеле ками тӯҳфаҳои худро аз Арабистони Саудӣ харида, 90 дарсади онро фарзандонашон “аз растаи фурӯши молҳои сохти чинӣ дар бозорҳои пойтахт гирифта захира менамоянд ва “ҳамчун савғот аз ҷойҳои муқаддас” ба меҳмонон тақдим мекунанд.”

Ӯ дар идома гуфтааст, “бояд ҳоҷиён дар лаҳзаҳои нодири аз эҳром берун омадан, савор шудан ва фуруд омадан аз ҳавопаймо либосҳои динии хусусияти миллидоштаро ҷиҳати тарғибу ташвиқи онҳо табаррукан ба бар кунанд, то ки баъди бозгашти онҳо истифодаи ин сарулибос дар байни занону бонувон ба ваҷҳи некӯ пайравӣ пайдо кунад.”

Аммо мухолифони тарҳи ҷилавгирӣ аз пӯшишҳои исломӣ, ки манзур аз он ҳиҷобу рӯсарист, низ кам нестанд. Онҳо мегӯянд, ҳадафи мақомоти Тоҷикистон маҳдуд кардани ҳаққи мусалмонҳост, вагарна ба қавли онҳо либосҳои аврупоӣ низ либоси миллӣ ё хоси тоҷикон нестанд ва чаро то ҳол касе монеи он нашуда?

Файзулло Баротзода, раиси маркази исломшиносии Тоҷикистон низ дар матлаби худ ҳарфе дар бораи либосҳои аврупоӣ нагуфта, фақат таъкид кардааст, ки “пироҳани занон бояд ба услуби анъанавии либосҳои занона мувофиқат кунад ва дар он таъсири вежагиҳои либоспӯшии мардона набошад. Либоси зани мусулмон бояд боиффату озод бошад, матояш шаффофи тобанда набошад. Либос инчунин набояд танг, балки то андозае кушоду бароҳат дӯхта шавад, ки пасту баландии бадани занро намоён насозад.”

Пешниҳоди роиҷ кардани либоси миллӣ ва аз миён бурдани пӯшишҳои мазҳабӣ баъд аз як сӯҳбати раисиҷумҳури Тоҷикистон бо бонувони кишвар дар рӯзи 6 марти соли ҷорӣ баён мешаванд. Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқоташ дар “Кохи Борбад”-и Душанбе гуфта буд, тоҷикон аз қадим ҳаргиз либоси сиёҳ намепӯшиданд, ҳатто дар мотаму азодории худ. Файзулло Баротзода ба ин бовар аст, ки “дар паҳнкунии сатри арабишуда ва либосҳои динии саропо сиёҳ нақши таблиғотии ҳаракатҳои гуногуни тундгаро ва бегонапараст, сомонаҳои иҷтимоии шабакаи Интернет ва маҳвора низ бисёр қавӣ аст. Боло рафтани рӯҳияи бесобиқаи диндории мардум, зудбоварию булҳавасӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии дунявии онҳо ба мураккаб шудани вазъият таъсири манфӣ гузошта истодааст.”

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон низ дар як ҷаласа аз афзоиши либосҳои “бегона” дар кишвар нигаронӣ карда, дар як гузориш аз боздошти ба камияш даҳ зани “танфурӯши ҳиҷобдор” хабар доданд. Сокинон мегӯянд, мақомот ҳоло бо пӯшишиҳои исломӣ қонеъ нашуда, ба тарошидани риши бархе аз мардон дар навоҳии кишвар шуруъ кардаанд. Бино ба иттилои бархе аз ҳамсуҳбатони мо, ба тоҷирони мард дар бозорҳои кишвар гуфта шудааст, риши худро ба танзим дароранд ва занони фурӯшанда хоста шудааст, бо униформ авлавият диҳанд, то либосҳои бегона.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG